День 28 августа

Ҷашнҳои рӯзи 28 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

84
(Таҷдидшуда 19:55 27.08.2020)
Рӯзи бисту ҳаштуми август дар Чин Рӯзи Тси Си, яъне Рӯзи ошиқон ҷашн гирифта мешавад. Дар Гонконг бошад аз Рӯзи озодкунӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 28 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1936 ширкати автомобилии "Тойота" таъсис дода шуд.

День 24 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1966 дар Аргентина ҳуқуқи корпартоӣ бекор карда шуд.

Соли 1973 дар Иёлоти Оахакаи Мексика дар натиҷаи заминҷунбии иқтидораш 6.8 балл зиёда аз 520 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1991 Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев оид ба хатми истифодаи машқгоҳи Семипалатинск Фармон баровард.

Соли 1933 полиси Англия аввалин маротиба радиоро барои дастгир кардани ҷинояткор истифода бурд.

Рӯзи 28 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон муносибати дипломатӣ барқарор гардид.

Соли 2000 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои  исмоилиҳои ҷаҳон шоҳзода Оғо Хони IV барои дар шаҳри Хоруғ бунёд намудани Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ созишнома ба имзо расониданд.

 

Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото
Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото

 

Соли  2003  аввалин ҳавопаймои мусофирбар аз Кобул ба Душанбе парвоз кард.

Соли 2008 миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати чинии «Yunnan Phosphate Chemical Group Co., LTD» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ   ба имзо расид.

День 27 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2009 минтақаҳои озоди иқтисодии "Ишкошим" ва "Данғара" таъсис дода шуданд.

Соли 2012 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, яке аз қуллаҳои баланди бе номи қаторкӯҳи Помир, ки аз ҷониби 75 нафар кӯҳнавардон аз 17 кишвари ҷаҳон фатҳ гардидааст, "20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" номгузорӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 24-умин  солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардониданд

Ҷашнҳои рӯзи 28 август

  • Дар Гонконг  —  Рӯзи озодкунӣ.
  • Дар Чин – Рӯзи Тси Си — иди ошиқон.
84
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон

Марги як тоҷикистонии дигар аз COVID - 19: вазорат аз 41 ҳолати нави мубталошавӣ гуфт

452
(Таҷдидшуда 19:24 01.10.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз маризии сироятии коронаиврус боз як дардманди дигар ҷон аз даст дод

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар кишвар як маризи коронавирус ба ҳалокат расид.

Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, ҳамчунин рӯзи гузашта боз 42 ҳолати нави мубталошавии сокинон ба ин вирус сабт гардид.

Ба ҳамин минвол, аз 30 апрел то 1 октябр дар ҷумҳурӣ шумораи умуми маризони коронаиврус ба 9811 нафар баробар шуд.

Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро то ҳол аз Русия воксинаи зидди коронавирус дархост накардааст

Гуфта мешавад, то имрӯз дар мамлакат 8617  нафар ё худ 87,7 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 77 нафар фавтидаанд.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки шабонарӯзи охир 71 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30 - юми сентябр низ як ҳолати фавт аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

452
Барчаспҳо:
бемор, фавт, маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Новая мечеть в Душанбе

Тоҷикистон кай дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон мекушояд?

400
(Таҷдидшуда 18:23 01.10.2020)
Дар Тоҷикистон ҳамоно дар робита ба авҷи маризии сироятии коронавирус дари масҷидҳо барои намозгузорон баста аст

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам намозгузорӣ дар масҷидҳо номумкин аст, хабар медиҳад Парс тудей.

Манбаъ аз қавли Эмомалӣ мирзоев сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба далели калонсол будани синну соли аксар намозгузорон дар кишвар, ҳоло санаи дақиқи бозкушоӣ шудани дари масҷидҳо номаълум аст.

Мирзоев мегӯяд, одамони калонсол ба гурӯҳи хатар шомилан ва аз ин рӯ ин масъала ҳоло мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.

Зимнан, сухангӯи Кумитаи дин Афшини Муқим низ таъкид кардааст, ки риояти фосилаи иҷтимоӣ дар масҷидҳо кори сахт мебошад.

Нахустин намоз дар масҷиди Оя София - пахши мустақим

Ӯ мегӯяд, дар сурати беҳ шудани вазъи коронавирус дар Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити хуб дар масоҷид, ин масъала ҳалли худро пайдо мекунад.

Ёдовар мешавем, масҷидҳои Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ тибқи дастури Шӯрои уламои исломии  кишвар ва тавсияҳои Ситоди муқобила бо вируси корона барои ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус, баста шуд.

Қаблан, Тоҷикистон дари тарабхонаву қаҳвахонаҳоро низ баста буд. Аммо сар аз 15 - уми июл фаъолияти тарабхонаҳо аз сар гирифта шуд ва баргузории тӯю маъракаҳои хурсандӣ бо ҳузури на беш аз 30 нафар иҷозат дода шуд.

400
Барчаспҳо:
намоз, Тоҷикистон, масҷид
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото

Ҷазои Снежанна барои мошинронӣ бо суръати хеле баланд дар Душанбе-видео

0
(Таҷдидшуда 21:06 01.10.2020)
Раёсати умури дохилии Душанбе аз ҷаримабандии ҷавондухтаре хабар дод, ки мошинро дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо суръати 175 километр дар як соат рондаст

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, духтар мошинронияш бо суръати 175 км/соатро ба навор гирифта, дар саҳифаи шахсияш дар Инстаграм нашр намудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз маъмурини милиса хостаанд, ки барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронанда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Раёсати умури дохилӣ хабар дод, ки дар пайи санҷиш муайян шуд, ронандаи мазкур Юдинна Снежанна Руслановна, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳангоми идораи мошини шахсияш “Ауди А4” ба қонуншиканӣ роҳ додааст.

Манбаъ таъкид кард, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ронанда, барои бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт ва гузаштан дар чароғаки сурх санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид.

0
Барчаспҳо:
ҷазо, ронанда, роҳ, Тоҷикистон