Представители Таджикистана и Кыргызстана проводят переговоры по ситуации на границе

Гулмуҳаммадзода - фиристодаи Тоҷикистон ба музокироти Қирғизистон

865
(Таҷдидшуда 20:41 02.09.2020)
Ҳайати Тоҷикистонро дар музокирот бо Қирғизистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини сарвазири ин кишвар раҳбарӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин тағйир дар пайи ба вазифаи дигар гузаштани Азим Иброҳим, муовини дигари сарвазир пеш омадааст.

“Тибқи расми равобити миёни давлатҳо раҳбарони ҳайатҳои ду кишвар бояд дар як сатҳ бошанд. Азбаски ҷониби Қирғизистонро муовини сарвазир раҳбарӣ мекунад, аз тарафи Тоҷикистон низ бояд дар ҳамин поя раҳбар бошад”, - гуфт ин манбаъ.

Азим Иброҳим рӯзи 31 август бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон вазири нақлиёт таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Худоёр Худоёрзодаро иваз кард.

Дар ҳамин ҳол, курсии муовини сарвазир, ки қаблан Азим Иброҳим бар он такя мезад, то ба ҳол холист. Манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дар ин вазифа касе таъйин нашудааст.

Азим Иброҳим ба Бадахшон рафт: сабаби сафари муовини cарвазир маълум шуд

Азим Иброҳим аз соли 2013 дар ин вазифа буд ва ҳамзамон ҳайати Тоҷикистонро дар музокироти марзӣ бо Қирғизистон, яке аз сахттарин музокираҳо дар таърихи кишварро раҳбарӣ мекард.

865
Барчаспҳо:
ҳайат, роҳбарӣ, муовини сарвазир, Қирғизистон, музокирот, Тоҷикистон
Парламентские выборы в Таджикистане

Мақомоти шаҳри Исфара шумори дақиқи овоздиҳандагонро эълон кард

77
(Таҷдидшуда 19:33 22.09.2020)
Дар шаҳру деҳоти Исфара як ҳавза ва 83 участкаҳои интихоботӣ ташкил ва ҳамаи онҳо бо лавозимоту маводи зарурӣ таъмин карда шудаанд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Исфара, дар “Ҳавзаи интихоботии Исфара, №27” шумораи пешакии интихобкунандагони ин ҳавза 162 105 нафарро ташкил медиҳад, ки 4307 нафари онҳо бори аввал овоз хоҳанд дод.

Манбаъ таъкид доштааст, ки барои дар доираи талаботи Конститутсияи Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон баргузорнамоии ин чорабинии сиёсӣ дар шаҳри Исфара тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар ҳамаи участкаҳои интихоботии ҳавзаи Интихоботии “Исфара” корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд доир намудани интихоботи дарпешистода идома дошта, бо аҳолӣ оид ба иштироки фаъолонаи онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

“То ин замон рӯйхати интихобкунандагон тартиб дода шудааст”, - зикр кардааст мақомоти шаҳри Исфара

Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки тибқи дастури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги сиёсии интихобкунандагон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ роҳандозӣ мегарданд.

77
Барчаспҳо:
шумораи овоздиҳандагон, Исфара, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ: шабонарӯзи гузашта боз 44 ҳодисаи нави бемории COVID-19 сабт шуд

282
(Таҷдидшуда 19:02 22.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бино бар иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон дар шабонарӯзи гузашта боз 44 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 110 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 47 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 44 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9432  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  22 сентябр дар кишвар  8199  (86,9%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

282
Барчаспҳо:
нашр, омор, Вазорати тандурустӣ, вазорат, фавт, вируси корона, Тоҷикистон

Оғози машқҳои низомии “Қафқоз-2020”

0
(Таҷдидшуда 01:15 23.09.2020)
Машқҳои байналмилалии низомӣ “Қафқоз-2020” дар вилояти Астрахани Русия оғоз ёфтанд. Дар ин машқҳои низомӣ бе аз 80 ҳазор аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок хоҳанд кард

Машқҳои низомӣ санаи 21 сентябри соли равон оғоз ёфтанд. Таи ҳафтаи ахир  низомиён таҷҳихзоту аслиҳаро барои иштирок дар машқҳои низомӣ омода карданд. 

Аз ҷумла пеш аз оғози машқҳои байналмилалӣ тамоми низомиён аз санҷиши вируси корона гузаронида шуданд.

Дар машқҳо беш аз 80 ҳазор нафар аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок доранд.

Русия барои иштирок дар ин машқҳо ҳамчунин низомиёни Арманистон, Мянма, Покистон ва Эронро низ даъват кардааст.

Низомиёни Тоҷикистон ба ин машқҳои низомӣ ба ҳайси нозир даъват шудаанд.  

Ҳамчунин дар феҳристи кишварҳои даъватшуда Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ буд, аммо мақомоти ин кишварҳо имсол аз иштирок дар ин машқҳои низомӣ “Қафқоз-2020”худдорӣ карданд.

0
Барчаспҳо:
Афсар, аскар, Астрахан, артиш, тамрин, машқи низомӣ, машқ, Русия