Радди иддаои Созмони Миллал дар мавриди корона аз сӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкТестирование на антитела к коронавирусу
Тестирование на антитела к коронавирусу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гузориши Созмони Миллал мегӯяд, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон як гузориши Созмони Миллалро дар иртибот бо бемории коронавирус рад кард, гузориш медиҳад "Парс тудэй".

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин гузориш дар бораи камбуди маводи озмоишгоҳӣ барои ташхиси КОВИД-19 дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ шудааст.

"Мушкил дар анҷоми озмоишҳо дар Тоҷикистон аз замони шурӯи ин беморӣ мауҷиби нигаронӣ буда ва коршиносон борҳо гуфтаанд, ки теъдоди озмоишҳо кофӣ нест", - таъкид мекунад манбаъ.
Девушка в маске  - Sputnik Тоҷикистон
68 фавт ва наздики 5 ҳазор гирифторони ҷадид: омори тозаи коронавирус дар Русия

Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати тандурусии Тоҷикистон муддаӣ аст гузориши Созмони Миллал ҳақиқат надорад ва ин сохтор аз имконоти кофӣ барои ташхиси бемории КОВИД-19 бархурдор аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд теъдоди мавориди вируси корона дар ин кишвар коҳиш ёфтааст.

Агар як моҳи пеш, тибқи омори расмӣ, беш аз 50 нафар ҳар рӯз бо вируси корона сабт мешуданд , акнун мақомот эълом карданд, ки фақат 30 то 40 нафар дар рӯз сабтином мекунанд.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Гузориши Созмони Миллал мегӯяд, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад.

Лентаи хабарҳо
0