Бидуни фавт ва 32 гирифтори ҷадид: вазорат омори нави COVID - 19 - ро нашр кард

697
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз 32 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи охир 82 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 30 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Изобретение Худжандского государственного университета имени Бободжона Гафурова для дефинфекции рук
пресс-служба ХГУ имени Бободжона Гафурова

Гузашта аз ин, шабонарӯзи гузашта 32 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  8481 нафар баробар гардид.

Путин: ваксинаи дуюми Русия алайҳи коронавирус моҳи сентябр мебарояд

Ҳамзамон, то санаи  28 август дар мамлакат  7276  (85,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 68  нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

697
Барчаспҳо:
омор, Вазорати тандурустии ҶТ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (747)
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1909
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1909
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

846
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

846
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд