Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон даргузашт

© © Sputnik / Амир ИсаевНародный поэт Таджикистана Гулназар Келди
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоири маҳбуби тоҷик дар синни 75-солагӣ дар бемористон ҷон додааст. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш ӯ дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед"

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Шоири мардумии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ, шоири шаҳир Гулназар Келдӣ имрӯз, 13 август дар бемористон даргузашт, хабар медиҳад манбаи Sputnik Тоҷикистон.

Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди - Sputnik Тоҷикистон
“Худатонро эҳтиёт кунед!” Насиҳати Гулназар Келдӣ аз шифохонаи “Истиқлол”

Хабари даргузашти шоирро дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон низ тасдиқ мекунанд.

Гулназар Келдӣ , ки чанд рӯз пеш бар асари беморӣ ба бемористон интиқол дода шуда буд, дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Он сӯҳбати шоир ба 11 август,  баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтанаш анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ташвиш накашанд.

"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.

Наздикони Гулназар Келдӣ: вазъаш рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст

Аммо мутаассифона аллакай 12 август аз бемористон хабар расид, ки Гулназар Келдиро табибон зери дастгоҳи нафасдиҳӣ гузарониданд.

Қаблан шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба беморхона интиқол ёфта буд.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

Лентаи хабарҳо
0