День 29 августа

Ҷашнҳои рӯзи 29 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

65
(Таҷдидшуда 20:24 28.08.2020)
Рӯзи бисту нӯҳуми август аз Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди амали санҷишҳои ядроӣҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 29 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1793 дар Санто-Доминго – пойтахти Ҷумҳурии Доминикан ғуломӣ манъ карда шуд.

Соли 1949 Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин санҷиши бомбаи атомиро гузаронид.

Соли 1954 Фурудгоҳи байналмилалии Сан-Франсиско ифтитоҳ гардид.

Соли 1936 дар Британияи Кабир аввалин маротиба пахши мустақими мусобиқаи футбол миёни клубҳои «Арсенал» ва «Эвертон» ба роҳ монда шуд

Рӯзи 29 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1990 аввалин шумораи рӯзномаи "Садои мардум" нашр шуд.

Соли 2013 дар Китобхонаи миллиии Тоҷикистон намоиши аксҳои "Қазоқистон дар замони муосир" баргузор гардид.

Соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати содирот"-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.

День 28 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ баргузор гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе мутобиқи барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машваратҳои консулӣ доир шуданд.

Соли 2008 дар шаҳри Душанбе баъди анҷоми мулоқоти расмӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев  Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иртиботи оммаи Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 27 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубиш масоили вобаста ба вазъи вақт ва дурнамои Афғонистон ва ҳамгироии байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Соли 2013 дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи бузурги истеҳсоли семент, ки дар як сол 1 миллион тонна  маҳсулот истеҳсол мекунад, ба кор дароварда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 август

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди амали санҷишҳои ядроӣ.
  • Рӯзи шӯриши миллии словакҳо.
65
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон

Вазорат тасдиқ кард: дар Тоҷикистон шумори ҷонбохтагон бар асари COVID-19 афзоиш ёфт

228
(Таҷдидшуда 22:19 30.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавту шифоёбии шаҳрвандон аз маризии вируси коронаро нашр кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ шаббнарӯзи гузашта 74 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

Тавре манбаъ қайд кардааст дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9769 нафар баробар гардидаст.

Инчунин,  таъкид шудааст, ки то санаи  30 сентябр дар мамлакат  8572  (87,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 76  нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

228
Барчаспҳо:
афзоиш, вазорат, сироят, омор, вируси корона, Тоҷикистон
Футбольный мяч на поле, архивное фото

Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон варзишгоҳи муосир бунёд шуд

33
(Таҷдидшуда 21:40 30.09.2020)
Дар рӯзи ифтитоҳи варзишгоҳ Хонаи фарҳанги деҳа низ пас аз таъмиру таҷдид дари худро ба рӯи сокинон боз намуд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон варзишгоҳи муосир ба истифода дода шуд. 

Дар варзишгоҳ барои машқ ва мусобиқа аз намудҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд, давидан ба масофаи кӯтоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Директори мактаби №10-и деҳаи мазкур Акимбек Акимбеков гуфт, ки "ин варзишгоҳ дар наздикии бинои таълимгоҳ  воқеъ аст. Дар мувофиқа бо бахши ҷавонон ва варзиши назди мақомоти ноҳия то нисфирӯзӣ хонандагони таълимгоҳ дар ин варзишгоҳ  дарси тарбияи ҷисмонӣ мегузаронанд ва пас аз анҷоми дарс он дар ихтиёри ҷавонони деҳа гузошта мешавад".

Муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон Гулмаст Дӯсталиев гуфт, ки "Ҳукумати ҷумҳурӣ ба солимии насли наврас таваҷҷуҳи зиёд равона месозад ва инро мо дар ноҳияи худ низ мушоҳида мекунем. Танҳо дар се соли охир се варзишгоҳи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуданд".

Ба иттилои Дӯсталиев барои бунёди ин варзишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 650 ҳазор сомонӣ сарф шуд.

Ҳоло сохтмони майдони футбол дар маркази ноҳия барои 6 ҳазор ҷои нишаст идома дошта, дар назар аст, ки  дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба истифода дода шавад.

33
Барчаспҳо:
Варзишгоҳ, Рӯшон, ВМКБ
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

0
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон