Аз норасоии синфхонаҳо то 45 дараҷа гармӣ: таътилро то 15 сентябр тамдид кунед

Обуна шудан
Нашрияи Пайк ба Вазорати маорифи Тоҷикистон пешниҳод намудаст, ки таътил дар макотиб то 15 - уми сентябр тамдид карда шавад

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Оғози соли таҳсили хонандагон аз 17 - уми август иқдоми осемасар аст, менависад нашрияи Пайк.

Толибилмон дар соли хониши нав чӣ қадар таътил доранд? Тақвими истироҳати хонандагон

Ба навиштаи ин нашрия, ҳоло дар баъзе аз синфхонаҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво аз 40 то 45 дараҷа гарм мешавад ва дар чунин гармӣ на танҳо дарс хондан, балки умуман аз хона ба берун баромадан хатарнок аст.

"Гузашта аз ин 30 то 40 фисади синфхонаҳо дар тарафи офтоб мавқеъ доранд. Ин то нисфирӯзӣ. Хонандагоне, ки дар басти дуюм баъди зуҳр таҳсил мекунанд, низ аз тарафи дигари мактаб дар зери шуоъҳои офтоб таҳсил мекунанд. Худ қазоват кунед, киро хуш меояд, ки дар 40-45 дараҷа гармӣ дарс хонад?", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, тибқи мушоҳидаҳои хабарнигори "Пайк" дар мактаби рақами №1, ҳатто пушти як парта се нафар хонанда нишастаанд.

Дар ҳоле, ки Вазорати маориф дар робита ба хавфи маризии коронавирус тартиби нави ҷобаҷогузории мизу курсиҳо дар макотибро ҷорӣ карда буд.

Школьники в масках - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори СҶБ: дар соли нави хониш мактабҳо метавонанд манбаи сирояти COVID-19 шаванд

Дар ҳамин ҳол, нашрияи мазкур аз Вазорати маориф даъват намудааст, ки ҷиҳати гармии тоқатфарсо ва хавфи маризии коронавирус, таътилро то ба 15 сентябр мавқуф гузоранд.

Зимнан, пешниҳод намудааст, ки хонандагон то 15 сентябр метавонанд саҳар 1 соат ба мактабҳо омада аз устодон сабақ барои кори мустақилона гирифта раванд.

Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон имсол таътили тобистона 17 - уми август ҷамъбаст шуд ва толибилмон барои идомаи таҳсил ба макотиб омаданд.

Гуфта мешавад, то 1 - уми сентябр маводи дарсие, ки моҳи май нотамом монда буд, азхуд карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0