Пыльная буря в Душанбе

Чангу ғубор ва 43 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

349
Ожонсии обуҳавошиносӣ дар Тоҷикистон имрӯз ҳавои тағйирёбандаи камабр ва чангу ғуборро пешгӯӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  камабр ва тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд, хабар едиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан суст дар назар аст.. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15  ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Чангу ғубор: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда дар назар буда, бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, бориши сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 16+21 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 30 +35 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва тағйирёбандаи  бебориш  мешавад. Ҳаво шабона 16+18 ва  рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

349
Барчаспҳо:
чангу ғубор, гармо, обу ҳаво, Тоҷикистон
Эмблема Центральной комиссии по выборам и референдумам  Республики Таджикистан

Номзадҳо барои интихоботи президентӣ чӣ қадар маблағ масраф хоҳанд кард?

17
(Таҷдидшуда 14:36 20.09.2020)
Барномаи таблиғоти барномаҳои интихоботии номзадҳои раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле оғоз шудааст, ки масъулон дар бораи ҳазинаи молии аҳзоби сиёсӣ дар ин марҳала камтар изҳори назар мекунанд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.Танҳо намояндагони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои таблиғоти барномаи интихоботии Меъроҷ Абдуллоев раис ва номзади ин ҳизб 40 ҳазор сомонӣ ҳазина хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ,ҳизби кишоварзии Тоҷикистон барои барномаи таблиғотии Рустам Латифзода раис ва номзади ин ҳизб 15 ҳазор адад шиорнавишта ва варақҳои таблиғотӣ мунташир кардааст ва нашрияи ин ҳизб низ бо шуморагони 40 ҳазор нусха мунташир хоҳад шуд.

Рустам Раҳматзода, раис ва номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон гуфтааст, ки барои таблиғот ба қадри кофӣ манобеи молӣ дар ихтиёр дорад.

Номзадҳо ҳамчунин аз 40 дақиқа замоне, ки телевизиони давлатии Тоҷикистон барои муаррифии барномаҳои интихоботии онон ихтисос додааст, истифода хоҳанд кард.

Аз сӯи дигар ба ғайр аз ҳизби халқии демократӣ бақияи аҳзоби сиёсӣ дар ин кишвар сомонаи интернетӣ надоранд.

Ҳамчунин густариши вируси куруно дидори мустақими номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум ва тавзеҳи барномаҳои интихоботии номзадҳоро ба шиддат маҳдуд кардааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ёздаҳуми октябр баргузор мешавад.

17
Барчаспҳо:
Аҳзоби сиёсӣ, ҳазина, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон
Национальный банк Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро варшикаста эълом нахоҳад кард

176
(Таҷдидшуда 13:52 20.09.2020)
Бонки Миллии Тоҷикистон бо нашри баёнияе эълом кард, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро варшикаста эълом нахоҳад кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.  Дар баёнияи Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки бо вуҷуди дархости муқаррари сандуқи байналмилалии пул барои варшикаста эълом кардани бонкҳои “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” то замони тасвияи ҳисоби ин ду ниҳоди молявӣ бо муштарён аз ин иқдом  худдорӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон дар истинод ба сомонаи Топ Ти Ҷи.

Бояд гуфт, ки чанде пеш сандуқи байналмилалии пул дар тозатарин арзёбии хеш аз авзоъи иқтисодии Тоҷикистон, бори дигар лағви муҷаввизи ду бонки бузурги Тоҷикистонро хостор шуд.

Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистони гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир  бадеҳии Бонки “Агроинвестбонк” ба муштарён 750 миллион сомонӣ аст ва амволу сохтмонҳои идории ин ниҳод ва “Тоҷиксодиротбонк” низ ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Илҳом  Шарифӣ иқтисоддони тоҷик таъкид доштааст, ки варшикаста эълом кардани ин ду бонк ба нафъи ҳукумати Тоҷикистон нест, зеро бахше аз саҳҳоми молии ин ду бонки буҳронзада давлатӣ асту бар асоси муқаррароти ҳукумати Тоҷикистон дар пайи эъломи варшикастагии ин ду ниҳоди молӣ маҷбур аст, ки бадеҳии муштарёнро тасвия кунад, аммо чунин маблағро дар ихтиёр надорад.

176
Барчаспҳо:
Бонки миллӣ, Агроинвестбонк, Тоҷиксодиротбонк, бонк, Тоҷикистон