Свеча

Даргузашти Бобоев дар дармонгоҳи "Истиқлол": иллати марги ӯ номаълум аст

3707
(Таҷдидшуда 15:10 18.08.2020)
Маросими видоъ бо олими соҳаи физика ва математика рӯзи 18 август дар мазори Лучоби шаҳри Душанбе баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Имрӯз физикдони маъруф, олими соҳаи физика ва математика Тошбой Бобоев дар синни 78 - солагӣ олами фониро падруд гуфт, хабар медизад сомонаи Фараж.

Ба иттилои манбаъ, марҳум дар бемористони "Истиқлол" ҷон бохт ва иллати марги ӯ дақиқ гуфта нашудааст.

Манбаъ меафзояд, Тошбой Бобоев зодаи шаҳри Панҷакент буда, хатмкардаи факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ва соли 1968 шуъбаи аспирантураи Институти физикаю техникаи ба номи А.Ф. Иоффеи АИ ИҶШС мебошад.

Сулаймон Лоиқ - дӯсти Осимиву Қаноат ва Лоиқ - даргузашт

Марҳум соли 1993 соҳиби унвони профессорӣ гардида буд.

Гуфта мешавад, Тошбой Бобоев бо нишони сарисинагии "Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон", Ордени "Нишони фахрӣ", ордени "Хизмати шоиста" ва Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Маросими видоъ бо Тошбой Бобоев имрӯз дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе баргузор гардид.

3707
Барчаспҳо:
"Истиқлол", дармонгоҳ, олим, даргузашт
Итоговая пресс-конференция Миссии наблюдателей от СНГ после выборов

Номзадҳо дар шаҳри Душанбе ба зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни чӣ ваъда доданд?

13
(Таҷдидшуда 02:46 20.09.2020)
Ахиран вохӯрии навбатии номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар вохӯрӣ зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни пойтахт иштирок намуда, бо муҳтавои барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо шинос шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории давлатии АМИТ “Ховар”.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода таъкид намуд, ки боз ҳам баланд бардоштани мавқеи бахши аграрӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва озод кардани соҳаи кишоварзӣ аз андоз, баланд бардоштани нафақаи кишоварзон то сатҳи нафақаи миёнаи ҷумҳуриявӣ дар меҳвари барномаи пешазинтихоботиаш қарор дорад.

Абдуҳалим Ғаффорзода номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб рушди соҳаи саноат бо роҳи баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти саноатии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир аз  тадбирҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар Барномаи пешазитихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Итттифоқои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонон ва ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби шахси боэътимод Аброр Мирсаидов  муаррифӣ карда шуд, таҳким бахшидан ба сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии мамлакат ва баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.

Номзад ба  мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода дурнамо ва самтҳои таҳкими вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишавар, дастгирии ҷавонон ва дастрасии онҳо ба манзилро, ки дар барномаи пешазинтихоботиаш дарҷ ёфтааст, ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд.

Аз ҷумла таъкид гардидааст, ки  таъсиси бозори ширкатҳои идоракунанда бо мақсади ғайриинҳисоркунонии хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ, созмондиҳии ширкатҳои идоракунандаи нав ҳамчун корхонаҳои маҳаллӣ дар шакли ҷамъиятҳои саҳҳомии пӯшида бо иштироки аҳолии минтақа ҳамчун саҳҳом зарур аст.

Номзад Мироҷ Абдуллоев, аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар барномаи пешазинтихоботии худ диққати асосиро ба ҳамоҳангсозии сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои кишвар, беҳтар кардани инфрасохтори шаҳру деҳот, дастгирии давлатӣ ва боз ҳам боло бурдани мақому манзалати занон равона намудааст. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҷониби шахси боэътимод Заррагул Мирасанова муаррифӣ карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки интихоботи Президентӣ дар Тоҷикистон санаи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Номзадҳо аз ҳозирин хоҳиш карданд, ки фаъолона дар ин маракаи муҳимми сиёсӣ иштирок намоянд.

13
Барчаспҳо:
ваъда, мансаб, Душанбе, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон
Выборы в парламент Таджикистана - Москва 2020 год

Даҳ ҳазор довталаб барои баргузории интихоботи президентӣ Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард

22
(Таҷдидшуда 02:29 20.09.2020)
Кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълом кард барои баргузории интихоботи президентӣ 11 октябр 10 ҳазор ҷавони довталаб ба кӯмаки комиссияи марказии интихобот хоҳанд омад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дилноза Аҳмадзода муовини раиси кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо эъломи ин хабар дар нишасти комиссияи марказии интихоботи ин кишвар  афзуд, ки ин 10 ҳазор нафар дар ҳама қитъаҳои интихоботӣ ҳузур хоҳанд дошт, то ба маъмурони интихоботӣ кӯмак кунанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон. 

Вай гуфт, 250 нафар аз ин довталабон ба забонҳои руси ва англисӣ мусаллат ҳастанд ва ба нозирони байналмилалии интихоботи президентӣ Тоҷикистон  кӯмак хоҳанд кард.

Ин довталабон акнун машғули таҳияи феҳристи райдиҳандагон , сабти номи онон ва омодасозии маконҳо барои дидорҳои интихоботӣ бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ мебошанд.

Бар асоси тасмими комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  номзади Ҳизби халқии Демократӣ, Рустам  Латифзода  номзади Ҳизби Кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист, Рустами Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр  рақобат хоҳанд кард.

22
Барчаспҳо:
Кумитаи ҷавонону варзиш, кӯмак, ҷавонон, президентӣ, интихобот, Тоҷикистон