Сайджафар Исмонов. Архивное фото

Боз як даъвогар ба курсии Президент: Саидҷаъфар Усмонзода номзадиашро пешбарӣ кард

2768
(Таҷдидшуда 14:52 31.08.2020)
Ҳизби демократи Тоҷикистон бо баргузории анҷуман, имрӯз масъалаи пешбари шудани номзади худ ба интихоботи президентиро матраҳ намудааст

ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Дар анҷумани 16-уми ғайринавбатии ҲДТ, ки субҳи имрӯз доир гардид, пешбари шудани номзад ба интихоботи президентӣ ба баррасӣ гузошта шудааст.

Бино ба иттилоъи манобеъ дар ин ҷаласа ба ҳисоби Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизб, инчунин Таваралӣ Зиёзода муовини раис ва Муҳаммадҷони Авлиё масъули ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб дар миён гузошта шуда, аммо дар даври овоздиҳӣ Саидҷаъфар Усмонзода бо гирифтани аксари орои вакилони ҳизбаш номзади мутлақ дар интихоботи президенти Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.

 Саидҷаъфар Усмонзода, дар интихоботи парлумонии баҳори имсол барои бори дуюм аз ҲДТ вакили парлумон интихоб гардид. Дафъаи қабл дар соли 2015 ба парлумони Тоҷикистон роҳ ёфта буд.

То ҳол ба ҳисоби Усмонзода аз ҲДТ, номзадии ду нафари дигар Абдуҳалим Ғаффорзода аз ҳизби сотсиалистӣ ва Рустам Латифзода аз ҳизби аграрӣ ба интихоботи президентии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд.

Интихоботи президентии Тоҷикистон 11 уми октябри соли ҷорӣ баргузор карда мешавад.

2768
Барчаспҳо:
пешбарӣ, интихобот, президент, Ҳизби демократ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (28)
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Тасдиқи иншооти махсусан муҳими нав дар Тоҷикистон: Ҳукумат аз андозу боҷ озод кард

708
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ба феҳрасти иншооти махсусан муҳим дар ҷумҳурӣ, ки аз сабукиҳо бархӯрдоранд, як адади дигарро зам намуд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, ба феҳрасти иншооти махсусан муҳими Тоҷикистон, сохтмони "Майдони Истиқлол" шомил шуд.

Феҳрасти молу таҷҳизоте, ки барои сохтмони "Майдони Истиқлол" ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, тасдиқ гардида, аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда шуданд.

Сохтмони "Майдони Истиқлол" тобистони соли равон расман оғоз бахшида шуд. Қаблан дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш дода буд, ки масоҳати умумии "Майдони Истиқлол" 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

"Дар ин ҷо майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад", - навишт котиботи раисҷумҳур.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки иншоот аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат мебошад.

Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Қаблан хабар дода шуд, ки Майдони Истиқлол бо маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол ва Озодӣ" муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

708
Барчаспҳо:
Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Аптечка на подстанции скорой и неотложной медицинской помощи, архивное фото

Кумаки навбатии Ожонси Оқохон ба Тоҷикистон дар мубориза бо COVID -19 - навор

99
(Таҷдидшуда 12:53 21.09.2020)
Ожонси Оқохон дар Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, кумаки навбатӣ дар мубориза бо маризии сироятии коронавирус таслим намудааст

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз Ожонси Оқохон оид ба Зистгоҳ доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ба хотири мубориза алайҳи маризии коронавирус дастрас намуд.

Бар хабари котиботи кумитаи мазкур, дар ин маросим Рустам Назарзода раиси КҲФ ва сарвари Ожонси Оқохон оид ба Зистгоҳ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ ширкат карданд. 

Кумаки ироакардаи Ожонси Оқохон аз доруворӣ, корҷомаҳои махсуси бисёркарата, мӯзаҳои резинӣ, айнакҳои ҳифозатӣ, ниқобҳо, сӯзандоруҳо, дастпӯшҳо, дастгоҳҳои набзсанҷӣ, ҳароратсанҷҳои электронии фосилавӣ, антисептикҳо, воситаҳои уфунатзудоӣ, ки барои мубориза бо КОВИД-19 самароварданд, ирорат мебошад.

Коршиноси рус гуфт, ки оё ба Тоҷикистон мавҷи дувуми коронавирус таҳдид мекунад

Таъкид гардид, ки кумаки мазкур барои табобати ҳайати шахсии КҲФ дар сурати мубтало шудани онҳо ба маризии коронавирус равона гардидаст.

Гузашта аз ин, Ожонси Оқохон оид ба Зистгоҳ  як мошини тамғаи "Ниссан" - ро, ки мутааллиқ ба КҲФ буд, пурра таъмир карда, дар ихтиёри кумитаи мазкур гузошт.

99
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, кумак, Бунёди Оқохон