Посухе нест, ки чаро: гази моеъ дар Тоҷикистон боз гаронтар шуд

© Pixabay / ElyPennerЦистерна прицепленная к грузовику, архивное фото
Цистерна прицепленная к грузовику, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар соли 2019 Тоҷикистон 430 ҳазор тонна гази моеъ, ҳудуди 180 ҳазор тонна бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тонна газоил аз Русия ва Қазоқистон ворид кард

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Нархи ҳар летр гази моеъ дар Тоҷикистон дар як моҳи ахир бо афзоиши 40 то 60 дирамӣ ба 4 сомонию 60 дирам то 4 сомонию 70 дирам расида, ки муҷиби нигаронии ронандагон шудааст, менависад "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи ТопТҶ.

Як моҳи қабл нархи ҳар летр гази моеъ, ки 70 дарсади худравҳои Тоҷикистон аз он ба унвони сӯзишвории аслӣ истифода мекунанд, ба 4 сомонию 20 дирам расида буд ва акнун ба 5 сомонӣ наздик мешавад.

"Ин дар ҳолест, ки дар замони карантин ва маҳдудиятҳои равуо ба далели густариши коронавирус дар Тоҷикистон нархи як летр гази моеъ 2 сомонию 50 дирам буд", - афзудааст манбаъ.
Дмитрий Гусев - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос сабабҳои ҷаҳиши  нархи гази моеъ дар Тоҷикистонро гуфт

Абдулмаҷид Муъминзода, раиси Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон муътақид аст бар асоси баррасии ин ниҳод бояд нархи ҳар летр гази моеъ се сомонию 20 дирам бошад.

Вай дар нишасти хабарии моҳи июли гузашта ваъда дода буд, ки ин мавзӯъро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ хоҳад кард, аммо бо гузашти беш аз як моҳ аз ин изҳори назар нархи гази моеъ ҳамчунон меафзояд ва масъулони ин ниҳод ҳозир ба посухгӯӣ дар бораи иллати ин навасонҳо нестанд.

Гази моеъ дар Тоҷикистон гарон шуд

Мақомоти 15 ширкати воридкунандаи гази моеъ дар Тоҷикистон муддаӣ ҳастанд, ки Русия, Қазоқистон ва Узбакистон ба унвони кишварҳои содиркунанда, нархи ин навъи сӯзишвориро афзоиш додаанд.

Дар соли 2019 Тоҷикистон 430 ҳазор тонна гази моеъ, ҳудуди 180 ҳазор тонна бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тонна газоил аз Русия ва Қазоқистон ворид кард.

 

Лентаи хабарҳо
0