Пустое кресло

Тағйироти кадрӣ дар Норак: чаро вазир сардухтури беморхонаи марказии шаҳрро барканор кард?

1320
(Таҷдидшуда 14:25 30.08.2020)
Тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Норак бино бар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шуд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак, ахиран дар толори беморхонаи марказӣ ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории Covid-19 баргузор гардид.

Гуфта шудааст, ки дар оғози кори ҷаласа ба иштирокчиён фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон оид ба тағйиротҳои кадрӣ ироа гардида, сардухтури беморхонаи марказии шаҳр Каҳҳорзода Тағойбек ба таври гузариш ба мансаби менеҷери шабакаи кӯмаки аввалияи тиббии санитарӣ (КАТС) ва иҷрокунандаи мансаби менеҷери КАТС Файзиддинзода Сайвалӣ ба мансаби сардухутури беморхонаи марказии шаҳр таъин гардиданд.

Инчунин манбаъ таъкид дошт, ки дар рафти кори ҷаласаи ситод таваҷҷуҳи ҳозирин ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ, истифодаи ҳатмии ниқоб ва иҷрои тамоми тавсияҳои беҳдоштӣ аз ҷониби аҳолӣ ҷалб гардид.

 Мақломоти шаҳри Норак зикр кардааст, ки дар бисёри аз кишварҳо марҳилаи дуюми ин беморӣ авҷ гирифта истодааст ва мақомоти минтақа зарур аст, ки барои сиҳатии мардум тамоми чораҳои имконпазирро андешем.

1320
Барчаспҳо:
барканор, барканорӣ, озод, вазифа, духтурон, беморхона, Норак, тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон
Мужчина в защитной маске

Омори коронавирус дар Тоҷикистон: 45 нафар шифо ёфтанду 41 тани дигар бемор шуданд

181
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори як рӯзи ахир аз фавту шифоёбӣ ва мубталошавии сокинон ба коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 41 ҳолати ҷадиди сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 93 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Вазорат теъдоди умумии гирифторони маризии коронавирусро ба 9 646 нафар арзёбӣ кард.

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Ҳамзамон, то санаи  27 сентябр дар мамлакат  8430 ё 87, 4 дарсади беморон аз COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 75 нафар фавтидаанд.

Зимнан, Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

181
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
http://1news.uz/culture/ozodbek-nazarbekov-vystupil-protiv-besplatnykh-vystupleniy-/

Назарбеков: "сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати кишвардорони ҳар ду давлат маншаъ мегирад"

62
(Таҷдидшуда 18:10 27.09.2020)
Вазири фарҳанги Ӯзбекистон, ки феълан дар Тоҷикистон қарор дорад, аснои мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ изҳор дошт, сулҳе, ки феълан миёни ин ду кишвар побарҷост аз сиёсати Раҳмону Мирзиёев маншаъ мегирад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik.Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, ки дар раъси намояндагони илму фарҳанги кишвараш дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз дар мизи мудаввар бахшида ба дӯстии мардумони ин ду кишвар, иштирок намуд.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ба Тоҷикистон омад

Бар хабари котиботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар оғози ҳамоиш Зулфия Давлатзода вазири тоҷик иброз намуд, ки таърихи миллати тоҷик ва ӯзбек то андозае ба ҳам наздик мебошанд. 

"Дар шароити душвори пандемия аҳолӣ пеш аз ҳама ба фарҳанг ниёз дорад, зеро фарҳанг ба онҳо имкон медиҳад бо рӯҳияи болида ва иродаи қавӣ ба вазъиятҳои бӯҳронӣ мубориза баранд", - изҳор доштааст Вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Зимнан, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков низ иброз намудааст, ки ин нахустин сафари онҳо ба Тоҷикистон нест.

"Сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати пешгирифтаи президентони  ҳарду  давлат маншаъ мегирад. Тавсеаи равобити судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шароити ҷомеаи муосир саҳифаи наверо дар муносиботи гуногунсамтаи ду давлат  боз намуд", - афзудаст Назарбеков.

Дар ҷараёни мизи мудавар намояндагони ҳар ду ҷониб доир ба рушди муносибатҳои илмию фарҳангӣ изҳори назар намуда, нақши сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ҳар ду давлатро дар тақвияти ин ҳамкориҳо муҳим шумориданд.

62
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Сангҳои сари роҳ, акс аз бойгонӣ

Раҳмон аз бошишгоҳи одамони асри санг ва шаҳри Мунк дар Ховалинг гуфт

0
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз мавзеъҳои таърихӣ дар ноҳияи Ховалинг гуфта, дастур дод, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ ба онҳо бештар ҷалб карда шаванд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ноҳияи Ховалинг бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании худ маълуму машҳур мебошад.

Ӯ афзуд, дар ҳудуди он шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили мазори Султон Увайси Қаранӣ, Боғ – осорхонаи Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг ва маъбади буддоии Чепол мавҷуданд, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бисёр ҷолиб мебошанд.

“Аз ин лиҳоз, обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳарчи бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.”, - омадааст дар матни суханронии раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Раҳмон, илова ба ёдгориҳои нодири таърихӣ ва табиати зебои ин диёр муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии табобативу экологӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз воситаҳои асосии бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мебошад.

Ӯ таъкид кард, ки ин раванд бояд дар доираи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад.

0