Кабина лифта, архивное фото

Наҷоти сокини Душанбе, ки дар дохили лифт дармонд

391
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз наҷоти як сокини шаҳри Душанбе, ки дар дохили лифт дармонда буд, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳодиса рӯзи18 августи соли 2020, соати 22:05 дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба КҲФ, як сокини кӯчаи Бухорои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар дод, ки дари лифти бино воқеъ дар кӯчаи номбурда махкам шуда, дар даруни он  сокини 29-солаи ҳамин бино дармондааст.

Мори рамида дар манзили сокини Душанбе ва об дар таҳхона

"Соати 22:08 дақиқа Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, соати 22:30 дақиқа дари лифтро кушода, шаҳрвандро сиҳату саломат аз он берун карданд", - омадааст дар хабарнома.

Наҷоти кӯдаки дусола дар Душанбе, ки паси дари баста монда буд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз наҷоти як кӯдаки ду сола, ки паси дари баста дармонда буд, хабар доданд.

391
Барчаспҳо:
Душанбе, сокин, лифт, наҷотдиҳӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода
Футбольный мяч на поле, архивное фото

Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон варзишгоҳи муосир бунёд шуд

3
(Таҷдидшуда 18:24 30.09.2020)
Дар рӯзи ифтитоҳи варзишгоҳ Хонаи фарҳанги деҳа низ пас таъмиру таҷдид дари худро ба рӯи сокинон боз намуд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон варзишгоҳи муосир ба истифода дода шуд. 

Дар варзишгоҳ барои машқ ва мусобиқа аз намудҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд, давидан ба масофаи кӯтоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Директори мактаби №10-и деҳаи мазкур Акимбек Акимбеков гуфт, ки "ин варзишгоҳ дар наздикии бинои таълимгоҳ  воқеъ аст. Дар мувофиқа бо бахши ҷавонон ва варзиши назди мақомоти ноҳия то нисфирӯзӣ хонандагони таълимгоҳ дар ин варзишгоҳ  дарси тарбияи ҷисмонӣ мегузаронанд ва пас аз анҷоми дарс он дар ихтиёри ҷавонони деҳа гузошта мешавад".

Муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон Гулмаст Дӯсталиев гуфт, ки "Ҳукумати ҷумҳурӣ ба солимии насли наврас таваҷҷуҳи зиёд равона месозад ва инро мо дар ноҳияи худ низ мушоҳида мекунем. Танҳо дар се соли охир се варзишгоҳи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуданд".

Ба иттилои Дӯсталиев барои бунёди ин варзишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 650 ҳазор сомонӣ сарф шуд.

Ҳоло сохтмони майдони футбол дар маркази ноҳия барои 6 ҳазор ҷои нишаст идома дошта, дар назар аст, ки  дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба истифода дода шавад.

3
Барчаспҳо:
Варзишгоҳ, Рӯшон, ВМКБ
Руки  в наручниках

Лаҳистон панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро истирдод кард

69
(Таҷдидшуда 17:13 30.09.2020)
Мақомоти қазоии Лаҳистон панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ истирдод кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ин панҷ  нафари муттаҳам ба доштани иртибот бо гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия) ва таблиғ барои ҷазби атбоъи Лаҳистон  ва Украина ба ин гурӯҳ мебошанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон дар истинод ба сомонаи радиои Полша.

Мақомоти қазоии Лаҳистон эълом кардаанд, ки чаҳор нафар аз ин афрод дар моҳи майи имсол боздошт шудаанд, аммо нафари панҷумӣ дар пайи амалиёти муштараки зиддитеррористии чанд кишвари аврупоӣ пас аз фирор аз Лаҳистон дар моҳи декабри соли 2019 боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин фард  пас аз фирор аз Лаҳистон қасд дошт худро ба Сурияи расонад ва ба шабакаи Ал-Қоида  бипайвандад.

Ин дарҳоле аст, ки чаҳор табааи дигари Тоҷикистон дар рӯзи 15 аврели имсол дар Олмон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи ДОИШ (мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия) ва талош барои омодасозии анҷоми чанд амалиёти террористӣ боздошт шудаанд.

Ҳамчунин як табааи дигари Тоҷикистон дар авохири моҳи аврели имсол аз Албания ба дархости мақомоти қазоии Олмон ба Берлин мунтақил шуд, ки бо бақияи афроди боздоштшудаи тоҷик дар иртибот буд аст.

69
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, террористӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон, истирдод, Лаҳистон, Тоҷикистон

Афғондухтари 18-сола мехоҳад Эверестро фатҳ кунад

0
(Таҷдидшуда 18:27 30.09.2020)
Фотима Султонӣ 18-сола, як узви дастаи кӯҳнавардони Hikeventures, ҳангоми истифода аз компютер дар хонаи худ дар шаҳри Кобули Афғонистон

Фотима Султонӣ ва нӯҳ кӯҳнаварди ҷавони афғони, ки худро тими Hikeventures меноманд тасмим доранд  кӯҳи Мир Самирии Афғонистонро фатҳ кунанд.

Фотима Султонӣ гуфтааст, ки пас аз фатҳи ин қулла мехоҳад ба Непал равад, чун орзӯ дорад баландтарини қуллаи ҷаҳон, Эверест (Ҷамолунгма)-ро фатҳ кунад.

"Мақсади асосии ман дар онаст, ки мехоҳам ба мардуми ҷаҳон нишон бидиҳам, ки занони афғон қавӣ ҳастанд ва метавонанд кори душвортаринеро, ки одатан мард мекунад, анҷмо диҳанд", - гуфт вай ба хабаргузории Reuters.

Ҳимчунин вай афзуд: “вақте ки ман фаҳмидам, ки занон аз кишварҳои хориҷӣ барои фатҳи қуллаҳои баланд ба ин ҷо меоянд, ман ба худ суол гузоштам,ки  чаро занони афғон ин қуллаҳоро фатҳ карда наметавонанд?"

Фотима Султонӣ дар замони пандемияи вируси корона ором нанишастааст, ӯ моҳи августи соли равон дар қаторкӯҳои Ҳиндукуш дар шимоли Афғонистон як қуллаеро, ки баландиаш 7,492 метр аст, фатҳ кард.

Ӯ ҷавонтарин зан дар ҷаҳон дониста шуд, ки ин қуллаи баландро фатҳ кардааст.

Дар ин рӯзҳо гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар Русия) бо ҳукумати Афғонистон дар Доҳа сари сулҳ музокират доранд, ин раванд бисёре занҳои афғонро хавотир кардааст.

Замоне, ки гурӯҳи Толибон дар солҳои 1996-2001 ҳукмронӣ мекард, онҳо таҳсили духтаронро дар кишвар манъ карда буданд ва намегузоштанд занҳо бидуни хешу табор ё хамсар аз хона бароянд.

Ҳоло Толибон мегуянд сиёсати онҳо тағйир ёфтааст, аммо бисёри занон аз ин шак доранд.

"Вақте ки ман ба кӯҳнавардӣ ворид шудам, ман медонистам, ки дар оянда ба мушкилот рӯ ба рӯ хоҳам шуд. Ба гуфтаи ӯ имкон дорад Толибон дар оянда ба варзиши занон халал ворид кунанд, аммо ба ҳар ҳол ман омодаам бо ин мушкилот рӯ ба рӯ шавам" - гуфт.

Фотима дар Кобул бо волидайн, хоҳари хурдӣ ва гурбачааш зиндагӣ мекунад. Падараш мегуяд ӯ аз дастовардҳои Фотима ифтихор мекунад, вале ӯ аз амнияти фарзандаш нигарон аст.

"Ман аз ин нигарон ҳастам, (Толибон) ба варзиши занон мухолифанд.  Аммо ман ба Фотима гуфтам, ки занон дар ҳар намуди варзиш, ҳатто кӯҳнавардӣ, озод ҳастанд ва ман ӯро ҳамеша дастгирӣ мекунам" , - гуфт Абдулвоҳид Султонӣ.

0
  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Фотима Султонӣ, ҳангоми тамрин дар яке аз кӯҳҳои наздики шаҳри Кобул

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Тими кӯҳнавардони Hikeventures ҳангоми тамрин дар кӯҳе наздикии шаҳри Кобул

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Фотима Султонӣ ва нӯҳ кӯҳнаварди ҷавони афғони, ки худро тими Hikeventures меноманд тасмим доранд кӯҳи Мир Самирии Афғонистонро фатҳ кунанд

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Тамрини тими куҳнавардони Hikeventures дар наздикии шаҳри Кобул

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Фотима Султонӣ тасмим дорад ба Непал равад, ва баландтарини қуллаи ҷаҳон, Эверест (Ҷамолунгма)-ро фатҳ кунад

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Фотима Султонӣ гуфтааст, ки пас аз фатҳи ин қулла мехоҳад ба Непал равад, Чун орзӯ дорад баландтарини қуллаи ҷаҳон, Эверест (Ҷамолунгма)-ро фатҳ кунад кунад

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Фотима дар Кобул бо волидайн, хоҳари хурдӣ ва гурбачааш зиндагӣ мекунад.

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Ҳимчунин Фотима афзуд: “вақте ки ман фаҳмидам, ки занон аз кишварҳои хориҷӣ барои фатҳи қуллаҳои баланд ба ин ҷо меоянд, ман ба худ суол гузоштам,ки чаро занони афғон ин қуллаҳоро фатҳ карда наметавонанд

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Хонум Султонӣ дар замони пандемияи вируси корона ором нанишаст ӯ моҳи августи соли равон дар қаторкӯҳои Ҳиндукуш дар шимоли Афғонистон як қуллаеро, ки баландиаш 7,492 метр аст, фатҳ кард.

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Фотима Султонӣ пушти компютер дар хонааш дар шаҳри Кобул

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Падари Фотима мегуяд ӯ аз дастовардҳои Фотима ифтихор мекунад, вале ӯ аз амнияти фарзандаш нигарон аст

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Фотима Султонии 18-сола ҳамчун ҷавонтарин зани кӯҳнавард дар ҷаҳон шинохта шудааст