Сомони и доллары, архивное фото

Бонки милли арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард

306
(Таҷдидшуда 11:41 31.08.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, оғози ҳафта эълон кард.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1380 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1420 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3199 то 10.3200 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.2968 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1415 то 0,1440 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.137 то 0.145 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1370 то 0,1460 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бонки осиёии рушд дар се сол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 323 миллион доллар кумакпулӣ медиҳад

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

306
Раскопки Саразма в пригороде Пенджикента

"Ҳунари Суғди Бостон": тарҷумаи асари Борис Маршак ба тоҷикӣ

2
(Таҷдидшуда 15:39 20.09.2020)
Муаллифи тарҷума доктори илми филологӣ Олими Хоҷамурод ва муҳаррири масъул доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ мебошанд. Ба китоб номзади илми филология Павел Лурйе тақриз навиштааст

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Асари "Исскуства Согда"-и шарқшинос Борис Маршакро ба тоҷикӣ тарҷума мекунанд, гузориш медиҳад "Ховар".

Манбаъ менависад, асари бостоншинос ва шарқшиноси маъруфи рус Борис Маршак, ки  як навъ таҳқиқоти ҷамъбастӣ доир ба олами пурасрори ҳунари сарзамини Суғди бостонӣ маҳсуб мешавад, таҳти унвони “Ҳунари Суғди Бостон” ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ ба тоҷикӣ баргардон ва чоп шуд.

Муаллифи тарҷума доктори илми филологӣ Олими Хоҷамурод ва муҳаррири масъул доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ мебошанд. Ба китоб номзади илми филология Павел Лурйе тақриз навиштааст. Китоб дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Мутарҷим дар ёддошти худ чунин нигоштааст:

“Рисолаи мазкури бостоншинос аз охирин таълифоти эшон ба шумор меравад. Б. Маршак аз соли 1954 – то вопасин лаҳазоти зиндагияш дар пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент ба ҳафриёти ин шаҳри қадимии Осиёи Марказӣ машғул буда, тибқи васияташ дар канори ин шаҳри қадима ба хок супорида шудааст”.

Зиндаёд Борис Маршак ҳамчун бостоншиноси варзида баъд аз вафоти устодаш А. Беленитский аз соли 1978 роҳбарии Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакентро ба уҳда дошт ва аз соли 1958 дар шуъбаи Шарқи Эрмитажи давлатии Санкт – Петербург ба ҳайси мудири бахши Осиёи Миёна ва Қафқоз фаъолият дошт.

Ба поси хотири ин донишманди барҷастаи таърихи ҳунари Шарқ, ба вижа Суғди бостон  Эрмитажи давлатии Санкт – Петербурги Русия матни рисолаи мазкурро бидуни тағйир дар таҳрири худи муаллиф  зери унвони "Искусство Согда" соли 2009 дар шакли китоби мусаввари ранга ва дар коғази хеле олӣ ба зевари табъ даровард.

Чаро Президент дар Суғд ба хонаи як сокин рафт ва ба соҳибонаш офарин хонд?

Матни тарҷумаи тоҷикие, ки ба хонандагони пешниҳод мегардад, дар асоси ҳамин нашр баргардон шудааст. Дар ҷараёни тарҷумаи матн мураттибон кӯшиш намудаанд, ки услуби нигориши матни аслӣ риоя карда шавад, зеро чуноне ки дар шарҳи нашри русии он зикр гардидааст, он ҷо низ мураттибон қарор додаанд, ки матни ин рисолаи хеле ҳам пурарзиш чун рамзи эҳтироми хотира маҳз дар таҳрири худи муаллиф ва бидуни иловаҳо ба чоп расонида шавад.

2
Эмблема Центральной комиссии по выборам и референдумам  Республики Таджикистан

Номзадҳо барои интихоботи президентӣ чӣ қадар маблағ масраф хоҳанд кард?

42
(Таҷдидшуда 14:36 20.09.2020)
Барномаи таблиғоти барномаҳои интихоботии номзадҳои раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле оғоз шудааст, ки масъулон дар бораи ҳазинаи молии аҳзоби сиёсӣ дар ин марҳала камтар изҳори назар мекунанд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.Танҳо намояндагони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои таблиғоти барномаи интихоботии Меъроҷ Абдуллоев раис ва номзади ин ҳизб 40 ҳазор сомонӣ ҳазина хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ,ҳизби кишоварзии Тоҷикистон барои барномаи таблиғотии Рустам Латифзода раис ва номзади ин ҳизб 15 ҳазор адад шиорнавишта ва варақҳои таблиғотӣ мунташир кардааст ва нашрияи ин ҳизб низ бо шуморагони 40 ҳазор нусха мунташир хоҳад шуд.

Рустам Раҳматзода, раис ва номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон гуфтааст, ки барои таблиғот ба қадри кофӣ манобеи молӣ дар ихтиёр дорад.

Номзадҳо ҳамчунин аз 40 дақиқа замоне, ки телевизиони давлатии Тоҷикистон барои муаррифии барномаҳои интихоботии онон ихтисос додааст, истифода хоҳанд кард.

Аз сӯи дигар ба ғайр аз ҳизби халқии демократӣ бақияи аҳзоби сиёсӣ дар ин кишвар сомонаи интернетӣ надоранд.

Ҳамчунин густариши вируси куруно дидори мустақими номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум ва тавзеҳи барномаҳои интихоботии номзадҳоро ба шиддат маҳдуд кардааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ёздаҳуми октябр баргузор мешавад.

42
Барчаспҳо:
Аҳзоби сиёсӣ, ҳазина, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон