Горная дорога в Таджикистане

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: ду мусофири "Тайота - Карола" ҷон бохтанд

424
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ хабар медиҳад, ки ба ҳалокати ду мусофири автомашинаи "Тайота - Карола" анҷомид

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Садамаи маргбор дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ"  дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат рух дод, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Ба иттилои манбаъ, садамаи мазкур рӯзи 5-уми август, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа ба вуқӯъ пайваст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Нуриддинов Шуҳрати 32 - сола, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ", дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Тайота-Карола", таҳти идораи Муродов Иброҳими 37 - сола сокини ноҳияи Фархор, бархӯрдааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи "Тайота - Карола" Қамишев Нуриддини  54 - сола ва Эмомқулов Алиҷони 28 - сола аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" ва мусофираш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

424
Барчаспҳо:
ҳалок, мусофир, мошин, садама, роҳ
Призывники в армию Таджикистана в Бадахшане

Бадахшон аввалин шуда нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро кард

2
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз нахустин манотиқи кишвар аст, ки аввал шуда нақшаи даъват ба артишро иҷро кард.

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии вилоят, дар нахустин рӯзи даъват нақшаро пурра ба анҷом расонидаанд.

Ба иттилои манбаъ, нақшаи сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон дар рузи якум 103 % иҷро намуд.

Ёдовар мешавем, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар даъватҳои қаблӣ низ пеш аз дигар минтақаҳо нақшаро нахустин шуда иҷро мекард.

Фармон дар бораи даъвати наваскаронро раисиҷумҳури кишвар 3 сентябр имзо карда буд.

Бар асоси он дар даъвати тирамоҳа шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

2
Новая эстакада в Душанбе

"Форсаж"- и тоҷикӣ: боздошт ва ҷаримаи ронандаи қоидашикан - навор

21
Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе ҷавонеро боздошт намуданд, ки дар шоҳроҳи пойтахт худравашро ба мисли қаҳрамони филми "Форсаж" ҳай мекард

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Навори бо суръати баланд ва муқобили самт ҳаракат кардани як ронанда дар роҳи автомобилгарди шаҳри Душанбе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва баҳси гармеро ҳам ба миён овард.

Корбарон тарзи мошин рондани ин ронандаро, ба филми "Форсаж" шабоҳат дода, аз кормандони пулис даъват намуданд, ки нисбати чунин ҳолатҳо тадбирҳои лозима андешида шаванд.

Зимнан, Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки аз рӯйи навори мазкур, ронандаи қонуншиканро боздошт намуданд.

Кормандони РВУД дар пойтахт муайян намуданд, ки номбурда Пиров Аҳлиддини 25- сола, сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мебошад.

Майдаавбошии Одинаевҳо: барои дашному латукӯби ҳамсоя ҳабсу ҷарима шуданд - навор

Манбаъ меафзояд, бо назардошти ҳолати мазкур нисбати номбурда бо моддаи 325 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.

Ҳамзамон ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ надодан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

21
Барчаспҳо:
ронанда, боздошт, Душанбе