Председатель Аграрной партии Рустам Латифзода

Ба бисёрзанӣ иҷозат медиҳам: нахустин номзад ба президентӣ кадом ваъдаҳоро додааст?

2910
(Таҷдидшуда 16:15 29.08.2020)
Нахустин номзад ба курсии президентии Тоҷикистон дар Интихобот-2020, ки 11 октябр баргузор мешавад, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода ваъда додааст, ки бисёрзаниро қонунӣ мегардонад

Аввали моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Ҳизби аграрии кишвар ба ин маъркаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда номзади худро пешбарӣ кард.

 

Ваъдаҳои пешазинтихоботии Рустам Латифзода

Раиси Ҳизби аграрӣ нахустин номзаде буд, ки хост дар интихоботи раисҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзад.

Ӯро дар ҷаласаи ҳизб 15 августи соли равон пешбарӣ карданд.

Шиори ҳизбаш: "Зиндагии хуб барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон".

 Ваъдаҳои пешазинтихоботӣ:

  • Ба эътидол овардани баҳсҳои марзӣ ва аз ҳисоби кӯчонидани тоҷикони этникӣ ба хотири ҳаёти осоишта бо муҳайё кардан ба дигар этносҳо ҳудудҳои кафолатдодашуда барои зиндагӣ
  • Воридшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо дарназардошти манофеи миллӣ
  • Пурра озод кардани соҳаи хоҷагии қишлоқ аз андоз
  • Барои дастгирии хоҷагии қишлоқ аз ҳисоби шарикони рушд ва дигар манбаҳо ташкили Фонд ё Бонк
  • Барои ҳамагуна ширкатҳои саноативу истеҳсолӣ стандартҳои ягона ҷорӣ кардан
  • Дубаробар зиёд кардани маоши муаллимони мактабҳои миёна
  • Қонунӣ гардонидани бисёрзанӣ

Рустам Латифзода 27 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. 

Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳшиносии шаҳри Ленинград (имрӯз Санкт-Петербург)-ро хатм кардааст.

Ҳакимов: иштироки ҲСДТ дар интихобот дар чунин шароит ғайриимкон аст

Ихтисосаш муҳандис -гидротехник, муҳандис эколог.

Ӯ ҳамчунин узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон  мебошад.

фаъолияти кориро Рустам Латифзода  аз соли 1984 ба ҳайси муҳандис, муҳандиси калони Колонаи механиконидашудаи сайёри 31, муассисаи сохтмони махсуси “Тоҷикводстрой” оғоз кардааст.

Сипас соли 1989 ба ҳайси сармутахассис, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии ҳифзи табиати Тоҷикистон кор кардааст.

Аз солҳои 1993 то 2001 мутахассис, сармутахассиси шуъбаҳои Коплекси агросаноатӣ шуъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор  кардааст.

Пас аз соли 2001 то соли 2004 дар вазифаи муовини аввали вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Солҳои 2004 - 2006 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2006 то 2007 ба ҳайси Директори Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Тоҷикистон фаъолият дошт.  

Аз соли 2007 то 2008 сардори Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиати Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Тоҷикистон ва аз соли 2008 то соли 2010 ба ҳайси сардори Раёсати захираҳои об, илм ва техникаи Вазорати мелиолратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон кор кардааст.

Нахустин даъвогар ба курсии президент дар Тоҷикистон кист?

Дар соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чаҳорум интихоб гардид.

Ҳамчунин Рустам Латифзода аз соли 2013 то соли 2014 дар вазифаи раиси ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон кор кардааст.

Дар соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб шуд.

2910
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
День 27 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

16
(Таҷдидшуда 18:07 26.09.2020)
Рӯзи 27 сентябр Рӯзи байналмилалии туризм буда, дар Муғулистон – Рӯзи телевизион ва дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ мебошад

Рӯзи 27 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1791 ба яҳудиёни Фаронса шаҳрвандӣ дода шуд.

Соли 1821 Мексика аз Испания ҷудо шуда, истиқлолият ба даст овард.

День 26 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1905  дар Ню-Йорк занеро барои дар дохили автомобил кашидани тамоку ҳабс карданд.

Соли 1941 Сурия давлати мустақил эълон шуд.

Соли 1953 Ҷопон қувваҳои миллии худмуҳофизатиашро таъсис дод.

Соли 1977  аввалин неругоҳи атомии Украина нахустин бор  ҷараёни барқ ҳосил кард.

Соли 1990 ИҶШС ба Интерпол ҳамроҳ шуд.

Рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 2013 шаҳрдори Душанбе мусиқии баландро дар автобус ва дигар нақлиёти мусофиркаш манъ кард.

День 25 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «ВАО ва муҳоҷират» ҷамъомад баргузор гардид.

Соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими ифтитоҳи намоиши серӯзаи молҳои содиротии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Тавилдара бинои муҳташами «Кохи фарҳанг» расман ба истифода дода шуд.

Соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии туризм.
  • Дар Муғулистон – Рӯзи телевизион.
  • Дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ.

Рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Таисия Иванова (1932) – доктори илми биолог.

Мавҷигули Зардодхон (1963-2011) – шоира.

Равшан Махсумзод (1963) – нависанда.

Боймуҳаммад Ниёзов (1927 – 2009) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Людмила Никулина (1934) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Зоя Румянсева (1916-2001) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Хуршеда (Обидова ) (1974)- шоира.

16
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Флаг Ирана

Эрон аз мубодилаи маҳкумони эронӣ ва тоҷикистонӣ хабар дод

116
(Таҷдидшуда 19:14 26.09.2020)
Мақомоти Эрон аз мубодилаи ду маҳкуми эронӣ ва тоҷикистонӣ ва интиқоли яке аз маҳкумони эронӣ аз Қазоқистон ба кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Маҳмуди Аббосӣ, муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарӣ ва раиси Кумитаи интиқоли маҳкумони Эрон,  иттиҳоми ин афродро қочоқи маводи мухаддир унвон кард ва ба афроде, ки ба кишварҳои Осиёи Миёна ва минтақаи Қафқоз сафар мекунанд ҳушдор дод, муҷозотҳои сангине дар қиболи иртикоби ҷурм бавижа қочоқи маводи мухаддир ва маводи равонгардон дар интизори онҳо аст, иттилоъ додааст ИРНА.

Оқои Аббосӣафзудааст, ки интиқоли маҳкумон илова бар инки тобеи иродаи сиёсии кишварҳо аст ва ҳазинаи сангине бар байтулмол таҳмил мекунад, инъиқоди мувофиқатномаи маҳкумон илзоман ба маънеи интиқол нест ва ин мавзу ба иродаи сиёсии кишварҳо бар мегардад, бинобар ин таъкиди мо бар худдорӣ аз иртикоби ҷурм аз ноҳияи афрод ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм тавассути дастгоҳҳои масъул аст.

Раиси кумитаи интиқоли маҳкумон изҳор дошт, ҳамкории хубе байни вазорати додгустарӣ ва муовинати умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон шакл гирифта ва бояд аз руйкарди ҳамаҷонибаи муовини умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон ташаккур ва қадрдонӣ кунем, ки зимни мувофиқат бо ташкили кори гуруҳи пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм дар Кумитаи ҳуқуқӣ ва қазоии ҳимоят аз эрониёни хориҷ аз кишвар, заминаи муносибе барои пардохтан ба ин мабоҳис дар қиболи эрониёни хориҷ аз кишвар фароҳам карданд.

116
Барчаспҳо:
табибони эронӣ, тоҷикистонӣ, мубодила, маҳбус, интиқол, маҳкум, Эрон, Тоҷикистон