Генерал Алихон Рахмонзода

Фавти генерали ВКД аз “вируси корона”: сардори Раёсат ва собиқ муовини вазир

3287
(Таҷдидшуда 15:00 02.09.2020)
 Генерал – майор Алихон Раҳмонзода, сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар синни 61 – солагӣ аз “вируси корона” фавтидааст

ДУШАНБЕ, 2 сент — Sputnik. Маркази матбуоти ВКД дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум беш аз як ҳафта дар Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов, маъруф ба “Якум Советский” бо ин маризӣ даст ба гиребон шуд, аммо дар ин муборизаи охирини зиндагӣ натавонист пирӯз ояд ва 1 сентябр ҷаҳони фониро падруд гуфт.

"Генерал – майор Алихон Раҳмонзода яке аз чеҳраҳои мӯътабари милисаи тоҷик буд, ки тамоми умри худро сарфи хидмат ба мардум ва ватан кард. Ӯ ҳамеша дар ёду хотираи ҳамсафон ва шогирдонаш зинда хоҳад монд”, - гуфтанд дар маркази матбуоти ВКД – и Тоҷикистон.

Раҳмонзода Алихон Футур, генерал-майори хизмати дохилӣ, 10 феврали соли 1959 таваллуд ёфта, аз 1 апрели соли 1987 умдатан дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии ВКД (УБНОН) фаъолият намуд ва як муддат сарварии онро низ бар дӯш дошт.

Сипас, сардори Раёсати корҳои ислоҳӣ ва муовини вазир корҳои дохилӣ, замоне низ сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлия буд. Ӯ дигарбора аз вазорати адлия ба вазорати корҳои дохилӣ баргашта, як муддат дар вазифаи муовини вазир, сипас фармондеҳи Баталёни фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3502, командири Баталёни 1 фаврии таъиноти махсуси қӯшунҳои дохилии ВКД, сардори Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и вазорат кор кард.

Даргузашти ҳунарманди халқии ИҶШС Владимир Андреев

Алихон Раҳмонзода 30 октябри соли 2019 ба вазифаи сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД Тоҷикистон таъин гардида буд. Манобеъи дигар аз қавли наздикони генерал Раҳмонзода нақл кардаанд, ки ҳамсари марҳум низ гирифтори бемории коронавирус буда, дар бемористон қарор дорад.

Як моҳи қабл Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, аз фавти 7 корманди милиса пас аз гирифторӣ ба “вируси корона” хабар дода буд. Алихон Раҳмонзода дар ин саф аввалин генерали сари кор аст, ки дар ин набард ҷони худро аз даст медиҳад.

Ҷанозаи Алихон Раҳмонзода рӯзи 1 сентябр дар қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

3287
Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов прибыл в Душанбе

Миннатдории Раҳмон аз ҳукумати Ӯзбекистон барои кумак дар давраи ҳамагирӣ

10
(Таҷдидшуда 20:04 29.09.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз ҳукумати кишвари ҳамсоя барои кумак, изҳори сипос кард

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои котиботи  раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо бо қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди устувор ва таъмиқи муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла афзоиши мунтазами ҳаҷми тиҷорати мутақобила, кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, ки ҷаласаи навбатии он имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид доштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки натиҷаҳои кори Комиссия, бешубҳа, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҷонибҳо мусоидат хоҳанд кард.

Президент хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон қайд карда, аҳамияти нигоҳ доштани робитаҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баландро барои пайгирона мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид кардааст.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии коронавируси нав, Президент аз фурсат истифода бурда, бори дигар ба дӯстони узбек барои кумаки башардӯстона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расониданд, изҳори сипос намудааст.

Бо дарназардошти таҳдиди ҷаҳонии паҳншавии COVID-19, ҷонибҳо андешидани чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии таъсири манфии бӯҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҷараёни муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар зарур донистанд.

Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян карда шудаанд.

10
Барчаспҳо:
дидору мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Абдулло Орипов, ҳукумати Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода

"Соҳибкор бо соҳибкор": Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид

55
(Таҷдидшуда 18:26 29.09.2020)
Беш аз 300 нафар дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкта карда, бо фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика ошно шуданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар доираи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати рушди иқтисод, Завқизода дар ин нишаст қайд карда, ки тайи солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромад.

Манбаъ қайд карда, ки бо дастгирии ду кишвардор, баргузории чунин чорабиниҳо, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд, ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар Форуми мазкур беш аз 300 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии ду давлат иштирок намудаанд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

"Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии ду ҷониба - соҳибкорони ду давлат дар сиғаи "Соҳибкор бо Соҳибкор" (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Иштирокчиёни Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд додаанд.

Манбаъ афзуда, ки тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор менамоянд.

55
Барчаспҳо:
пешниҳодот ба ҷониби Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Форум, иқтисод, Душанбе