Парламент Таджикистана, архивное фото

Вакилони тоҷик баъди таътил ба кор баргаштанд

63
(Таҷдидшуда 16:37 01.09.2020)
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баъди истироҳати тобистона ба кори худ баргаштанд, хабар дод котиботи парлумон

ДУШАНБЕ, 1 сен - Sputnik. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд, изҳор доштааст Муҳаммадато Султонов дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар нуҳ кумита - оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, иқтисод ва молия, масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва се комиссияи доимии вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои қонунҳоро ҳамаҷониба омӯхта, ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки ҳар ҳафта рӯзи душанбе баргузор мегардад, пешниҳод менамоянд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз 63 вакил иборат мебошад ва интихоботи охирини вакилон моҳи марти соли равон баргузор шуд.

Бар асоси гузориши расмӣ, дар интихоботи парлумонии 1 март аз 4,9 миллион нафар интихобкунанда, 4,2 миллион нафар ё худ 86,4 фоиз иштирок намуданд, ки дар натиҷа аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ 5 ҳизб ба парлумон роҳ ёфт.

Аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50,4 фоизи овозҳо ва 12 курсии вакилӣ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16,5 дарсади овозҳо - 4 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61 дарсади овозҳо - 4 курсӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,10 дарсади овозҳо - 1 курсӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон - 5,15 дарсади овозҳо - 1 мандати вакилиро соҳиб шуданд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бо 3,1 дарсад ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо 0,32 фоизи овозҳоро ба даст оварданд.

Инчунин дар интихобот 59 ҳазору 30 нафар, 1,39 дарсад мухолифи ҳама овоз додаанд. 

63
Барчаспҳо:
тобистон, истироҳат, таътил, Тоҷикистон
День 29 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

36
(Таҷдидшуда 19:26 28.09.2020)
Рӯзи бисту нӯҳуми сентябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии дил ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ мебошад

Рӯзи 29 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1829 дар шаҳри Лондон бо фармони Вазири вақти корҳои дохилии ин шаҳр Роберт Пиля политсияи гражданӣ таъсис дода шуд.

День 28 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1973 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Мексика  зиёда аз 700  нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2000 марди 93-солаи австриягӣ куҳансолтарин одами дунё маҳсуб меёфт, ки мехост ҳуҷҷати ронандагӣ ба даст орад.

Рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1926 ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва  Нов (ҳозира Спитамен) ташкил ёфтанд.

Соли 2011 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ҳавопаймои нави худ — "Боинг 737-900"-ро муаррифӣ намуд, ки он дар фазои ИДМ нав пайдо шуда буд.

 

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото
Самолет компании "Сомон Эйр", архивное фото

 

Соли 2013 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Соли 2015 ба будубоши дивизияи 201-уми ҳарбии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  70 сол пур шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии умумибашарӣ ҷалб намуданд.

Соли 2016 дар Қасри Миллат Эмомалӣ Раҳмон  бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот карданд.

 

Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей
Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей

 

Соли 2016 бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави Форуми байналмилалии иқтисодӣ зинаи 77-умро соҳиб шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии дил.
  • Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ.
  • Рӯзи Конститутсия дар Бруней.

Рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1921-1994)  Шоир Ҳамдам Ҷура.

Соли 1925 Ҳунарманди халқии Тоҷикистон  Нисон Шоулов.

Соли 1951 Қаҳрамони олимпӣ Юрий Лобанов.

Соли 1982 Варзишгар Расул Боқиев.

36
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

2679
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

2679