Раиси Исфара ба Ворух рафт: дар ин минтақаи наздимарзӣ чӣ месозанд?

© Дафтари матбуоти раиси шаҳри ИсфараРаиси шащри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим
Раиси шащри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Ворух сохтмони як бинои иловагӣ ба мактаб, як мактаби нав ва азнавсозии Қасри фарҳанг идома дорад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим зимни сафари кории худ ба ҷамоати деҳоти Ворух дар ин деҳоти дурдасти наздисарҳадӣ иншоотҳои бунёдшавандаро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дод, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳр.

Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси марзӣ: вокуниши Тоҷикистон ба Қирғизистон аз сохтмони постгоҳ дар роҳи Исфара-Ворух
Бино бар иттилои манбаъ, дар Ворух сохтмони як бинои иловагӣ ба мактаб, як мактаби нав ва азнавсозии Қасри фарҳанг идома дорад.

Гуфта мешавад, корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии таълимӣ дар мактаби рақами 23 барои 240 ҷойи нишаст, бо арзиши лоиҳавии 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ асосан ба анҷом расида, айни замон муҷаҳҳазгардонии иншоот ва ободу зебо гардонидани ҳудуди он ҷараён дорад.

Афзун бар ин, сохтмонии мактаби наву замонавӣ дар маҳаллаи наздимарзии Сангтӯдаи деҳоти Ворух, ки аз 3 ошёна ва 12 синфхона иборат буда, барои таҳсили 720 нафар дар ду баст пешбинӣ гардида, арзиши лоиҳавии он 8 млн. 240 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тибқи нақша идома дорад.

Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим зимни сафари кориаш ҳамзамон бо омӯзиши вазъи омодагии муассисаи таълимӣ ба соли нави таҳсил бо ҳолати корҳои азнавсозии Қасри фарҳанги ҷамоат, ки низ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ дар ҳаҷми 12 млн. сомонӣ навсозӣ мегардад, аз наздик шинос шуд.

Раиси шаҳр ҳамчунон масъалаи вусъат бахшидани корҳои сохтмонию ободониро дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯбарӯи қасри фарҳанг бунёд хоҳад гашт, мавриди баррасӣ қарор додааст.

"Мо бояд, ки муҳимтарин муаммоҳои иҷтимоии деҳоти наздисарҳадии Ворухро ҳал намоем, мушкилоти мардумашро осон кунем ва Ворухи зебоманзарро ба яке аз деҳоти ободу зебо ва пешрафта табдил диҳем, - изҳор доштааст шаҳрдори Исфара Акрам Сулаймонзода.

Дар Муъминобод Боғи фароғатӣ бо майдони нишону парчами давлатӣ сохта мешавад

 

Лентаи хабарҳо
0