Пациенту ставят капельницу, архивное фото

4 мавриди мусбат ва даҳҳо гирифтор: "вируси корона" дар яке аз деҳоти ноҳияи Деваштич

2517
(Таҷдидшуда 17:44 08.08.2020)
Манобеъи маҳаллӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи шуюъи "вируси корона" дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич чор мавриди мусбат сабт ва даҳҳо нафар гирифтор шудаанд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Ба қавли сокинони деҳа, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 нафар дар пайи боло рафтани ҳарорати бадан ба шифохонаи марказии ноҳияи Деваштич, воқеъ дар шаҳраки Ғончӣ интиқол ёфтаанд.

"Аксари онҳое, ки нишонаҳои гирифторӣ ба "вируси корона" – ро доранд, аммо тасфашон он қадар баланд нест, дар хонаҳояшон таҳти назорати духтурон қарор гирифтаанд", - гуфтанд ҳамсуҳбатони мо.

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар шифохонаи марказии ноҳияи Ғончӣ инро, ки чандин нафар аз деҳаи Басманда бо гумони гирифторӣ ба “вируси корона” бистарӣ шудаанд, таъйид карданд.

Яке аз пизишкони ин шифохона гуфт, 17 нафар ба ин гумон бистарӣ шуда, ташхиси чор нафари онҳо мусбат арзёбӣ шудааст.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

"Аммо вазъи ҳеҷ яке аз онҳо нигаронкунда нест. Ҳарорати бадани аксари онҳо аз 39 дараҷа пойин аст. Рӯзи душанбе 5 тани онҳоро рухсат хоҳем кард", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳудуди 60 пизишку мутахассиси шифохонаи марказии ноҳия, ҳамчунин шифохонаи минтақаии Калининобод ва худи духтурони деҳа барои назорати вазъ эъзом шудаанд.

Яке аз ин пизишкон мегӯяд, онҳо хона ба хона гашта, мардумро ташхис мекунанд ва он хонаводаҳоеро, ки мариз доранд, таҳти табобат қарор додаанд.

"Ҳамарӯза аз ноҳияву вилоят низ раҳбарони идораҳои тандурустӣ ва мутахассисон ба деҳа омада, бо вазъ ошно мешаванд. Як ҳайат аз вазорати тандурустии кишвар ҳам дар роҳ аст. Хурсандиовар ин аст, ки вазъи ҳеҷ яке аз гирифторон вазнин нест. Ҳолати ҳамагӣ миёна аст ва умдатан илтиҳоби шуш дар шакли сабукро таҷриба мекунанд. Ҳолати нафастангӣ аслан вуҷуд надорад ва зарурат ба асбобҳои нафасдиҳии сунъӣ ҳам дар ҳоли ҳозир нест", - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Ба қавли сокинони Басманда, маҳаллаҳое, ки маризони зиндагӣ мекунанд, аз сӯи ниҳодҳои зирабти давлатӣ уфунатзудоӣ ё дезинфексия мешаванд ва ҳаракати сокинон дар деҳа таҳти назорат гирифта шудааст.

акс аз сафҳаи фейсбукии ""Басманда
Деҳаи Басманди ноҳияи Деваштич

Бо ин вуҷуд, онҳо аз ташдиди вазъи сиҳӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, чун ҳанӯз шурӯъи кор аст. Басманда бузургтарин деҳаи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) буда, дар 30 – километрии Ғончӣ, маркази ноҳия ҷойгир аст ва беш аз 12 ҳазор сокин дорад.

2517
Барчаспҳо:
маризӣ, Деваштич
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (738)
Паспотр РФ, архивное фото

Хонавайронӣ ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русия

377
Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 71 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин теъдод нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат кам аст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Соҷида Нуридинзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид кардааст, ки  гарчанде ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо имсол камтар ба қайд гирифта шудааст, ин вазъ нигаронкуннад аст.

Вай афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аризаҳое, ки барои ҷудо кардани оилаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ба бахши САҲШ-и ноҳия ворид шуданд хело зиёд аст.

Соҷида Нуридинзода қайд кардааст, ки аз теъдоди ҷудошавии оилаҳо танҳо 7 ҳолаташ бо аризаи тарафҳо  ва 64 ҳолати дигар бо ҳалномаи суд бекор шудаанд.

Ин шахси масъул, омили ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳияи Хуросон гирифтани шаҳрвандии Русия арзёбӣ кард.

“Ҳангоми суҳбату вохуриҳо бо оилаҳое, ки ақди никоҳи худро бекор карданд маълум гашт, онҳо зиндагии муштарак доранд, аммо ба хотири шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст овардан, ақди никоҳашонро бекор кардаанду маълумотномиа муҷаррад буданро мегиранд”, - таъкид дошт Соҷида Нуридинзод.

Ҳамчунин вай сабиб бекор шудани 7 оилаи дигарро, ки бо розигии тарафҳо ҷудо шудаанд, бефарзандӣ арзёбӣ кард.

377
Барчаспҳо:
бекор кардан, никоҳ, оила, ҷудошавӣ, шаҳрвандии Русия, Русия, Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ: боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии COVID-19 сабт шуд

179
(Таҷдидшуда 20:23 24.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 101 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9520  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  24 сентябр дар кишвар  8296  (87,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 74  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

179
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, вирус, маризӣ, гирифторон, омор, вируси корона, Тоҷикистон

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия