Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото

Азим Иброҳим ба Бадахшон рафт: сабаби сафари муовини cарвазир маълум шуд

1731
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим сафари навбатии кориро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз боздиди як зумра иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Дарвоз оғоз кард

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Ховар” гурӯҳи кории Ҳукумат дар ин сафар  раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳамроҳӣ мекунад.

Дар ноҳияи Дарвоз ҳайати гурӯҳи корӣ ба меҳмонхонаи панҷситора, ки дар муҳлати панҷ моҳ аз ҷониби меъморони соҳибкасби ватанӣ дар мавзеи Истироҳатгоҳи “Чорчаман” сохта шудааст ташриф оварданд.  

Гуфта шудааст, ки ҳайати гурӯҳи корӣ бо шароити  ин меҳмонхона шинос гардиданд.  Ба гуфтаи бинокорон, ин меҳмонхона дар домани кӯҳ сохта шуда, бо сабаби набудани роҳи мошингард кулли  корҳои сохтмонӣ дастӣ анҷом дода шуданд.

Дар ҷамоати деҳоти Қалъаихумб бунёди “Парки инноватсионӣ”, ки дорои корхонаҳои саноатӣ ва гармхонаҳо барои парвариши сабзавоти тару тоза аст, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Бо истифода аз технологияи пешрафтаи давлатҳои ҷаҳон соҳибкорон мақсад доранд, ки силсилакорхонаҳои муосирро дар рўзҳои таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Имрӯзҳо корҳои васлу насби таҷҳизот ва сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди иншооти ҷашнӣ бо суръат идома ёфта, ба гуфтаи бинокорон, дар муҳлати 10 рӯз ҳамаи корхонаҳо  барои фаъолият пурра омода мешаванд.

Муовини Сарвазир Азим Иброҳим ва раиси вилоят Ёдгор Файзов аз бунёди корхонаҳои саноатӣ дидан карданд.

Яке аз ин коргоҳҳо, ки “Помир Аква” ном дорад, дар як сол то 30 тонна об  барои содирот омода менамояд. Дар коргоҳи дигари Парки инноватсионии Дарвоз коркард ва тавлиди асалро ба роҳ мемонанд.

Ба  муовини Сарвазири иттилоъ доданд, ки дар ин бахши коргоҳ чор номгўй маҳсулоти худӣ дар зарфҳои махсус барои содирот бо бренди кўҳистон омода гардида, ба кишварҳои дуру наздик содирот мешаванд.

Иқтидори ин коргоҳ, ба гуфтаи масъулини соҳа, 1,5 ҳазор тонна асал дар як сол аст. Ҳоло бо 300 нафар занбӯрпарварони ноҳияи Дарвоз шартнома баста шудааст, ки маҳсулоти онҳо рӯзҳои наздик  харидорӣ шуда, баъди коркард  ба харидорон пешниҳод мешаванд.

Гурӯҳи корӣ ҳамчунин  аз коргоҳҳои истеҳсоли ниқоб, маводи антисептикӣ ва тавлиди сўзандору низ боздид кард.

Дар ин  коргоҳ истеҳсоли 12 намуди маҳсулоти антисептикиро ба роҳ меандозанд.  Дар шафати ин бино бо технологияи чинӣ ва туркӣ ду гармхонаи калон барои парвариши сабзавоти барвақтӣ бунёд мешаванд. Зикр шуд, ки барои  бунёди як гармхона 150 ҳазор доллар сарф шуда, ба гуфтаи мутахассисон баъди ба кор андохтани ин гармхонаҳо маблағи сарфшуда давоми як сол пурра бармегардад.

Яке аз дигар корхонаҳои истеҳсолӣ, ки дар остонаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад, ин корхонаи коркарди хокаи санги мармари деҳаи Вишхарвак ба шумор меравад.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим   бо ҷараёни корҳои сохтмонии ин корхона аз наздик  шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба  хокаи истеҳсолкардаи ин корхона дар баробари Тоҷикистон  Ӯзбекистон низ ниёз дорад. Дар сурати ба фаъолият оғоз кардан он эҳтиёҷоти ҳарду кишварро бароварда месозад. 

Иқтидори истеҳсолии  корхона 100 ҳазор тонна  микро калсит  дар як сол буда, барои содирот ба ҳар кишвари дилхоҳ кофӣ мебошад. Баъди мавриди истифода қарор додани корхонаи коркарди санги мармар боз 30 нафар ҷавонони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

То таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз бояд 97 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд. То ба имрўз 57 фоизи ин нақша дар амал татбиқ гардидааст.

Зимни сафари корӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим аз иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят низ боздид кард.

1731
Барчаспҳо:
сабаб, Хоруғ, сафари корӣ, Дарвоз, Азим Иброҳим, Бадахшон, Тоҷикистон
Раъно Насриддинова, духтараки панҷакентие, ки Президентро бо шеърхонияш дар ҳайрат гузошт

Духтараки панҷакентие, ки Раҳмонро бо шеърхонияш дар ҳайрат гузошт, Шоҳҷоиза гирифт

53
(Таҷдидшуда 17:06 26.09.2020)
Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 и мактаби № 28 и шаҳри Панҷакент дар озмуни вилоятии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиби мутлақ гардида, 28 ҳазор сомонӣ ба даст овард. Насриддинова ба даври ҷумҳуриявии ин озмун роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Фирдавс Ашӯрматов, котиби кумитаи тадорукоти даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, озмун дирӯз аз рӯи 5 бахш ё номинатсия дар Мактаби президентӣ воқеъ дар шаҳри Бӯстон ҷамбаст шуд.

“Раъно Насриддинова нахуст дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон иштирок карда ғолиби ҷои аввал дониста шуда, бо гирифтани 8 ҳазор сомонӣ мушарраф шуд. Баъдан бо ҷамъи ғолибони ҷои якуми бахшҳои дигар барои шоҳҷоизаи озмун сабқат намуда пирӯз гардида 20 ҳазор сомонии шоҳҷоизаро низ ба даст овард. Воқеан дониши фаррох дорад ва аз ҷамъи иштирокчиён ин бартариаш барало эҳсос мешуд”, - таъкид намуд Ашӯрматов.

Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 и мактаби № 28 и шаҳри Панҷакент аст, ки зимни сафари ахири Президент ба шаҳри Панҷакент баромад кард. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз маҳорати баланди шеъру суханварии ин духтараки панҷакентӣ ситоиш карда, ӯро тимсоли “Фарзонаи 2” номид.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на красной дорожке
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

 Шоҳҷоизаро ба Насриддинова, Фарзона, шоири халқии Тоҷикистон тақдим намудааст. Бино ба иттилоъи котиби кумитаи тадорукот дар панҷ номинатсияи озмун: аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик, аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик, аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик ва номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи довталабони шоирӣ, теъдоди зиёди хонандагони макотиби Суғд ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок варзида ғолибон бо нишон додани маҳорати худ соҳиби диплом ва аз 3 то 8 ҳазор сомонӣ шудаанд.

Аз ҷамъи иштирокдорон 82 нафар барои ба даври чаҳорум ва ё ниҳоии озмун, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад роҳ ёфтаанд.

Қарори озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” моҳи феврали соли 2019 ба истиқболи Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд.

Ин озмун дар саросари Тоҷикистон дар чаҳор давр ё марҳила, ибтидо дар маркази шаҳрак деҳот, даври дуюм дар маркази шаҳр, ё ноҳия, марҳилаи сеюм дар маркази вилоятҳо ва даври чорум ё ниҳоии он дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба ғолибони ҷойҳои ифтихории даври ниҳоии озмун аз 15 то 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи шоҳҷоиза бо 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешавад.

53
Барчаспҳо:
хонанда, сомонӣ, ғолиб, озмун, Панҷакент, Тоҷикистон
Предприятие Вахдат по производству носков в Таджикистане

Дар Суғд ду корхонаи аз фаъолият бозмонда дубора ба кори худ оғоз каданд

24
(Таҷдидшуда 15:39 26.09.2020)
Дар вилояти Суғд ду корхонаи аз фаъолият бозмонда ба кори худ дубора оғоз намуданд. Мақомот мегуяд зиёда аз 24 корхона ду сол инҷониб фаъолият надоранд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik.  Ду корхонаи аз фаъолият бозмонда дар шаҳри Хуҷанд - “Суғдтекстайлз” дар заминаи корхонаи ресандагии “Тоҷик – Кообл -текстайлз” ва “Суғдиён - С” дар заминаи корхонаи дӯзандагии “Сано” дубора ба кори худ оғоз карданд.

Ба нақл аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба Иқдоми  ҶСП “Сомонсуғд”, дар оғози тобистон аз тарафи  “Сомонсуғд” аввал корхонаи дӯзандагии “Суғдиён – С” фаъол шуда, ба истеҳсоли  маҳсулоти пахтагии ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ оғоз кард.

Гуфта шудааст, ки аз моҳи августи соли равон, корхонаи “Суғдтекстайлз” дар заминаи корхонаи як вақтҳо машҳури “Тоҷик – Кообл - текстайлз” дар марҳилаи аввал бо ҷалби қариб 100 коргар ба фаъолият шурӯъ намуд.

Тавре Илҳомҷон Орифов, директори ҶДММ “Суғдтекстайлз” таъкид доштааст, мутаассифона, буҳрони шадиди иқтисодии солҳои 2008 - 2009 ба фаъолияти корхона таъсири манфӣ расонду онро муфлис кард.

Гуфта мешавад, ки ҳоло корхона эҳё ва акнун таҳти номи “Суғдтекстайлз” ба фаъолият оғоз бахшиду  коркарди 300 тонна нахи пахтаро дар як моҳ анҷом медиҳад.

Корхона аллакай барои ҳамкорӣ бо ширкати азими давлатии Чин шартномаи додугирифт ба имзо расондааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомоти вилояти Суғд то  1 июли соли равон дар вилояти Суғд 24 корхона зиёда аз ду сол инҷониб фаъолият надоранд.

 

24
Барчаспҳо:
фаъолият, аз фаъолият бозмондани нашриёт, корхона, Суғд, Тоҷикистон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Раисҷумҳур: ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро бояд халқ интихоб кунад

0
(Таҷдидшуда 16:33 26.09.2020)
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро халқ интихоб кунад

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бори дигар хостори он шуд, ки ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро халқ интихоб кунад, иттилоъ додааст сомонаи расмии рӯзномаи “Фараж”.

“Ҳокимонро бояд халқ интихоб кунад. Мо ҳатман ин корро мекунем”, — таъкид дошт раисҷумҳури Ӯзбекистон.

Манбаъ қайд кард, ки Шавкат Мирзиёев ҳануз моҳи декабри соли 2016 пешниҳод карда буд, ки ҳокимон дар кишвар бояд интихобӣ шаванд.

“Агар ҳар минтақа роҳбари худро интихоб кунад, афзоиши якбораи масъулияти роҳбарон дар назди мардум ва ҷомеаро чашмдор шудан мумкин аст”, — гуфт президенти Ӯзбекистон.

Бояд қайд кард, ки айни замон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошкандро президент таъйин ва озод мекунад.

Номзадҳои ҳоким барои тасдиқ аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳри Тошканд пас аз машварат бо ҳар кадоме аз гурӯҳҳои ҳизбии маҷлиси дахлдор пешниҳод карда мешаванд.

 Дар айни замон, ҳокими ноҳия ва шаҳрҳоро ҳокимони вилоятҳо, ҳокими шаҳри Тошканд таъйин ва озод мекунанд ва аз ҷониби кенгаши (маҷлис) дахлдор тасдиқ карда мешаванд.

0
Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, шаҳр, интихоб, вилоят, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон