Вазорати тандурустӣ омори нави коронавирусро дар рӯзи оғози соли таҳсил эълон кард

1011
Ҳамзамон, то санаи 17 август дар мамлакат 6897 (85,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 64 нафар фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон, имрӯз 17 август дар рӯзи оғози соли таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон омори нави сироят, шифоёбӣ ва марг аз коронавирусро нашр кард.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 79 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 34 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  8099 нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи  17 август дар мамлакат  6897  (85,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 64  нафар фавтидаанд.

"Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд", - таъкид мекунад манбаъ.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

1011
Руки в наручниках.

Боздошти зани 20-сола, ки гӯшворҳои тиллоиро аз гӯши кӯдакон медуздид

93
(Таҷдидшуда 11:32 30.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани ҷавон, сокини шаҳри Ваҳдат ба гумони ғоратгарӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 48-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 24-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:00, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 7-солааш 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

"Зарари расонидашуда 750-сомониро ташкил медиҳад", -  омадаст дар хабарнома.

Ҳамин тавр, дар паи баргузори чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б. Бурунови ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурда санаи 28-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 8-солаи сокини ҳамин шаҳр 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 1 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуда ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

93
Барчаспҳо:
Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, тилло, зани ҷавон, боздошт
Эмомали Рахмон открыл среднюю школу № 96 в Душанбе

Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳринав сафар кард

287
(Таҷдидшуда 11:28 30.09.2020)
Президенти Тоҷикистон сафарашро аз ифтитоҳи Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Аҳмад" оғоз кардааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав рафт. Кишвардорро фаъолону сокинон истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Гуфта мешавад, ки ин ҷо нахуст президент дар деҳоти Чустии ноҳияи Шаҳринав Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Аҳмад"-ро ба баҳрабардорӣ расонидааст.

Тибқи ититлои манбаъ, комплекси мазкур аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия — "Марва-мебел", коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона, ошхона, гармхона, ҳавзи моҳӣ ва боғу токзор иборат мебошад.

Корхонаи муштараки "Марва-мебел" дар ошёнаи якуми бинои дуошёна ҷойгир мебошад.

Барои мебелсозӣ аз кишварҳои Урупо 16 адад дастгоҳи замонавӣ ворид гардидаанд.

Вобаста ба фармоиш дар корхонаи навбунёд беш аз 300 номгӯй мебел, аз қабили ҷевону рахти хоб, мизу курсӣ барои хона, корхона, ошхона ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин дарҳои байниҳуҷрагӣ ва кату нишасткурсиҳои гуногунҳаҷм истеҳсол карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар корхонаи мазкур имкон аст дар як шабонарӯз беш аз 8 метри мукааб тахта коркард карда шавад.

Манбаъ таъкид карда, ки дар корхона маҳсулот аслан вобаста ба фармоиш истеҳсол карда шуда, аз лиҳози тарҳ ва сифат ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Чӯбу тахта, фурнитура ва дигар ашёи хом аз Русия ва Ӯзбекистон ворид карда мешаванд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки кандакорӣ дар чӯб, ки барои миллати тоҷик меросист, дар корхона васеъ ба роҳ монда шудааст.

Ба ин кор нафарони соҳибкасб ва дорои таҷрибаи зиёди корӣ ҷалб шудаанд.

Дар корхонаи мебелсозӣ 30 кас бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Президент ба масъулин барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхона ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат дастур дода, мутахассисонро ба омӯзонидани нозукиҳои кори мебелсозӣ, аз ҷумла кандакорӣ дар чӯб ба насли наврасу ҷавон ҳидоят кардааст.

287
Барчаспҳо:
сафари корӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Шаҳринав
Пробирка с коронавирусом 2019-nCoV

Қазоқистон марзкушоиро ба рӯи дигар кишварҳо қатъ мекунад

0
(Таҷдидшуда 11:42 30.09.2020)
Мақомоти Қазоқистон пешниҳод дорад, ки дар робита бо авҷгирии дубораи коронавирус бозкушоии парвозҳо бо кишварҳо таваққуф гузошта шавад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Қазоқистон пешниҳод дорад, ки аз 5 октябр бозкушоии парвозҳо бо дигар кишварҳо мутаваффиқ гузошта шавад, гуфт вазири тандурустии кишвар Алексей Тсой дар ҷаласаи ҳукуматӣ.

Ба гуфти ӯ ба далели бад шудани вазъи ҳамагирӣ дар кишварҳои хориҷа, барои пешгирии паҳншавии густурдаи коронавирус аз 5 октябр бозкушоии марзҳо ба рӯи дигар кишварҳо бояд ба таъхир гузошта шавад ва бо мамолике, ки аллакай парвозҳои мустақим кушода шудааст, шумораи парвозҳо набояд бештар шавад.

Қазоқистон қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламраваш тағйир дод

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки эҳтимолан парвозҳо ба ҷониби Туркия кам карда шавад.

Вазир таъкид кард, барои шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои "категорияи дуввум" аз ҷумла - Швейтсария, Бритониё, Полша, Италия, Венгрия, дигар кишварҳои Урупо, ҳамчунин, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саъудӣ, Ҳиндустон, Армнаистон, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон назорати санитарӣ ҷорӣ карда шавад.

Мушкилӣ дар марзи Қазоқистон нархи газро дар Тоҷикистон боз боло бурд

Ҳарорати бадани мусофирон бояд санҷида шуда, пурсишнома гузаронида шавад. Ҳамчунин мусофирон бояд санади манфӣ будани ташхиси коронавирусро пешниҳод кунанд.

Барои кишварҳои узви Созмони иқтисодии УрОсиё ва Ӯзбекистон дар постҳои мошингузар низ, вазир чунин талаботро ҳатмӣ гуфт.

0
Барчаспҳо:
кишварҳо, боз, марзбандӣ, Қазоқистон