Дар Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон ва волидонашон телефони боварӣ ташкил шуд

© PixabayДевочка у окна, архивное фото
Девочка у окна, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадаф аз он расонидани ёрии равонӣ ба кӯдакону наврасоне мебошад, ки зери фишори зӯроварии гендерӣ ва шаҳвонӣ қарор гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон ва волидонашон телефони боварӣ ба кор шурӯъ кард, гузориш медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, тариқи ин телефони боварӣ мутахассисон ба ниёзмандон кӯмаки равонӣ мерасонанд.

"Барои расонидани кумаки равонӣ, ки пурра ройгон аст, 16 нафар равоншиносони ботаҷриба аз тамоми  манотиқи  ҷумҳурӣ   ҷалб карда шудаанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ дар истинод ба роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии "Маркази кумаки равонӣ" Нафиса Юнусова.
Мужчина в маске смотрит на телефон - Sputnik Тоҷикистон
Телефони боварӣ ба гирифторони коронавирус чӣ кӯмак карда метавонад?

Гуфта мешавад, ин марказ дар якҷоягӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Мутаҳид (ЮНИСЕФ) ду моҳ пеш ба татбиқи лоиҳа оғоз бахшид.

"Ҳадаф аз лоиҳа расонидани ёрии равонӣ ба кӯдакону наврасоне мебошад, ки зери фишори зӯроварии гендерӣ ва шаҳвонӣ қарор  гирифтаанд. Азбаски масъалаи мазкур нозук аст, алоқа ба таври махфуз сурат мегирад", - афзудааст Юнусова.

Таъсис додани чунин хати алоқа имконият медиҳад, ки наврасон ё волидайни онҳо  дар куҷое набошанд, аз  кӯмаки  равонӣ бархурдор шаванд. Дар сурати зарурат мутахассисони мо метавонанд бо розигии шахси муроҷиаткунанда ё падару модараш бо ӯ рӯ ба рӯ суҳбат намуда, машваратҳои равонӣ диҳанд ва мизоҷи худро аз ҳолати ҳаяҷон берун оранд.

Вазорати меҳнат баҳри дастгирӣ аз муҳоҷирони тоҷик телефони боварӣ роҳандозӣ кард

"Инчунин  мо имконият дорем, ки дар вақти муайян шудани ҳодисаҳои гендерӣ ва ё шаҳвонӣ  ба муроҷиаткунандагони худ бо ҷалби мутахассисон кумакҳои  ҳуқуқӣ ва тиббӣ низ расонем", —  мегӯяд Нафиса Юнусова.

Лентаи хабарҳо
0