Пожар на западе Москвы

Қаҳрамонони имрӯзи мо: ду ҷавони тоҷик дар шаҳри Маскав кӯдаконро аз оташ наҷот доданд

1273
Ҳангоми сӯхторхомушкунӣ, ки чанде пеш дар шаҳри Маскав рух дод, ду шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон Фирдавс ва Далер дар наҷоти мардум иштирок карданд ва кӯдаки хурдсолро аз хонаи оташгирифта наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ду шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон кӯдаконро аз сӯхторе, ки ахиран дар ғарби шаҳри Маскав рух дод, наҷот доданд, иттилоъ додааст шабакаи Telegram-и ”Москва-24”.

Маълум гардид ин ду ҷавони тоҷик бо номи Далер ва Фирдавс дар ҳамин бинои панҷ ошёна, ки дар кӯчаи Кубинкаи, 4 шаҳри Маскав аст ва дар он ахиран сӯхтор рух додааст, зиндагӣ мекарданд.

“Мо аз кор омадем ва мехостем истироҳат кунем. Ногаҳон ба гуши мо  садои таркиш расид. Фирдавс гуфт биё равем бинем чӣ гап аст, шояд кӯмак лозим бошад”, - гуфт Далер.

Далер и Фирдавс спасшие девочку из пожара в Москве
Далер и Фирдавс, молодые люди из Таджикистана, спасшие девочку на пожаре в Москве

Ин ду ҷавон тоза аз кор омада буданд ва вақте, ки сӯхтор сар зад, зуд ба кӯмаки мардум рафтанд. Аввал ду ҷавони тоҷик ба зане кӯмак расонданд, ки аз сӯхтор осеб дида, дар назди бино афтида буд. Далеру Фирдавс зуд ин занро ба ҷои амн бурданд ва дар нимкатчаи наздиктарин ӯро хобонданд.

Вақте, ки Далер ва Фирдавс садои наҷотро шуниданд зуд ба тарафи зинапояҳои эҳтиётӣ рафтанд ва як зан аз хонаи ба коми оташ гирифта ба онҳо кӯдаконро супурданд.

“Мо ҳама инсон ҳастем ва ба як дигар бояд кӯмак кунем”, - афзуданд ин ду ҷавони тоҷик.

Онҳо илова карданд, ки дар Тоҷикистон низ борҳо ба чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ шудаанд.

Марде, ки духтарчаашро наҷотот доданд, алакай аз ин ду ҷавони тоҷик изҳори минатдорӣ кард.

“Бояд ингуна шахсон зиёдтар бошанд. Агар онҳо намебуданд, ман намедонам, ки бо ман чӣ мешуд”, - ба ёд меорад сокини ҳамин манзили оташгирифта.

Падари кӯдакон таъкид кард, ки ҳангоми сӯхтор дар тиреза ҷавонеро дидам, ки ба ман гуфт “кӯдакро ба ман бидиҳ”. Вай кӯдакамро ба даст гирифту бо зинапоя ба поин ба ҷои амн расонд.

“Дар фикре будем, ки чӣ тавр писарамро наҷот диҳам, хушбахтона ҳамон лаҳза наҷотдиҳандагони ҳолатҳои фавқулодда низ ба ҷои сӯхтор расиданд. Онҳо зуд боло омаданд ва писарамро аз ҷои сӯхтор берун оварданд. Сипас моро ҳам берун оварданд”, илова кард марди ҷабрдида.

 Ёдрас мешавем, ки сӯхтор дар яке аз биноҳои шаҳри Маскав санаи 26 августи соли равон рух дод. Дар ин сӯхтор, ки дар масофаи 55 метри квадратӣ, сурат гирифт, 16 нафар наҷот ёфтанд.

Гуфта мешавад, ки имкон дорад сӯхтор аз таркиши балони газ рух додааст. Аммо Мосгаз таъкид доштааст, ки таҷҳизоти газӣ сабаби сар задани ин сӯхтор нашудааст.

1273
Барчаспҳо:
тоҷик, ҷавон, сӯхтор, оташ, кӯдак, наҷот, Маскав, қаҳрамон, Тоҷикистон
День 28 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

11
(Таҷдидшуда 19:44 27.09.2020)
Рӯзи бисту ҳаштуми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии баҳр мебошад. Ҳамчунин Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ низ 28 сентябр ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 28 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1950 Индонезия ба ҳайати СММ шомил шуд.

Соли 1960 дар Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ фармондеҳии ягонаи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ таъсис дода шуд.

Соли 1992 аввалин маротиба маъракаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русияоғоз гардид.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба тақсимот ва муайянкунии сарҳади давлатӣ ба кори худ оғоз кард, ки то 5 октябр давом ёфт.

День 26 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон форуми тиҷоратӣ баргузор гардид.

Соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ"-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эмомалӣ Раҳмон  дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи "Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим" суханронӣ карда буданд.

Соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ифтихори 25 – солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ байни ду давлат барномаи фарҳангии «Шоми дӯстии Тоҷикистону Корея» баргузор гардид.

Соли 2017 Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии баҳр.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ.
  • Дар Русия – Рӯзи кормандони саноати атомӣ.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1898-1940) Ходими давлатӣ Сурен Шадунс.

Соли 1951 Риёзидон  Сайфулло Бобоев.

Соли 1954 доктори илмҳои таърих, профессор Музаффар Олимов.

Соли 1957 Ходими намоёни давлатӣ Муҳаммад Шарифов.

11
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Мужчина в защитной маске

Омори коронавирус дар Тоҷикистон: 45 нафар шифо ёфтанду 41 тани дигар бемор шуданд

375
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори як рӯзи ахир аз фавту шифоёбӣ ва мубталошавии сокинон ба коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 41 ҳолати ҷадиди сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 93 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Вазорат теъдоди умумии гирифторони маризии коронавирусро ба 9 646 нафар арзёбӣ кард.

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Ҳамзамон, то санаи  27 сентябр дар мамлакат  8430 ё 87, 4 дарсади беморон аз COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 75 нафар фавтидаанд.

Зимнан, Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

375
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон