Школьники сидят за партой в защитных масках

Таътил намешавад: масъулини Суғд гуфтанд, ки чи қадар хонандаҳо ба макотиб ҳозир шудаанд

696
(Таҷдидшуда 17:53 25.08.2020)
Масъулини Раёсати маорифи Суғд гуфтанд, ки овозаҳо дар бораи эълон кардани таътил дар макотиб асос надорад, балки раванди таълим дар муасисаҳои таълимӣ бо маром идома дорад

 ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Сайфулло Раҳматов, муовини сардори Раёсати маорифи Суғд, раванди таълим дар макотибро шарҳ дода гуфт, ки то ин ҷониб 93 % и хонандаҳо ба дарс иштирок доштаанд.

“Ба ҳисоби миёна дар макотиби Суғд то 93 % и хонандаҳо ба дарс иштирок доранд. Иштироки хонандаҳо дар шароити макотиби навоҳии дурдаст, назар ба шаҳри Хуҷанд бештар то 99 % аст”, - гуфт Раҳматов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Муовини сардори Раёсати маориф гуфт, сабти бемории коронавируси навъи COVID-19 хушбахтона дар миёни хонандаҳои макотиб ба қайд гирифта нашудааст, аммо чанд тан аз омӯзгороне, ки дучори маризӣ шуданд, дар шароити хонаҳояшон саривақт ба табобат фаро гиририфта шудаанд.

“То замони анҷоми табобат омӯзгорон аз машғулиятҳои мактабӣ озод карда шуда, ба ҷои онҳо дигар омӯзгорон дарс мегуянд. Баъди ба охир расидани табобат, онҳо дубора сари кори худ бармегарданд”, - афзуд Раҳматов.

Сайфулло Раҳматов дар бораи шумори сироятёбии омӯзгорон дақиқан чизе нагуфт, вале афзуд, ки вазъ мӯътадил аст.

Ин масъули Раёсати маорифи Суғд овозаҳо дар бораи эълони қарантинаи дубора дар макотибҳои Тоҷикистон рад карда гуфт, ки салоҳияти ин кор бар зиммаи Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории COVID -19 аст ва зимнан таҳсил дар макотиби кишвар мунтазам идома дорад.

Чил хонандаи як мактаб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сабаб ба дарс наомадаанд

Бино ба иттилои расмӣ дар соли таҳсили 2019 - 2020 дар 929 муассисаҳои таҳсилоти умумии мавҷудбудаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, 547 ҳазор хонанда аз ҷумла 267 ҳазору 888 духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

696
Девушка в наручниках, фото из архива

Боздошти Миҷгона Умар, котиби суд барои "вазифафурӯшӣ"

15
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар медиҳад, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ, боздоштшуда Музаффарзода Миҷгона Умар дар вазифаи котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе кор карда истода, даст ба порагирӣ задааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда моҳи декабри соли 2019 аз шаҳрванд Солеҳзода М.Д. барои мусоидат кардан дар таъин гардидани ӯ ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ аз охирин маблағи 5000 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ 25000 сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимондаи онро талаб намуд.

“Минбаъд Музаффарзода М.У. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, санаи 15 январи соли 2020 аз Солеҳзода М.Д. ба ҷойи маблағи боқимондаи талабнамудааш як автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” соли бароришаш 2001-ро бо роҳи қаллобӣ гирифта тасарруф намуда, ба охирин зарари калони моддӣ расонид”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, айни ҳол нисбати Музаффарзода М.У. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

15
Барчаспҳо:
пора, боздошт, корманд, Суд, Тоҷикистон
Преступник за решеткой

Баъди алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ: мард 70 ҳазор пешниҳод кард, ки аз ҷавобгарӣ халос шавад

85
(Таҷдидшуда 10:03 23.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 28-сола хабар медиҳад, ки баъди алоқаи ҷинси бо духтари ноболиғ боздошт шудаву барои раҳоияш аз ҷавобгарӣ пора пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод,  боздоштшуда сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норак, ки пеш бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 27-уми июли соли 2020, дар бӯстонсарои “Сомон-Плаза”, воқеъ дар суроғаи шаҳри Норак бо ноболиғдухтари 17-солаи сокини шаҳри мазкур алоқаи ҷинсӣ намудааст.
“Баъдан номбурда санаи 18-уми сентябри соли 2020 бо мақсади озод гардидан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон ҳамчун пора 70 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ пешниҳод мекунад, ки ҳангоми додани пора аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон ва ШКҶ РВКД дар вилояти Хатлон дастгир карда шуд”,-афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 320 қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Аммо ВУД дар бораи шахсияти боздоштшуда иттилои бештаре надодааст.

85