День 19 августа

Ҷашнҳои рӯзи 19 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

86
(Таҷдидшуда 19:54 18.08.2020)
Рӯзи нӯнздаҳуми август Рӯзи байналмилалии суратгирон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин ин рӯз чун Рӯзи умумиҷаҳонии кумаки башардӯстона дониста мешавад

Рӯзи 19 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1973 дар Юнон монархия расман бекор карда шуд.

День 18 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 1980 дар фурудгоҳи Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) ҳавопаймо оташ гирифтааст, ки дар натиҷа 301 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1992  Молдова ҳолати фавқулодаро, ки ним сол давом карда буд, бекор кард.

Соли 2004  ширкати "Google" тахфифҳои худро ба бозор баровард.

Ҷашнҳои рӯзи 17 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1848 рӯзномаи "The New York Herald" аввалин хабарро дар бораи пайдо шудани тилло дар Калифорния нашр намуд.

Соли 1922 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи маҷаллаи "Милитсия" нашр шуд.

Рӯзи 19 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шӯрои ҷаҳонии об Бенедитто Брага аз ҳамкории бисёрсолаи созанда ва пурсамари Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии об изҳори қаноатмандӣ карданд.

День 14 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон қариб 200 нафар кормандони соҳаҳои фарҳанг, адабиёт ва иттилоотро ба истиқболи 20–умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардониданд.

Соли 2011 ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон эътимоднома супориданд.

Соли 2013  дар мулоқоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вақти Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария  асосан масоили ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ гардиданд

Ҷашнҳои рӯзи 19 август

  • Рӯзи байналмилалии суратгирон.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии кумаки башардӯстона.
  • Рӯзи байналхалқии ҷонварони кӯчагард.
  • Дар Афғонистон – Рӯзи истиқлолият.
86
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Футбольный мяч на поле, архивное фото

Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон варзишгоҳи муосир бунёд шуд

3
(Таҷдидшуда 18:24 30.09.2020)
Дар рӯзи ифтитоҳи варзишгоҳ Хонаи фарҳанги деҳа низ пас таъмиру таҷдид дари худро ба рӯи сокинон боз намуд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон варзишгоҳи муосир ба истифода дода шуд. 

Дар варзишгоҳ барои машқ ва мусобиқа аз намудҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд, давидан ба масофаи кӯтоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Директори мактаби №10-и деҳаи мазкур Акимбек Акимбеков гуфт, ки "ин варзишгоҳ дар наздикии бинои таълимгоҳ  воқеъ аст. Дар мувофиқа бо бахши ҷавонон ва варзиши назди мақомоти ноҳия то нисфирӯзӣ хонандагони таълимгоҳ дар ин варзишгоҳ  дарси тарбияи ҷисмонӣ мегузаронанд ва пас аз анҷоми дарс он дар ихтиёри ҷавонони деҳа гузошта мешавад".

Муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон Гулмаст Дӯсталиев гуфт, ки "Ҳукумати ҷумҳурӣ ба солимии насли наврас таваҷҷуҳи зиёд равона месозад ва инро мо дар ноҳияи худ низ мушоҳида мекунем. Танҳо дар се соли охир се варзишгоҳи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуданд".

Ба иттилои Дӯсталиев барои бунёди ин варзишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 650 ҳазор сомонӣ сарф шуд.

Ҳоло сохтмони майдони футбол дар маркази ноҳия барои 6 ҳазор ҷои нишаст идома дошта, дар назар аст, ки  дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба истифода дода шавад.

3
Барчаспҳо:
Варзишгоҳ, Рӯшон, ВМКБ
Руки  в наручниках

Лаҳистон панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро истирдод кард

71
(Таҷдидшуда 17:13 30.09.2020)
Мақомоти қазоии Лаҳистон панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ истирдод кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ин панҷ  нафари муттаҳам ба доштани иртибот бо гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия) ва таблиғ барои ҷазби атбоъи Лаҳистон  ва Украина ба ин гурӯҳ мебошанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон дар истинод ба сомонаи радиои Полша.

Мақомоти қазоии Лаҳистон эълом кардаанд, ки чаҳор нафар аз ин афрод дар моҳи майи имсол боздошт шудаанд, аммо нафари панҷумӣ дар пайи амалиёти муштараки зиддитеррористии чанд кишвари аврупоӣ пас аз фирор аз Лаҳистон дар моҳи декабри соли 2019 боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин фард  пас аз фирор аз Лаҳистон қасд дошт худро ба Сурияи расонад ва ба шабакаи Ал-Қоида  бипайвандад.

Ин дарҳоле аст, ки чаҳор табааи дигари Тоҷикистон дар рӯзи 15 аврели имсол дар Олмон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи ДОИШ (мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия) ва талош барои омодасозии анҷоми чанд амалиёти террористӣ боздошт шудаанд.

Ҳамчунин як табааи дигари Тоҷикистон дар авохири моҳи аврели имсол аз Албания ба дархости мақомоти қазоии Олмон ба Берлин мунтақил шуд, ки бо бақияи афроди боздоштшудаи тоҷик дар иртибот буд аст.

71
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, террористӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон, истирдод, Лаҳистон, Тоҷикистон

Афғондухтари 18-сола мехоҳад Эверестро фатҳ кунад

0
(Таҷдидшуда 18:27 30.09.2020)
Фотима Султонӣ 18-сола, як узви дастаи кӯҳнавардони Hikeventures, ҳангоми истифода аз компютер дар хонаи худ дар шаҳри Кобули Афғонистон

Фотима Султонӣ ва нӯҳ кӯҳнаварди ҷавони афғони, ки худро тими Hikeventures меноманд тасмим доранд  кӯҳи Мир Самирии Афғонистонро фатҳ кунанд.

Фотима Султонӣ гуфтааст, ки пас аз фатҳи ин қулла мехоҳад ба Непал равад, чун орзӯ дорад баландтарини қуллаи ҷаҳон, Эверест (Ҷамолунгма)-ро фатҳ кунад.

"Мақсади асосии ман дар онаст, ки мехоҳам ба мардуми ҷаҳон нишон бидиҳам, ки занони афғон қавӣ ҳастанд ва метавонанд кори душвортаринеро, ки одатан мард мекунад, анҷмо диҳанд", - гуфт вай ба хабаргузории Reuters.

Ҳимчунин вай афзуд: “вақте ки ман фаҳмидам, ки занон аз кишварҳои хориҷӣ барои фатҳи қуллаҳои баланд ба ин ҷо меоянд, ман ба худ суол гузоштам,ки  чаро занони афғон ин қуллаҳоро фатҳ карда наметавонанд?"

Фотима Султонӣ дар замони пандемияи вируси корона ором нанишастааст, ӯ моҳи августи соли равон дар қаторкӯҳои Ҳиндукуш дар шимоли Афғонистон як қуллаеро, ки баландиаш 7,492 метр аст, фатҳ кард.

Ӯ ҷавонтарин зан дар ҷаҳон дониста шуд, ки ин қуллаи баландро фатҳ кардааст.

Дар ин рӯзҳо гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар Русия) бо ҳукумати Афғонистон дар Доҳа сари сулҳ музокират доранд, ин раванд бисёре занҳои афғонро хавотир кардааст.

Замоне, ки гурӯҳи Толибон дар солҳои 1996-2001 ҳукмронӣ мекард, онҳо таҳсили духтаронро дар кишвар манъ карда буданд ва намегузоштанд занҳо бидуни хешу табор ё хамсар аз хона бароянд.

Ҳоло Толибон мегуянд сиёсати онҳо тағйир ёфтааст, аммо бисёри занон аз ин шак доранд.

"Вақте ки ман ба кӯҳнавардӣ ворид шудам, ман медонистам, ки дар оянда ба мушкилот рӯ ба рӯ хоҳам шуд. Ба гуфтаи ӯ имкон дорад Толибон дар оянда ба варзиши занон халал ворид кунанд, аммо ба ҳар ҳол ман омодаам бо ин мушкилот рӯ ба рӯ шавам" - гуфт.

Фотима дар Кобул бо волидайн, хоҳари хурдӣ ва гурбачааш зиндагӣ мекунад. Падараш мегуяд ӯ аз дастовардҳои Фотима ифтихор мекунад, вале ӯ аз амнияти фарзандаш нигарон аст.

"Ман аз ин нигарон ҳастам, (Толибон) ба варзиши занон мухолифанд.  Аммо ман ба Фотима гуфтам, ки занон дар ҳар намуди варзиш, ҳатто кӯҳнавардӣ, озод ҳастанд ва ман ӯро ҳамеша дастгирӣ мекунам" , - гуфт Абдулвоҳид Султонӣ.

0
  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Фотима Султонӣ, ҳангоми тамрин дар яке аз кӯҳҳои наздики шаҳри Кобул

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Тими кӯҳнавардони Hikeventures ҳангоми тамрин дар кӯҳе наздикии шаҳри Кобул

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Фотима Султонӣ ва нӯҳ кӯҳнаварди ҷавони афғони, ки худро тими Hikeventures меноманд тасмим доранд кӯҳи Мир Самирии Афғонистонро фатҳ кунанд

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Тамрини тими куҳнавардони Hikeventures дар наздикии шаҳри Кобул

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Фотима Султонӣ тасмим дорад ба Непал равад, ва баландтарини қуллаи ҷаҳон, Эверест (Ҷамолунгма)-ро фатҳ кунад

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Фотима Султонӣ гуфтааст, ки пас аз фатҳи ин қулла мехоҳад ба Непал равад, Чун орзӯ дорад баландтарини қуллаи ҷаҳон, Эверест (Ҷамолунгма)-ро фатҳ кунад кунад

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Фотима дар Кобул бо волидайн, хоҳари хурдӣ ва гурбачааш зиндагӣ мекунад.

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Ҳимчунин Фотима афзуд: “вақте ки ман фаҳмидам, ки занон аз кишварҳои хориҷӣ барои фатҳи қуллаҳои баланд ба ин ҷо меоянд, ман ба худ суол гузоштам,ки чаро занони афғон ин қуллаҳоро фатҳ карда наметавонанд

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Хонум Султонӣ дар замони пандемияи вируси корона ором нанишаст ӯ моҳи августи соли равон дар қаторкӯҳои Ҳиндукуш дар шимоли Афғонистон як қуллаеро, ки баландиаш 7,492 метр аст, фатҳ кард.

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Фотима Султонӣ пушти компютер дар хонааш дар шаҳри Кобул

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Падари Фотима мегуяд ӯ аз дастовардҳои Фотима ифтихор мекунад, вале ӯ аз амнияти фарзандаш нигарон аст

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Фотима Султонии 18-сола ҳамчун ҷавонтарин зани кӯҳнавард дар ҷаҳон шинохта шудааст