Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Таассуфи Раҳмон аз даргузашти Гулназар Келдӣ ва изҳори ҳамдардии ӯ ба хонаводаи марҳум

1664
(Таҷдидшуда 19:04 13.08.2020)
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти шоири маъруфи кишвар Гулназар Келдӣ ба хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ намуд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон аз даргузашти шоири шаҳири тоҷик Гулназар Келдӣ изҳори таассуф намудааст.

Котиботи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. ки Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони марҳум ҳамдардии амиқ баён мекунад.

"Сад дод аз ту, коронавирус": охирон шеъри, ки Гулназар Келдӣ эҷод кард

Ёдовар мешавем, шоири маҳбуби тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

1664
Партия наркотиков

Интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон 10% коҳиш ёфтааст

38
(Таҷдидшуда 13:01 27.09.2020)
Қисми зиёди маводи мухаддире, ки мехоҳанд ба қаламрави Тоҷикистон интиқол диҳанд, дар марз ё минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон мусодира карда мешаванд, қайд кард Агентии назорати маводи мухаддир.

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар ду соли охир ҳаҷми интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар масири шимол коҳиш ёфт, хабар медиҳад Агентии назорати маводи мухаддири ҷумҳурӣ.

Тибқи маълумоти расмӣ, аз соли 2017 то 2019 ҳаҷми интиқол аз 15 то 10% коҳиш ёфтааст.

"Интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо роҳи ба истилоҳ Масири Шимолӣ аз соли 2017 инҷониб аз 15 то 10% коҳиш ёфтааст.  Ин ба шарофати афзоиши назарраси назорат, аз сарҳад ва то ба тамоми минтақаҳои кишвар, имконпазир гардид ", - гуфта мешавад, дар гузориши оҷонсӣ "Дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020".

Гуфта мешавад, ки аксари маводи мухаддире, ки онҳо мехостанд ба қаламрави Тоҷикистон интиқол диҳанд, дар марз ё минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира карда мешаванд.

Ҳамин тавр, соли 2019 дар ҷумҳурӣ беш аз 1,6 ҳазор килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки 48% аз он дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира шудааст.

Мақомот дигар мухаддирот намехаранд: Салимзода гуфт, чаро гардиши нашъа 2 тон кам шуд

Ин ниҳод қаблан гуфт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон давоми солҳои 2017-2020 35 гурӯҳи муташаккили ҷиноии трансмиллиро ошкор ва нест карда, инчунин 84 роҳбар ва аъзои фаъолро боздошт карданд.

38
Барчаспҳо:
Агентии назорати маводи нашъаовар, Афғонистон, Тоҷикистон
Министр культуры Узбекистана Озодбек Назарбеков

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ба Тоҷикистон омад

195
Моҳи  равон якчанд мулоқотҳои ҳамаҷонибаи намояндагони расмии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон идома хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Намояндагони Ӯзбекистон бо роҳбарии Вазири фарҳанги ин кишвар Озодбек Назарбеков ба вилояти Суғд омаданд, менависад нашри минтақавии “SugdNews”.

Ба иттилои манбаъ, дар марз меҳмонони фахриро муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назаров ва муовини раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ пешвоз гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҳадафи сафари гурӯҳи корӣ- рушди муносибатҳои фарҳангии дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон, табодули таҷриба ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мебошад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳайат ҳадди аққал ду рӯз дар Тоҷикистон хоҳад буд.

  26 сентябр намояндагони Узбекистон ба Хуҷанд ташриф оварданд ва як қатор чорабиниҳо санаи 27 сентябр дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон кай боз мешавад?

Ба ҳайати гурӯҳи меҳмонони ӯзбек сарвари Академияи рассомии Ӯзбекистон Акмал Нур, ректори Консерваторияи давлатӣ Камолиддин Уринбоев, директори Театри драма ва мазҳакаи ба номи Муқимӣ Мирзо Азизов ва дигар намояндагону зиёиён ва эҷодкорон шомиланд.

195
Барчаспҳо:
Озодбек Назарбеков, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Мигранты в аэропорту

161 ҳолат дар як рӯз: бад шудани вазъи коронавирус дар Қирғизистон

0
(Таҷдидшуда 14:31 27.09.2020)
Дар Қирғизистон пас аз як моҳи ба эътидол омадани вазъи коронавирус, боз мавориди олуда шудани сокинон ба ин маризӣ афзоиш ёфта истодааст

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Танҳо дар як шабонарӯзи ахир дар ин кишвар дасти кам 161 нафар тоза дардманди коронавирус шуданд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди мубориза бо коронавирус хабар дод, ки аз ҳама беш шумораи гирифторон дар вилояти Ботканд ба қайд гирифта шудааст.

Шабонарӯзи ахир дар ин вилоят 45 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид. Ҳамчунин дар шаҳри Бишкек 29 ҳолат, Ҷалолобод 23 ва Ош 33 мавриди тоза мубтало шудани сокинон ба қайд гирифта шуд.

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Дар минтақаҳои дигари ин ҷумҳурӣ, сатҳи сироятёбии сокинон нисбатан камтар сурат гирифтааст.

Ба ҳамин минвол, дар Қирғизистон шумораи умумии гирифторони коронавирус 46 251 нафар буда, ҳамчунин 1063 нафар аз замони авҷ гирифани ин маризӣ то ҳол ҷон аз даст доданд.

0
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Қирғизистон