Калонтарин ва зеботарин: дар Бадахшон боз як мактаби президентӣ месозанд

© Sputnik / Амир ИсаевШкольники сидят за партой в защитных масках
Школьники сидят за партой в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иттилоъ доданд, ки бинои мактаби президентӣ, ки дар ноҳияи Дарвоз калонтарин ва зеботарин хоҳад буд, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд мегардад

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Дарвози вилояти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мактаби президнетӣ бунёд мекунанд.Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар ба ноҳия ба ин мактаб санги асос гузоштааст.

Вохӯрии кормандони милитсия бо хонандагон - Sputnik Тоҷикистон
Вохӯрии полковник Бухоризода бо хонандагони мактаби Президентӣ

Бино бар иттилои дафтари матбуоти президент, мактаб дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз банёд хоҳад шуд.

"Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои Мактаби Президентӣ, ки дар ноҳияи Дарвоз калонтарин ва зеботарин хоҳад буд, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд мегардад", - менависад манбаъ.

 Иншоот аз се ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар Мактаби Президентии ноҳияи Дарвоз тамоми шароиту имконоти муосири таълим фароҳам оварда хоҳад шуд.

Лоиҳаи Мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз инчунин бинои хобгоҳ барои 240 кат ва ошхонаи замонавӣ бо 290 ҷойи нишастро дар бар мегирад. Ҳамчунин барои ба варзиш машғул шудани хонандагон дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзишӣ сохта мешавад.

Кор дар мактаби президентӣ ё чигуна омӯзгори рус Тоҷикистонро дӯст дошт

Феълан дар маркази вилояти Бадахшон, шаҳри Хоруғ низ мактаби президентӣ фаъолият мекунад.

Лентаи хабарҳо
0