Доллары и чайник

Бонки осиёии рушд дар се сол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 323 миллион доллар кумакпулӣ медиҳад

69
(Таҷдидшуда 16:37 27.08.2020)
Бонки осиёии рушд тасмим дорад дар давраи солҳои 2021-2023 ба Тоҷикистон ба маблағи 323 млн доллар кумаки бебозгашт диҳад

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бино бар иттилои хадамоти матбуоти Бонки осиёии рушд (БОР), маблағҳо барои таъмини талаботи кишвар ба рушд равона мегарданд. Ғайр аз ин, дар ин давра БОР ба ҷумҳурӣ ба сифати кумаки техникӣ барои таълиму донишомӯзӣ ва таҳияи лоиҳаҳо 5,25 млн доллари дигар ҷудо хоҳад кард.

Ба гуфтаи намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава, нақшаи мазкур ба дастгирии ҳадафҳои Стратегияи миллии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 нигаронида шуда, бо Стратегияи БОР барои давраи то соли 2030 мувофиқа мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар нақша инчунин гузаштан ба стратегияи шарикии БОР бо кишвар дар давраи солҳои 2021-2025 пешбинӣ шудааст, ки айни замон мавриди таҳия қарор дошта, ба ҷараёни номуайяни пандемияи COVID-19 мутобиқ мегардад.

Нақша барои солҳои 2021-2023 лоиҳаҳо оид ба баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ ва идоракунии захираҳои обӣ, инчунин рушди зерсохтори шаҳрӣ ва бахши энергетикаро дар бар мегирад.

БОР инчунин дастгирии лоиҳаҳо оид ба рушди соҳаи тандурустӣ, беҳбуди бахши молиявӣ, рушди сайёҳӣ, баланд бардоштани устуворӣ ба офатҳои табиӣ ва беҳбуди минбаъдаи вазъи роҳҳоро низ ба нақша гирифтааст.

Илова бар ин, ба нақша лоиҳаҳо дар мавриди пешбурди идоракунии электронӣ ва беҳбуди сатҳи таълим дар соҳаи илмҳои табиӣ, технология, муҳандисӣ ва математика низ дохил шудаанд.

Маблағи ниҳоии кумаки пешбинишудаи БОР ба омилҳои гуногун, аз қабили мавҷуд будани захираҳо, омодагии лоиҳаҳо ва натиҷаҳои арзёбии дастовардҳои миллӣ дар кишвар вобаста хоҳад буд.

Соли 2020 аз ҳаҷми умумии 320 млн доллар кумаки БОР ба Тоҷикистон бо шумули лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёту бахши кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, идоракунии соҳаи давлатӣ, маориф ва энергетика интизорӣ меравад.

Аз замони ба узвияти БОР пазируфта шудани Тоҷикистон дар соли 1998, Бонк ба кишвар ба маблағи зиёда аз 1,9 млрд доллар кумаки молиявиро тасдиқ намуд, ки аз ин миқдор наздики 1,4 млрд доллараш ба сифати грант дода шуд.

69
Барчаспҳо:
бебозгашт, кумакпулӣ, кумак, БОР, Тоҷикистон
Паспотр РФ, архивное фото

Хонавайронӣ ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русия

374
Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 71 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин теъдод нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат кам аст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Соҷида Нуридинзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид кардааст, ки  гарчанде ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо имсол камтар ба қайд гирифта шудааст, ин вазъ нигаронкуннад аст.

Вай афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аризаҳое, ки барои ҷудо кардани оилаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ба бахши САҲШ-и ноҳия ворид шуданд хело зиёд аст.

Соҷида Нуридинзода қайд кардааст, ки аз теъдоди ҷудошавии оилаҳо танҳо 7 ҳолаташ бо аризаи тарафҳо  ва 64 ҳолати дигар бо ҳалномаи суд бекор шудаанд.

Ин шахси масъул, омили ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳияи Хуросон гирифтани шаҳрвандии Русия арзёбӣ кард.

“Ҳангоми суҳбату вохуриҳо бо оилаҳое, ки ақди никоҳи худро бекор карданд маълум гашт, онҳо зиндагии муштарак доранд, аммо ба хотири шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст овардан, ақди никоҳашонро бекор кардаанду маълумотномиа муҷаррад буданро мегиранд”, - таъкид дошт Соҷида Нуридинзод.

Ҳамчунин вай сабиб бекор шудани 7 оилаи дигарро, ки бо розигии тарафҳо ҷудо шудаанд, бефарзандӣ арзёбӣ кард.

374
Барчаспҳо:
бекор кардан, никоҳ, оила, ҷудошавӣ, шаҳрвандии Русия, Русия, Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ: боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии COVID-19 сабт шуд

179
(Таҷдидшуда 20:23 24.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 101 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9520  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  24 сентябр дар кишвар  8296  (87,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 74  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

179
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, вирус, маризӣ, гирифторон, омор, вируси корона, Тоҷикистон

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия