Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Имрӯз арзиши рубл дар Тоҷикистон чанд сомонист? - муқаррароти Бонки миллӣ

160
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ, аз ҷумла рубли русӣ барои имрӯз, 5 август муқаррар ва эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1395 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1430 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3114 то 10.3200 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро имрӯз 12.1231 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ёдовар мешавем арзиши евро дар бозори асъори кишвар ба таври бесобиқа боло меравад ва имрӯз дар бонкҳои кишвар арзиши арзиши 1 евро аз 12,2000 то 12.6000 муаян карда шудааст.

Дар овезаҳои бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

 

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

160
Итоговая пресс-конференция Миссии наблюдателей от СНГ после выборов

Номзадҳо дар шаҳри Душанбе ба зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни чӣ ваъда доданд?

3
(Таҷдидшуда 02:46 20.09.2020)
Ахиран вохӯрии навбатии номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар вохӯрӣ зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни пойтахт иштирок намуда, бо муҳтавои барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо шинос шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории давлатии АМИТ “Ховар”.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода таъкид намуд, ки боз ҳам баланд бардоштани мавқеи бахши аграрӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва озод кардани соҳаи кишоварзӣ аз андоз, баланд бардоштани нафақаи кишоварзон то сатҳи нафақаи миёнаи ҷумҳуриявӣ дар меҳвари барномаи пешазинтихоботиаш қарор дорад.

Абдуҳалим Ғаффорзода номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб рушди соҳаи саноат бо роҳи баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти саноатии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир аз  тадбирҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар Барномаи пешазитихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Итттифоқои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонон ва ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби шахси боэътимод Аброр Мирсаидов  муаррифӣ карда шуд, таҳким бахшидан ба сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии мамлакат ва баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.

Номзад ба  мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода дурнамо ва самтҳои таҳкими вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишавар, дастгирии ҷавонон ва дастрасии онҳо ба манзилро, ки дар барномаи пешазинтихоботиаш дарҷ ёфтааст, ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд.

Аз ҷумла таъкид гардидааст, ки  таъсиси бозори ширкатҳои идоракунанда бо мақсади ғайриинҳисоркунонии хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ, созмондиҳии ширкатҳои идоракунандаи нав ҳамчун корхонаҳои маҳаллӣ дар шакли ҷамъиятҳои саҳҳомии пӯшида бо иштироки аҳолии минтақа ҳамчун саҳҳом зарур аст.

Номзад Мироҷ Абдуллоев, аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар барномаи пешазинтихоботии худ диққати асосиро ба ҳамоҳангсозии сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои кишвар, беҳтар кардани инфрасохтори шаҳру деҳот, дастгирии давлатӣ ва боз ҳам боло бурдани мақому манзалати занон равона намудааст. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҷониби шахси боэътимод Заррагул Мирасанова муаррифӣ карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки интихоботи Президентӣ дар Тоҷикистон санаи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Номзадҳо аз ҳозирин хоҳиш карданд, ки фаъолона дар ин маракаи муҳимми сиёсӣ иштирок намоянд.

3
Барчаспҳо:
ваъда, мансаб, Душанбе, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон
Выборы в парламент Таджикистана - Москва 2020 год

Даҳ ҳазор довталаб барои баргузории интихоботи президентӣ Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард

19
(Таҷдидшуда 02:29 20.09.2020)
Кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълом кард барои баргузории интихоботи президентӣ 11 октябр 10 ҳазор ҷавони довталаб ба кӯмаки комиссияи марказии интихобот хоҳанд омад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дилноза Аҳмадзода муовини раиси кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо эъломи ин хабар дар нишасти комиссияи марказии интихоботи ин кишвар  афзуд, ки ин 10 ҳазор нафар дар ҳама қитъаҳои интихоботӣ ҳузур хоҳанд дошт, то ба маъмурони интихоботӣ кӯмак кунанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон. 

Вай гуфт, 250 нафар аз ин довталабон ба забонҳои руси ва англисӣ мусаллат ҳастанд ва ба нозирони байналмилалии интихоботи президентӣ Тоҷикистон  кӯмак хоҳанд кард.

Ин довталабон акнун машғули таҳияи феҳристи райдиҳандагон , сабти номи онон ва омодасозии маконҳо барои дидорҳои интихоботӣ бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ мебошанд.

Бар асоси тасмими комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  номзади Ҳизби халқии Демократӣ, Рустам  Латифзода  номзади Ҳизби Кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист, Рустами Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр  рақобат хоҳанд кард.

19
Барчаспҳо:
Кумитаи ҷавонону варзиш, кӯмак, ҷавонон, президентӣ, интихобот, Тоҷикистон