Здание парламента Республики Таджикистан

Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ: мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагон бо сафири Ҳинд

62
(Таҷдидшуда 14:43 15.08.2020)
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафири Ҳинд дар Душанбе дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik.  Ба нақл дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, Муҳаммадтоҳир Зокирзода, бо Вироҷ Синг сафири Ҳиндустон дар Душнбе дидору гуфтугӯ кард.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, дар мулоқот ду тараф дурнмои ҳамкориҳои байни парлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баҳс ва баррасӣ шуд. 

Вай афзуд, дар ин мулоқот таъкид шуд, ки Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба тавсеа ва густариши муносибот бо Ҳинд таваҷҷӯҳи  вижа кунад. 

Бояд қайд кард, ки мақомоти Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз соли 1991 то кунун 70 тавофуқнома барои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф бо якдигар имзо карданд.

Ҳудуди 80 ширкати ҳиндӣ дар Тоҷикстон фаъолият мекунанд.

62
Барчаспҳо:
Душанбе, маҷлис, парлумон, ҳамкорӣ, Ҳинд, Тоҷикистон
Пустое кресло

Тағйироти кадрӣ дар дастгоҳи раиси Бадахшон: Улфатшоев вазифаи нав гирифт

4
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Файзов Ёдгор дар ҳайати дастгоҳаш тағйироти кадрӣ гузаронд

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Бо қарори Файзов Ёдгор раиси ВМКБ, Улфатшоев Ҷангибек Мирзоевич аз вазифаи ишғолкардаи худ канор рафт.

Номбурда дар асоси қарори раиси вилоят, аз вазифаи сармутахассиси бахши иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ озод гардид.

Раҳмон гуфт, на ҳамеша аз рӯи ахбори пешниҳодшуда ба ӯ кор мекунад-видео

Бар хабари котиботи раиси ин вилоят, Улфатшоев Ҷангибек дар асоси қарори раис ба мансаби муовини сардори Раëсати маориф таъйин карда шуд.

"Дар мақоми нав, Улфатшоев аз санаи 25 - уми сентябр ба ифои вазифа шурӯъ мекунад", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, Улфатшоев Ҷангибек давоми 9 сол дар дастгоҳи раиси вилоят ба вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, аз соли 2007 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 2017 узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

4
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, ВМКБ
Визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область

Сафари Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг аз ифтитоҳи пул оғоз ёфт

23
Кишвардори Тоҷикстон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафарӣ корӣ ба вилояти Хатлон имрӯз ба ноҳияи Ховалинг ташриф овард

 

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Сафари кории Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Ховалинг аз ифтитоҳи пули нав миёни деҳаи Панҷариёни деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ва деҳаи Синҷии деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод оғоз ёфт.

Бар хабари котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, пули нав дар болои дарёи Ёхсу сохта шуда, 80 метр дарозӣ ва 6 метр паҳноӣ дорад.

Иқтидори борбардории пул 40 тоннаро ташкил медиҳад.

Раҳмон дар Мӯъминобод бо дастовез ба хонаи сокини маҳаллӣ рафт

Иншооти нав аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Фатҳулло Қаҳҳоров ва Ҷумахон Қосимов дар муддати кӯтоҳ бо харҷи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои саҳм гузоштан дар ободонии маҳалли худ таҳсину офарин хонда, намунаи ибрат барои дигар арзёбӣ кард.

23
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, пул, Ховалинг, Эмомалӣ Раҳмон
Ваксинаи Русия алайҳи COVID-19 метавонад дар ИДМ пайдо шавад - YouTube

Русия ба кишварҳои ИДМ ваксинаи тайёр медиҳаду ба дигарон истеҳсолашро меомӯзад-видео

0
(Таҷдидшуда 17:27 25.09.2020)
Русия гуфтааст, воксинаи тайёрро барои кишварҳо намефиристад, аммо омодааст таҷрибаи истеҳсоли доруро бо давлатҳои тавонманд тақсим кунад

Русия ваксинаи омодашударо ба таври зиёд ба хориҷи кишвар намефиристад.

Ба ҷойи ин, олимони Русия омодаанд, ки технологияи истеҳсоли доруро бо дигар кишварҳо тақсим кунанд.

Дар ин бора директори Пажӯҳишгоҳи ба номи Гамалея Александр Гунзбург гуфтааст.  Аммо ин равишро дар кишварҳои ИДМ наметавон татбиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ду ваксинаи дигар дар Русия озмоиш мешавад.

22 сентябри соли ҷорӣ Вазорати тандурустии Русия барои озмоишҳои клиникии доруи нав, ки аз ҷониби Академияи илмҳои Русия сохта шудааст, иҷозат дод.

Озмоишҳои ваксина, ки онро Маркази илмии “Вектор” таҳия кардааст, дар ҳоли анҷомёбист.

Чӣ гуна кишварҳои ҳамсоя метавонанд ваксинаи Русияро ба даст оранд ва чаро Русия омода аст таҳаввулоти худро ошкор кунад – дар навор бубинед.

0
Барчаспҳо:
содирот, истеҳсол, дору, Русия