Молоток судьи в суде, архивное фото

Се соли зиндон: суди Хуҷанд ҳукми корманди қалбакии идораи зидди фасодро эълон кард

457
(Таҷдидшуда 17:22 06.08.2020)
Суди шаҳри Хуҷанд нисбати Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдарович, ки худро корманди Идораи мубориза бо коррупсия хонда аз мақомдорони давлатӣ бо ҳар баҳона пул меситонд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Суди шаҳри Хуҷанд дар рафти мурофияи додгоҳӣ се ҳолати қаллобии Нуриддиновро ошкор намуда, нисбати ӯ бар асоси Қонуни ҷинояии Тоҷикистон ҷазо таъин намудааст.

Ба иттилои Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, дар ҷараёни маҷлиси судӣ таъкид шудааст, ки Нуриддинов Анвархӯҷа дар се ҳолат тариқи суҳбати телефонӣ худро корманди Идораи мубориза бо коррупсия муаррифӣ карда, аз як раиси ҷамоат ва ду хизматчии давлатии дигар барои гуё ифшо накардани камбудиҳои кориашон ҷамъ 9,2 ҳазор сомонӣ ситонидааст.

"Ҳаракатҳои мардумфиребона тавассути суҳбати телефонӣ сурат гирифта, баъди ба мувофиқа расидан Нуриддинов ба ҳайси шогирд ва иҷрокунандаи супориши роҳбар ба назди ҷабрдидаҳо омада, маблағи маслиҳатшударо ба даст меорад. Ҳол он, ки нафари сеюм вуҷуд надошт ва нафари дар телефон суҳбаткарда низ, худи ӯ мебошад", - иттилоъ медиҳад Шарифӣ.

Боздошти кормади ҳукумати Кӯлоб аз суи Ожонси зидди фасод бо ҷурми заминфурӯшӣ

Судшаванда Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдарович, сокини 26 солаи шаҳри Хуҷанд буда, ягон ихтисоси касбӣ надорад ва дар ҳеҷ куҷо расман кор намекунад. Ӯ моҳи марти соли 2019 дар асоси моддаҳои 11 ва 237 и Кодекси ҷиноӣ суд шуда нисбаташ бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ҷазо дар намуди ҷарима тадбиқ шудааст.

Қаблан дар нишасти матбуотӣ Шараф Аваззода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, гуфт дар ҳоле аз амалҳои ғайриқонунии ин сокини шаҳри Хуҷанд огоҳ шудаанд, ки ӯ худро корманди ниҳоди онҳо хонда ба ситонидани маблағи шаҳрвандон машғул шудааст.

Тафтиши саросарии "Агроинвестбонк": Ожонси зидди фасод пулҳои “гумшуда”-ро меҷӯяд

Суди шаҳри Хуҷанд ҳолатҳои айбдории Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдаровичро бар асоси моддаи 247 қисми 2 бандҳои "а" ва "в" - и  асноди ҷиноӣ баррасӣ намуда, нисбати номбурда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол бо адо кардани ҷазо дар Калонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ бо ҳуқуқи маҳрум сохтан аз ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин кардааст.

457
Барчаспҳо:
Ожонси зидди фасод, қалбакӣ, корманд, ҳукм, Хуҷанд, суд
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

74
Шабонарӯзи гузашта аз маризии сироятии коронавирус дар Тоҷикистон боз як нафари дигар ҷон супорид. Вазорат низ хабари фавти маризи коронавирусро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори як рӯзи ахири гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр намуд.

Бар хабари котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта аз ин маризӣ боз як нафар ҷон бохта, ҳамзамон 43 мавриди нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати аз 30 апрел то 26 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9 605 нафар расид.

Зимнан, аз ин беморӣ то кунун 8385  ё худ 87,3 дарсади гирифторон шифо ёфта, 75 нафар фавтиданд.

"Шабонарӯзи охир 97  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Феълан Ҳукумати  Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

74
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Дождь в Душанбе, архивное фото

Ҳушдори ҳавосанҷон аз якбора сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон: шамолу тӯфон ва борони сахт

467
(Таҷдидшуда 17:49 26.09.2020)
Сар аз 28 то 30 - юми сентябр ҳаво дар Тоҷикистон ноустувор мешавад. Дар қисмати ҷанубии кишвар тӯфони пурчанг мешавад ва ҳамзамон шамоли сахт ва боронгарии зиёд хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз бад шудани ҳавои Тоҷикистон дар ҳафтаи оянда ҳушдор медиҳад.

Кумитаи мазкур бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносони кишвар хабар медиҳад, ки аз 28 то 30-уми сентябри соли равон коҳиши ногаҳонии дамои ҳаво пешбинӣ мешавад.

Дар минтақҳои ҷудогона боронҳои кутоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ боришоти пуршиддат дар назар дошта шудааст. Дамои ҳаво рӯзона 6-8 дараҷа коҳиш меёбад, шамоли сахт (то 12-17 м/с) мевазад, дар қисмати ҷанубии кишвар тӯфони пурчанг пешбинӣ мешавад.

Обу ҳаво: эҳтимоли омадани сел дар Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷ

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо дар роҳандозии корҳои саҳро эҳтиёткор бошанд.

КҲФ ба ронандаҳо ва алоқамандони кӯҳгардӣ, сайёҳони кӯҳгард ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, ҳамчунин риояи масофа як шарти аслии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳист, ки хавфу хатарҳоро кам мекунад.

467
Барчаспҳо:
тӯфон, шамоли сахт, борон, Тоҷикистон