Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми имзогузорӣ, акс аз бойгонӣ

Қарори Раҳмон барои таъсиси шабакаи нави телевизион ва дарс тариқи TV

2831
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат дар кишвар шабакаи ҷадиди телевизиониро таъсис дод

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, шабакаи тозатаъсис “Илм ва табиат” ном дошта, барои он 87 воҳиди корӣ ҷудо карда шуд.

Раисиҷумҳур Кумитаи телевизиону радио ва Кумитаи давлатии сармоягузорию амволи давлатиро муваззаф кардааст, ки тайи шаш моҳи оянда масоили таъминот бо нақлиёт, бино ва дастгоҳҳои заруриро ҳал намоянд.

Таъкид шудааст, ки маблағгузории шабакаи ҷадид аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ амалӣ мешавад. Дар оинномаи тасдиқшудаи “Илм ва Табиат” омадааст, ки шабакаи мазкур бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ 24 соат дар як шабонарӯз барнома пахш хоҳад кард.

Масъалаи ташкили шабакаи мазкурро Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли равон дар мулоқот бо олимони кишвар ба миён гузошта буд.

Ӯ таъкид карда буд, ки дар шабакаи мазкур таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд. Супориш дода шуд, ки дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабака дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионӣ бояд пайваста муаррифӣ гарданд.

2831
Барчаспҳо:
мактаб, дарс, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Газозаправочная станция, архивное фото

Мушкилӣ дар марзи Қазоқистон нархи газро дар Тоҷикистон боз боло бурд

39
(Таҷдидшуда 17:07 29.09.2020)
Арзиши гази моеъ, яке аз умдатарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон дубора боло рафтт. Иллати гарон шудани нархи газ ба мушкилиҳо дар марзи Қазоқистон рабт дода мешавад

ДУШАНБЕ 29 сен – Sputnik. Тайи ду рӯзи охир қимати гази моеъ дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон то 10 дарсад баланд рафта ба 4, 4 ва 4, 5 сомонӣ баробар шудааст.

Баъзе аз роҳбарони таъмингоҳҳои фурӯши сӯзишворӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби гарон шудани газро ба мушкили воридот намудани он шарҳ доданд.

"Чанд рӯзи охир, ворид кардани газ аз ҳудуди давлати Қазоқистон мушкил шудааст. Ҳоло ин маводи сӯхт аз қаламрави кишвари Русия ба Тоҷикистон ворид карда мешавад. Аз ҳисоби дур будани роҳ хароҷот зиёд аст ва бинобар ҳамин, каме нархи фурӯш ҳам боло рафтааст", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба дунболи гарон шудани гази моеъ, дар оғози моҳи сентябр хабар дода буд, ки баъзе аз ширкатҳои фурӯши сӯзишвориро ба андозаи 1,1 миллион сомонӣ ҷарима кардааст.

Он замон қимати ин маводи сӯхт то ба 4,7 сомонӣ дакка зада буд. Абдумаҷиди Мӯъминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳосорӣ дар шарҳи ҷаримаи ширкатҳо гуфта буд, ки баъзеҳо хароҷоти изофиро ба сари воридоти газ ҳамроҳ намуда, беасос нархи фурӯши онро баланд кардаанд.

Баъд аз эълони ҷаримаи ширкатҳо дар оғози моҳи сентябр нархи газ то ба 4,2 ва 4 сомонӣ поён рафт, вале ҳоло дубора қимати он ба 4,4 ва дар беъзе фурӯшгоҳҳо то ба 4,6 сомонӣ боло рафтааст.

Баъди даҳ сол дар Суғд “бӯи” газ меояд

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа умдатан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст.

"Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

39
Барчаспҳо:
қиматшавӣ, Тоҷикистон, газ, Қазоқистон, марз, мушкилӣ

Орипов: Раҳмон дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сафҳаи тиллоӣ боз кард

99
(Таҷдидшуда 16:50 29.09.2020)
Дар ҷараёни музокирот Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Сарвазири Узбекистон Абдулло Арипов масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳоро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо сарвари ҳукумати Узбакистон Абдулло Арипов мулоқот кард.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаи масъалаи кушодани робитаҳои нақлиётӣ миёни ҷумҳуриҳо гузошта шудааст.

Расулзода зимни гуфтушунид таваҷҷӯҳро ба тавсеаи гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ҷалб кардааст.

Бар поияи оморҳои расмӣ,  гардиши савдо байни ин ду давлати дӯст аз 12 миллион доллари соли 2015 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 расид. Ин нишондиҳанда 30 баробар афзудааст.

Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Давоми ҳашт моҳи соли равон бошад содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 53 миллион долларро ташкил додааст, ки 24 дарсади ҳаҷми умумии содироти кишварро дар бар мегирад.

 Сарвазири Тоҷикистон аснои мулоқот қайд кардааст, ки дар оянда гардиши савдои хориҷии ҷумҳурҳо ба як миллиард доллар расиданист.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ба Тоҷикистон омад

Расулзода инчунин ба Узбакистон барои кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус ташаккур гуфт.

Дар навбати худ, сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон мусбат арзёбӣ кардааст.

"Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкории ду кишвари бародар саҳифаи тиллоиро кушод.  Ҳамкории мо ба сатҳи сифатан нав баромад ва имрӯз мо ҳама ҷанбаҳо ва самтҳои робитаҳои тиҷоративу иқтисодии худро муҳокима кардем" гуфт ӯ.

Ҳамзамон зимни гуфтушунид, роҳандозии лоиҳаҳои муштарак оид ба таъсиси “Ширкати инвеститсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон” зарур шуморида шуда, ҷиҳати истифодаи василаҳои дипломатияи иқтисодӣ, пеш аз ҳама, тавассути роҳандозии тамосҳои мустақим байни доираҳои тиҷоратӣ бо мақсади амалӣ гардонидани лоиҳаҳои инвеститсионии муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ҳавасмандӣ зоҳир гардид.

99
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Пешниҳоди Жириновский: Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҳайъати Русия ворид шавад

20
(Таҷдидшуда 17:39 29.09.2020)
Раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский ташдиди даргириҳо дар Қарабоғи Кӯҳиро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Қарабоғи Кӯҳиро баргашта ба ҳайъати Русия ворид кардан лозим, изҳор дошт, раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский дар нишасти Думаи давлатӣ.

Раиси ҳизб чанд роҳи ҳаллии ин қазия ва манъи даргириҳои миёни Озарбойҷон ва Арманистонро пешниҳод кард. Аз ҷумла ӯ пешниҳод кард, ки ин минтақа ба ҳайъати Русия ворид шавад.

"Ман дарҳол мегӯям, чӣ кор бояд кард. Роҳи аввал - ворид шудани Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҳайъати Русия чун воҳиди мустақили маъмурӣ. Яъне 86-ум. Он замон ҳам озарбойҷониҳо ва ҳам арманиҳо ором мешаванд - на ба инҳо ва на ба онҳо. Розӣ нестед? Он замон ҳама якҷо ба ҳайъати Русия - ҳам Арманистон ва Озарбойҷон ва ҳам Қарабоғи Кӯҳӣ", - гуфт Жириновский.

Ҳамчунин раҳбари ҲЛДР роҳи шоҳӣ пешниҳод кард, вақте подшоҳ ба тарафҳо силоҳ тақсим мекунад ва пас аз хотимаи ҷанг зиндагии осоишта оғоз мешавад.

Идомаи даргириҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Жириновский варианти ба Қарабоғи Кӯҳӣ додани мақоми байналмилалиро низ баррасӣ мекунад.

Жириновский варианти ба Қарабоғи Кӯҳӣ додани мақоми байналмилалиро низ баррасӣ дорад.

Дар акси ҳол, ҷанги абадӣ хоҳад шуд ва метавонад бо фалокат хотима ёбад. Сарбандро тарконда, шаҳрҳоро зери об хоҳанд гузошт. Дар ҷое нерӯгоҳи ҳастаӣ - Чернобил месозанд. Ин хеле душвор аст!" - хулоса кард ӯ.

20
Барчаспҳо:
Қарабоғи Кӯҳӣ, пешниҳод, Владимир Жириновский, Русия