Светящиеся искусственные деревья в Душанбе

Тағйирёбанда: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

136
(Таҷдидшуда 11:17 29.08.2020)
 Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва камабр дар назар аст.  Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе 33+35 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст.   Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 26 +31 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 15+17 ва  рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

136
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, пешгӯӣ, шамоли сахт, гармӣ, Боду ҳаво
Чрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов

Сатторов дар бораи донишҷӯёни дар Тоҷикистон бандмонда ва даъват аз шаҳрвандон

1
Бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар Русияро сафири ҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов шарҳ дод

Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, ки ҳангоми пандемияи коронавирусӣ рафтанд, мушкил боқӣ мемонад, гуфт Имомуддин Сатторов, сафири фавқулодда ва мухтори ҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия.

Сатторов о положении таджикских студентов в России

Дипломат даъват кард, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ниёзи фаврӣ надоранд, Русияро тарк накунаyд.

"Дар ин бора мо тобистон, вақте ҳама фикр мекарданд, ки мераванду тез бармегарданд, сӯҳбат кардем. Асосан мо пешгӯӣ кардем, ки вазъи эпидемиологӣ ба ҳама шаҳрвандон имкон намедиҳад, ки баргарданд. Мо инчунин донишҷӯёне, ки тоза ба таътил баромадаву рафта буданд, даъват кардем, гарчанде онҳо метавонистанд дар ин ҷо мунтазир шаванд ",-гуфт Сатторов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Сафир қайд кард, ки айни замон мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар бораи баргардонидани донишҷӯёне, ки аз Федератсияи Русия ба ҷумҳурӣ рафтаанд, гуфтушунид доранд. Диққати махсус ба донишҷӯёни курси якум дода мешавад.

Вазири маорифи Русия гуфт, чӣ қадар донишҷӯёни хориҷӣ мунтазири омадананд

Бо сабаби пандемия, зиёда аз 100 ҳазор донишҷӯёни хориҷӣ наметавонанд ба Федератсияи Русия оянд

Ҳамзамон, ӯ илова кард, ки аз Тоҷикистон ба Русия омадаану баъдан дар хобгоҳ  тариқи фосилавӣ таҳсил кардан, маъно надорад.

1
Барчаспҳо:
донишҷӯён, сафир, Русия, Тоҷикистон
Спичка, архивное фото

Пулро дуздиду хонаро оташ зад: боздошти хонандаи синфи 10 дар Истаравшан

163
(Таҷдидшуда 18:08 01.10.2020)
Мақомоти милитсия аз боздошти як ноболиғи 16 - сола, хонандаи синфи 10, сокини шаҳри Истаравшан хабар медиҳад, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ ва сӯзонидани хона даст задааст

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд рухдоди ин ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.

"Сокини 16 - солаи шаҳри Истаравшан, хонандаи синфи 10, ки ҳоло танҳо аз вай Д. Б. ном бурда мешавад, санаи 10 - уми сентябр, соати 07: 30 ба манзили соҳибкор, марди 38 - солаи сокини ин шаҳр воқеъ дар кӯчаи Ҳакимова дохил шуда, 4 ҳазору 400 доллари амрикоиро тасарруф намуд", - шарщ дод Шарифӣ.

Ба изҳори ӯ, ноболиғ барои рӯйпуш кардани изи ҷинояти содиркардааш, хонаи соҳибкорро оташ зад.

Дар асоси муроҷиатномаи соҳибкор, кормандони милитсия хонандаи синфи 10 - и яке аз макотиби Истаравшанро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти мазкур муттаҳам дониста мешавад.

Боздошти сокини Вахш барои дуздӣ дар даҳ масҷиди ду ноҳия-видео

Гуфта мешавад, навраси 16 - сола, ба ҷузъ аз дузди маблағ, аз ҳисоби оташ задани манзили истиқоматӣ ба соҳибхона боз 30 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 244 (дуздӣ) ва 255 (қасдан несту нобуд кардани молу амвол) - и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, ноболиғ ба ҳабс гирифта шудааст.

163
Барчаспҳо:
боздошт, ноболиғ, дуздӣ, Истаравшан