Рустам Эмомали председатель города Душанбе

Рустами Эмомалӣ барои собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ наздики 5 миллион ҷудо кард

122
Тибқи қарори раиси шаҳр ҳамчунин шахсони бо собиқадорони ҶБВ баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ кӯмакпулӣ мегиранд

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарореро ба имзо расонида, ба иштирокдорони ҶБВ шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе бештар аз 4 миллион сомонӣ ҷудо кардаст.

Тавре дар қарор қайд мешавад, "дар арафаи   ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонӣ ва кумак расонидан ба  иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда мегузоранд,  4 913 300  сомонӣ маблағ ҷудо гардад".

Тақсимот ва супоридани маблағҳои аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои шаҳр то 8 сентябри соли равон  ба роҳ монда мешаванд.  

Кӯмак  ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе, инчунин  кормандони раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои  пойтахт  бо аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо расонида мешавад.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият: барқарорсозии пули марказии ноҳияи Ёвон идома дорад

Ҳавасмандгардонии  кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби  муовинони Раиси шаҳр бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе  сурат мегирад.

Тибқи қарори мазкур, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  вазифадор гардидаанд, ки  бахшида ба  ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ  барои расонидани кумаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо мусоидат намоянд.

122
Паспотр РФ, архивное фото

Хонавайронӣ ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русия

373
Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 71 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин теъдод нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат кам аст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Соҷида Нуридинзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид кардааст, ки  гарчанде ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо имсол камтар ба қайд гирифта шудааст, ин вазъ нигаронкуннад аст.

Вай афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аризаҳое, ки барои ҷудо кардани оилаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ба бахши САҲШ-и ноҳия ворид шуданд хело зиёд аст.

Соҷида Нуридинзода қайд кардааст, ки аз теъдоди ҷудошавии оилаҳо танҳо 7 ҳолаташ бо аризаи тарафҳо  ва 64 ҳолати дигар бо ҳалномаи суд бекор шудаанд.

Ин шахси масъул, омили ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳияи Хуросон гирифтани шаҳрвандии Русия арзёбӣ кард.

“Ҳангоми суҳбату вохуриҳо бо оилаҳое, ки ақди никоҳи худро бекор карданд маълум гашт, онҳо зиндагии муштарак доранд, аммо ба хотири шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст овардан, ақди никоҳашонро бекор кардаанду маълумотномиа муҷаррад буданро мегиранд”, - таъкид дошт Соҷида Нуридинзод.

Ҳамчунин вай сабиб бекор шудани 7 оилаи дигарро, ки бо розигии тарафҳо ҷудо шудаанд, бефарзандӣ арзёбӣ кард.

373
Барчаспҳо:
бекор кардан, никоҳ, оила, ҷудошавӣ, шаҳрвандии Русия, Русия, Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ: боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии COVID-19 сабт шуд

179
(Таҷдидшуда 20:23 24.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 101 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9520  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  24 сентябр дар кишвар  8296  (87,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 74  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

179
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, вирус, маризӣ, гирифторон, омор, вируси корона, Тоҷикистон

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия