Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Тоҷикистон бо як кишвари хориҷ парвозҳои байналмилалиро барқарор кард

568
(Таҷдидшуда 16:07 05.08.2020)
Парвозҳо бо АМА қисман барқарор шуда буданд, аммо танҳо ширкати арабӣ онҳоро анҷом медод. "Сомон Эйр" низ аввалин парвозашро ба масири "Душанбе-Дубай-Душанбе" оғоз кард

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Парвозҳои муназам дар масири Душанбе - Дубай - Душанбе аз сар гирифта шуд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.

Гуфта мешавад, қарор аст ҳавопаймое аз ширкати َФлой Дубайи Аморот имрӯз аз Дубай ба Душанбе парвоз кунад ва фардо 6 август ҳам ширкати Сомон Эйри Тоҷикистон аввалин парвози худро ба Аморот анҷом хоҳад дод.

Ҷамила Ҳусайнова- сухангӯи фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе гуфтааст, ҳавопаймоии Аморот парвозро ба Душанбе аз 21 июл оғоз кард ва парвози имрӯз севумини онҳо хоҳад буд. Қабл аз шуйюи вируси корона ин ширкат ҳадди аксар се парвоз дар ҳафтаро анҷом медод.

Вай хотирнишон кард, ки Сомон Эир низ ба Дубай парвоз хоҳад дошт. 

"Ҳануз иттилооти мувассақе дар бораи азсаргирии иртибототи ҳавоӣ бо дигар кишварҳо нест", - гуфтааст вай дар посух ба суоли он ки кай парвозщои байналмилаль барцарор мешаванд.

ВКХ Русия мӯҳлати барқарор шудани тамоми парвозҳоро гуфт

Дар ҳамин ҳол ширкати Сомон Эйр таъкид кардааст, ки пазириши мусофир барои парвоз дар ҳавопаймоҳои ин ширкат таҳти тадбирҳои шадиди беҳдоштӣ сурат хоҳад гирифт.

568
День 28 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

13
(Таҷдидшуда 19:44 27.09.2020)
Рӯзи бисту ҳаштуми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии баҳр мебошад. Ҳамчунин Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ низ 28 сентябр ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 28 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1950 Индонезия ба ҳайати СММ шомил шуд.

Соли 1960 дар Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ фармондеҳии ягонаи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ таъсис дода шуд.

Соли 1992 аввалин маротиба маъракаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русияоғоз гардид.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба тақсимот ва муайянкунии сарҳади давлатӣ ба кори худ оғоз кард, ки то 5 октябр давом ёфт.

День 26 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон форуми тиҷоратӣ баргузор гардид.

Соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ"-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эмомалӣ Раҳмон  дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи "Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим" суханронӣ карда буданд.

Соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ифтихори 25 – солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ байни ду давлат барномаи фарҳангии «Шоми дӯстии Тоҷикистону Корея» баргузор гардид.

Соли 2017 Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии баҳр.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ.
  • Дар Русия – Рӯзи кормандони саноати атомӣ.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1898-1940) Ходими давлатӣ Сурен Шадунс.

Соли 1951 Риёзидон  Сайфулло Бобоев.

Соли 1954 доктори илмҳои таърих, профессор Музаффар Олимов.

Соли 1957 Ходими намоёни давлатӣ Муҳаммад Шарифов.

13
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Мужчина в защитной маске

Омори коронавирус дар Тоҷикистон: 45 нафар шифо ёфтанду 41 тани дигар бемор шуданд

395
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори як рӯзи ахир аз фавту шифоёбӣ ва мубталошавии сокинон ба коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 41 ҳолати ҷадиди сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 93 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Вазорат теъдоди умумии гирифторони маризии коронавирусро ба 9 646 нафар арзёбӣ кард.

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Ҳамзамон, то санаи  27 сентябр дар мамлакат  8430 ё 87, 4 дарсади беморон аз COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 75 нафар фавтидаанд.

Зимнан, Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

395
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон