Даргузашти Муҳиддин Сангинов, мудири Театри Камоли Хуҷандӣ аз "илтиҳоби шуш"

© Facebook / Мухиддин СангиновМухиддин Сангин директор театра имени Камоли Худжанди
Мухиддин Сангин директор театра имени Камоли Худжанди - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳиддин Сангинов, иҷрокунандаи вазифаи директори Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ бар асари бемории “илтиҳоби шуш” дар синни 63 солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Мирзоумари Мирзоаҳмад, ҳунарманди Театри ба номи камоли Хуҷандӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, Сангинов аз бемории “илтиҳоби шуш” дар бемористон табобат мегирифт, вале субҳи имрӯз аз дунёи фонӣ реҳлат кард.

“Имрӯз бароям хабар доданд, ки устод бандагӣ кардаанд ва соати 7: 00 ҷаноза аст. Аз шунидани ин хабари риққатбор хеле дилгир шудам”, - гуфт Мирзоаҳмад. 
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Мавлуда Обидова, ҳунарпешаи шинохтаи театру кино

Бино ба иттилоъи манбаъ Муҳиддин Сангинов, баъд аз даргузашти Абдуқаҳҳор Раҷабов, ҳудуди чаҳор моҳ ба ин тараф иҷрокунандаи вазифаи директори Театри мазҳака мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ буд.

Абдуқаҳҳор Раҷабов директори Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ дар пайи тадовии бемории “илтиҳоби шуш”, рӯзи 12 уми май дар бемористони сироятии (инфекционный) Суғд воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дар синни 62- солагӣ аз олам чашм пӯшид. Баъзе аз кормандони Театр аз даргузашти Сангинов тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ низ хабар дода, ба аҳли хонаводаи марҳум изҳори тасаллият баён кардаанд.

“Муҳиддин Сангинов собиқ ҷонишини директори Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ, иҷрокунандаи вазифаи директори театри мазкур ҳаёти худро 40 сол дар театр гузаронидаасту шахси бениҳоят ғамхору нисбати ҳамкасбону ҳамкорон меҳрубону маслиҳатгар буд.

Ҳамеша дастгиру ёвари ҳамкорон буд. Мутаассифона, имрӯз вабои аср ин шахси наҷибро аз байни мо рабуду моро аз инсони хоксор маҳрум сохт.

Аз ин лиҳоз Мо аҳли эҷоди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ ҳамдардии хешро ба аҳли оилаи марҳум мерасонем, бигзор хонаи охираташон ободу ҷояшон Ҷаннат гардад” изҳор намудаанд, аҳли кормандони Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ.

Абдуқаҳҳор Раҷабов, директори театри Камоли Хуҷандӣ даргузашт

Бино ба иттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон Муҳиддин Сангинов соли 1957 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёнаи № 10 и ба факултаи рассомӣ-графикии Донишгоҳи педагогии ба номи С.М. Киров, ҳозира ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шудааст. Соли 1980 баъд аз хатми донишгоҳи мазкур ба театр ба кор омада, ҳудуди чиҳил сол дар вазифаи масъули ба саҳнагузорандаи намоишномаҳо, ҷонишини директор шуда кор кардааст. Тайи чаҳор моҳи охир иҷрокунандаи вазифаи директори Театри Камоли Хуҷандӣ буд.

Кормандони Театр зикр намуданд, ки Сангинов аз роҳбарони китобдӯстдору фазилаткори соҳаи театр буд ва ҳамеша дар вақти холӣ ба хондани китоб машғул буд.

Даргузашти ҳунарманди халқии ИҶШС Владимир Андреев

“Утоқи кориашон пури китоб аст. Ҳамеша муносибаташон бо ҳамкорон хуб буд, ҳеҷ гоҳ касе аз кормандонро намеранҷониданду сараш садо баланд намекарданд. Доим ҳамкоронро ба китобхонӣ даъват мекарданд”, таъкид намуд, корманди театр.

Лентаи хабарҳо
0