Рустам Латифзода, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон

Аввалин номзад ба президентии Тоҷикистон маълум шуд

8693
(Таҷдидшуда 15:00 31.08.2020)
Ҳизби аграрии Тоҷикистон номзади худро ба интихоботи президентӣ пешниҳод кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Рустам Латифзода, раиси ҳизби аграрии кишвар аввалин номзад ба президентии Тоҷикистон эълон шуд.

Зайниддин Сафаров, муовини раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон ва намояндаи Маҷлиси намояндагон дар анҷумани ғайринавбатии ҳизб номзадии Рустам Латифзода, раиси ин ҳизбро пешниҳод кард.

Гуфта мешавад, ӯ бидуни алтернатива ва рақиб танҳо худашро пешниҳод ва бо як овоз дастгирӣ пайдо кард.

Ҳамин тавр Ҳизби аграрии Тоҷикистон номзади худро ба интихоботи президентӣ пешниход кард.

Рустам Латифзода - аввалин номзад ба президентии Точикистон дониста мешавад.

Дар ҳоли ҳозир, дигар ҳизбҳо сиёсии Тоҷикистон номзади худро барои курсии президенти Тоҷикистон пешниҳод накардаанд.

8693
Барчаспҳо:
ҳизб, президент, номзад, интихобот, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (28)

Вазорати тандурустӣ: шабонарӯзи гузашта боз 44 ҳодисаи нави бемории COVID-19 сабт шуд

47
(Таҷдидшуда 19:02 22.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бино бар иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон дар шабонарӯзи гузашта боз 44 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 110 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 47 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 44 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9432  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  22 сентябр дар кишвар  8199  (86,9%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

47
Барчаспҳо:
нашр, омор, Вазорати тандурустӣ, вазорат, фавт, вируси корона, Тоҷикистон
Тепловоз, архивное фото

Туркманистон сохтмони роҳи оҳани Афғонистон то сарҳади Тоҷикистонро анҷом хоҳад дод

163
(Таҷдидшуда 18:43 22.09.2020)
Намояндагони Туркманистон ва Афғонистон ҳамкориҳои минбаъда оид ба сохтмони роҳи оҳане, ки кишварҳои Осиёи Марказиро метавонад бо ҳам пайвандад, баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Намояндагони ожонсии “Роҳи оҳани Туркманистон” ва Идораи роҳи оҳани Вазорати нақлиёти Афғонистон доир ба сохтмони роҳи оҳан дар доираи лоиҳаи ТАТ-ро гуфтугӯ анҷом доданд, иттилоъ додааст рӯзномаи интернетии “Turkmenistan.ru”.

Аз ҷумла тарафҳо сохтмони қитъаи роҳи оҳани Акина –Андхой ва Тургунди-Ҳиротро баррасӣ карданд.

Дар ҳоли ҳозир, 1,5 километр роҳи оҳан сохта шудааст. Ҳамчунин аз 33 иншооти обгузар, сохтмони 16 иншоот ба анҷом расидааст.

Баъд аз анҷоми хобондани роҳи оҳан дар қитъаи Акина – Андхой, қарор аст сохтмони ин роҳи оҳан то марзи Тоҷикистон идома ёфбад.

Ҳангоими гуфтушунид, таъкид шудааст, ки роҳи оҳани мазкур имкон медиҳад ба Афғонистон ба муносибатҳои иқтисодӣ боз ҳам бештар ҷалб шавад.

Гуфта шудааст, ки ин раванд метавонад ба пойдори сулҳ дар ин кишвар мусоидат кунад.

163
Барчаспҳо:
баррасӣ, сохтмон, роҳи оҳан, Афғонистон, Туркманистон, Тоҷикистон