Люди в масках в городе

Ҷаласаи ситоди Хатлон: чораҳои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии COVID-19 пурзур мешаванд

184
(Таҷдидшуда 10:41 23.08.2020)
Ахиран тавассути видеоконференсия дар вилояти Хатлон ҷаласаи ситоди вилоятӣ баргузор шуд, ки дар он чораҳои пурзӯр намудани зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, ахирна дар маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б.Воҳидови вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидимикӣ барои пешгирӣ ва пайдоиши бемории коронавирус (COVID-19) баргузор шуд.

Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан
пресс-служба Минздрава Таджикистана

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Директори Маркази СПИД-и ҷумҳуриявӣ Р.Нуров ва аъзои ситоди вилоятӣ,   роҳбарони марказҳои вилоятӣ, сартабибони беморхонаҳо ва роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ширкат доштанд.

Ҳамзамон  тавассути видеоконференсия бо алоқаи мустақим (онлайн) мулоқот баргузор гардид, ки дар кори он сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон М.Раҷабзода, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии  шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Дар маҷлиси ситод ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода оид ба вазъ, пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19  оид ба ҷоннок намудани фаъолияти беморхонаҳои ноҳияҳои вилоят ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо маълумот  доданд.

Гуфта шудааст, ки Айни ҳол гурӯҳи кории вазорат дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Ҷ.Балхӣ ва А.Ҷомӣ бо сафари корӣ қарор дорад.

184
Барчаспҳо:
паҳншавӣ, вирус, баррасӣ, Хатлон, ситод, ҷаласа, Тоҷикистон

Марги як тоҷикистонии дигар аз COVID - 19: вазорат аз 41 ҳолати нави мубталошавӣ гуфт

461
(Таҷдидшуда 19:24 01.10.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз маризии сироятии коронаиврус боз як дардманди дигар ҷон аз даст дод

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар кишвар як маризи коронавирус ба ҳалокат расид.

Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, ҳамчунин рӯзи гузашта боз 42 ҳолати нави мубталошавии сокинон ба ин вирус сабт гардид.

Ба ҳамин минвол, аз 30 апрел то 1 октябр дар ҷумҳурӣ шумораи умуми маризони коронаиврус ба 9811 нафар баробар шуд.

Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро то ҳол аз Русия воксинаи зидди коронавирус дархост накардааст

Гуфта мешавад, то имрӯз дар мамлакат 8617  нафар ё худ 87,7 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 77 нафар фавтидаанд.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки шабонарӯзи охир 71 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30 - юми сентябр низ як ҳолати фавт аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

461
Барчаспҳо:
бемор, фавт, маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Новая мечеть в Душанбе

Тоҷикистон кай дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон мекушояд?

416
(Таҷдидшуда 18:23 01.10.2020)
Дар Тоҷикистон ҳамоно дар робита ба авҷи маризии сироятии коронавирус дари масҷидҳо барои намозгузорон баста аст

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам намозгузорӣ дар масҷидҳо номумкин аст, хабар медиҳад Парс тудей.

Манбаъ аз қавли Эмомалӣ мирзоев сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба далели калонсол будани синну соли аксар намозгузорон дар кишвар, ҳоло санаи дақиқи бозкушоӣ шудани дари масҷидҳо номаълум аст.

Мирзоев мегӯяд, одамони калонсол ба гурӯҳи хатар шомилан ва аз ин рӯ ин масъала ҳоло мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.

Зимнан, сухангӯи Кумитаи дин Афшини Муқим низ таъкид кардааст, ки риояти фосилаи иҷтимоӣ дар масҷидҳо кори сахт мебошад.

Нахустин намоз дар масҷиди Оя София - пахши мустақим

Ӯ мегӯяд, дар сурати беҳ шудани вазъи коронавирус дар Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити хуб дар масоҷид, ин масъала ҳалли худро пайдо мекунад.

Ёдовар мешавем, масҷидҳои Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ тибқи дастури Шӯрои уламои исломии  кишвар ва тавсияҳои Ситоди муқобила бо вируси корона барои ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус, баста шуд.

Қаблан, Тоҷикистон дари тарабхонаву қаҳвахонаҳоро низ баста буд. Аммо сар аз 15 - уми июл фаъолияти тарабхонаҳо аз сар гирифта шуд ва баргузории тӯю маъракаҳои хурсандӣ бо ҳузури на беш аз 30 нафар иҷозат дода шуд.

416
Барчаспҳо:
намоз, Тоҷикистон, масҷид
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото

Ҷазои Снежанна барои мошинронӣ бо суръати хеле баланд дар Душанбе-видео

0
(Таҷдидшуда 21:06 01.10.2020)
Раёсати умури дохилии Душанбе аз ҷаримабандии ҷавондухтаре хабар дод, ки мошинро дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо суръати 175 километр дар як соат рондаст

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, духтар мошинронияш бо суръати 175 км/соатро ба навор гирифта, дар саҳифаи шахсияш дар Инстаграм нашр намудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз маъмурини милиса хостаанд, ки барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронанда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Раёсати умури дохилӣ хабар дод, ки дар пайи санҷиш муайян шуд, ронандаи мазкур Юдинна Снежанна Руслановна, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳангоми идораи мошини шахсияш “Ауди А4” ба қонуншиканӣ роҳ додааст.

Манбаъ таъкид кард, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ронанда, барои бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт ва гузаштан дар чароғаки сурх санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид.

0
Барчаспҳо:
ҷазо, ронанда, роҳ, Тоҷикистон