Тахриб шудани 3000 метри квадратӣ замин дар пайи сӯхтор дар Варзоб

© PixabayПожарные тушат огонь, архивное фото
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соати 14:29 дақиқа сӯхтор пурра хомӯш карда шуд. Таҳлили аввал нишон дод, ки тахминан 3000 м2 замин ба коми оташ рафтааст.

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. 3000 метри квадратӣ замин дар пайи сӯхтор дар Варзоб тахриб шуд, гузориш медиҳад КҲФ Тоҷикистон.

Последствие пожара в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи раис ва барқчии бозори марказии Шаҳритус баъди сӯхтор

Бино бар итилои манбаъ, соати 13:33 дақиқаи рўзи 06 августи соли 2020 дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ деҳаи Шодоб 2 дар тарафи рости соҳили дарёи Варзоб теппаҳои чарогоҳи маҳаллӣ сўхтор ба амал омад.

Дар бартараф намудани сўхтор ҳайати шахсии бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, 1 гурўх дастаи таиноти махсуси кофтукови наҷоти Кумита иборат аз 9 нафар, наҷотдиҳандагони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД иборат аз 10  ва 150 нафар сарбозону афсарон аз қисми ҳарбии 3502 қушунҳои дохилии  ВКД ҶТ сафарбар шуданд.

Соати 14:29 дақиқа сӯхтор пурра хомӯш карда шуд. Таҳлили аввал нишон дод, ки тахминан 3000 м2 замин ба коми оташ рафтааст.

Сӯхтор талафоти ҷонӣ надошт.

 

Лентаи хабарҳо
0