Наҷоти хирсбачаи 5-моҳа дар шаҳри Роғун: "модараш монеъа мешуд ва ҳамла мекард"

398
(Таҷдидшуда 13:12 01.09.2020)
Кормандони  шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун хирсбачаи 5-моҳаеро, ки дар симтӯрҳо дармонда буда наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Кормандони ҳифзи муҳити зисти Роғун дар асоси хабари сокинони деҳаи Гули сурхи Ҷамоати деҳоти Қади об, як хирсбачаи тахминан 5-моҳаро, наҷот доданд.

Хирсбача дар симтӯрҳои боғи хоҷагии деҳқонии "Зиёрат" дар монда буд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун  Акобир Ҳасанов гуфт, наҷот додани хирсбача кори осон набуд ва модараш монеъагӣ мекард.

"Барои наҷот додани хирсбача модараш монеа мешуд ва ба наҷотдиҳандагон ҳамла мекард. Аз ин сабаб мо зиёда аз 15 нафар  сокинон ва кормандони шуъбаро барои таъмини амнияти саломатии наҷотдиҳандагон дар атрофи хирсбача навбатдор мондем. Як гурӯҳи дигар хирсбачаро аз симхорҳо  озод намуда, ба назди модараш ба ҷангал равон карданд",- гуфт ӯ.

“31 ҳазор ҷарима барои куштани хирс”: паронд, ки падарашро накушад

Хирс аз оилаи ширхӯрҳо буда, ҳайвони бузургҷуса мебошад.

Бабри барфӣ муаррифгари Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Олмон

Макони асосии зиндагии хирсҳо  кишварҳои нисбатан салқин буда, дар биёбону кишварҳои тафсон зиндагӣ намекунанд.

Видеои қиматтарин шикор дар Тоҷикистон - навор

Муҳити минтақаҳои  кӯҳистони Тоҷикистон барои зиндагии хирсҳо мувофиқ буда, он боигарии табиати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

398
Барчаспҳо:
наҷот додан, наҷотдиҳӣ, хирс, Роғун
Эмблема Центральной комиссии по выборам и референдумам  Республики Таджикистан

Номзадҳо барои интихоботи президентӣ чӣ қадар маблағ масраф хоҳанд кард?

33
(Таҷдидшуда 14:36 20.09.2020)
Барномаи таблиғоти барномаҳои интихоботии номзадҳои раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле оғоз шудааст, ки масъулон дар бораи ҳазинаи молии аҳзоби сиёсӣ дар ин марҳала камтар изҳори назар мекунанд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.Танҳо намояндагони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои таблиғоти барномаи интихоботии Меъроҷ Абдуллоев раис ва номзади ин ҳизб 40 ҳазор сомонӣ ҳазина хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ,ҳизби кишоварзии Тоҷикистон барои барномаи таблиғотии Рустам Латифзода раис ва номзади ин ҳизб 15 ҳазор адад шиорнавишта ва варақҳои таблиғотӣ мунташир кардааст ва нашрияи ин ҳизб низ бо шуморагони 40 ҳазор нусха мунташир хоҳад шуд.

Рустам Раҳматзода, раис ва номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон гуфтааст, ки барои таблиғот ба қадри кофӣ манобеи молӣ дар ихтиёр дорад.

Номзадҳо ҳамчунин аз 40 дақиқа замоне, ки телевизиони давлатии Тоҷикистон барои муаррифии барномаҳои интихоботии онон ихтисос додааст, истифода хоҳанд кард.

Аз сӯи дигар ба ғайр аз ҳизби халқии демократӣ бақияи аҳзоби сиёсӣ дар ин кишвар сомонаи интернетӣ надоранд.

Ҳамчунин густариши вируси куруно дидори мустақими номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум ва тавзеҳи барномаҳои интихоботии номзадҳоро ба шиддат маҳдуд кардааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ёздаҳуми октябр баргузор мешавад.

33
Барчаспҳо:
Аҳзоби сиёсӣ, ҳазина, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон
Национальный банк Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро варшикаста эълом нахоҳад кард

256
(Таҷдидшуда 13:52 20.09.2020)
Бонки Миллии Тоҷикистон бо нашри баёнияе эълом кард, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро варшикаста эълом нахоҳад кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.  Дар баёнияи Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки бо вуҷуди дархости муқаррари сандуқи байналмилалии пул барои варшикаста эълом кардани бонкҳои “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” то замони тасвияи ҳисоби ин ду ниҳоди молявӣ бо муштарён аз ин иқдом  худдорӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон дар истинод ба сомонаи Топ Ти Ҷи.

Бояд гуфт, ки чанде пеш сандуқи байналмилалии пул дар тозатарин арзёбии хеш аз авзоъи иқтисодии Тоҷикистон, бори дигар лағви муҷаввизи ду бонки бузурги Тоҷикистонро хостор шуд.

Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистони гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир  бадеҳии Бонки “Агроинвестбонк” ба муштарён 750 миллион сомонӣ аст ва амволу сохтмонҳои идории ин ниҳод ва “Тоҷиксодиротбонк” низ ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Илҳом  Шарифӣ иқтисоддони тоҷик таъкид доштааст, ки варшикаста эълом кардани ин ду бонк ба нафъи ҳукумати Тоҷикистон нест, зеро бахше аз саҳҳоми молии ин ду бонки буҳронзада давлатӣ асту бар асоси муқаррароти ҳукумати Тоҷикистон дар пайи эъломи варшикастагии ин ду ниҳоди молӣ маҷбур аст, ки бадеҳии муштарёнро тасвия кунад, аммо чунин маблағро дар ихтиёр надорад.

256
Барчаспҳо:
Бонки миллӣ, Агроинвестбонк, Тоҷиксодиротбонк, бонк, Тоҷикистон
Вице-премьер Узбекистана Уктам Барноев

Вируси сархур: бар асари COVID-19 муовини сарвазири Ӯзбекистон даргузашт

0
(Таҷдидшуда 15:39 20.09.2020)
Имрӯз дар шаҳри Тошканд бар асари вируси корона муовини сарвазири Ӯзбекистон Уктам Барноев даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имрӯз муовини сарвазири Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди аграрӣ ва ҳифзӣ амнияти ғизоӣ Уктам Барноев даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории UzNews.uz дар истинод ба наздикони ӯ.

Гуфта шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дар сини 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тибқи иттилои расмӣ Уктам Барноев бар асари вируси корона даргузаштааст.

Таъкид шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дер боз аз вируси корона дар Олмон табобат мегирифт. Як ҳафта пеш ӯро ба як бемористонҳои шахсӣ дар Осиёи Марказӣ Аkfa Medline, ки дар шаҳри Тошканд воқеъ аст, интиқол доданд.

Уктам Барноев соли 1964 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкунандаи Донишкадаи муҳандиси обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкандро хатм кардааст.

Оқои Барноев дар солҳои 2000 то соли 2002 дар вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Ӯзбекистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият кардааст.   

Солҳои 2007 то 2008 Барноев ба ҳайи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва захираҳои обӣ Ӯзбекистон кор кард. Сипас пас аз ин дар давоми ду сол Ҳокими вилояти Самарқанд кор кардааст.  Ҳамзамон ӯ соли 2016 ба ҳайси Ҳокими вилояти Бухоро низ кор кардааст.

Аз 6 июли соли 2020 ба вазифаи раиси Федератсияи аспарварӣ ва варзиш аспи Ӯзбекистон таъйин шуда буд.

0
Барчаспҳо:
Тошканд, муовини сарвазир, даргузашт, вируси корона, Ӯзбекистон