Садамаи маргбор дар роҳи Айнӣ - Панҷакент: ронанда ба дарахт бархӯрду мусофир ҳалок шуд

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент садамаи маргбор рух дод. Ронанда аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳи нақлиётгарди Айнӣ - Панҷакент хабар медиҳад.

Новая эстакада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд: садама дар эстакадаи Душанбе - видео

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 26 - уми август, тахминан соати 19:30 дақиқа рух додааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Сатторов Рамазони 26 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Л.Шералии шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Айнӣ-Панҷакент, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сучина, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур, Қосимов Беҳрӯзи 26 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Л.Шералӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0