Окрестности города Душанбе с высоты

Бебориш: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

70
(Таҷдидшуда 10:42 04.09.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри тағйирёбанда мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво шабона 14+16 ва  рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.

Бод аз сӯи ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр  ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст. Дар ағбаҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10  ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар  ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24 +29 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво шабона 14+16 ва  рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

70
Барчаспҳо:
камабр, обу ҳаво, Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Тасдиқи иншооти махсусан муҳими нав дар Тоҷикистон: Ҳукумат аз андозу боҷ озод кард

561
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ба феҳрасти иншооти махсусан муҳим дар ҷумҳурӣ, ки аз сабукиҳо бархӯрдоранд, як адади дигарро зам намуд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, ба феҳрасти иншооти махсусан муҳими Тоҷикистон, сохтмони "Майдони Истиқлол" шомил шуд.

Феҳрасти молу таҷҳизоте, ки барои сохтмони "Майдони Истиқлол" ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, тасдиқ гардида, аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда шуданд.

Сохтмони "Майдони Истиқлол" тобистони соли равон расман оғоз бахшида шуд. Қаблан дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш дода буд, ки масоҳати умумии "Майдони Истиқлол" 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

"Дар ин ҷо майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад", - навишт котиботи раисҷумҳур.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки иншоот аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат мебошад.

Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Қаблан хабар дода шуд, ки Майдони Истиқлол бо маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол ва Озодӣ" муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

561
Барчаспҳо:
Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Аптечка на подстанции скорой и неотложной медицинской помощи, архивное фото

Кумаки навбатии Ожонси Оқохон ба Тоҷикистон дар мубориза бо COVID -19 - навор

74
(Таҷдидшуда 12:53 21.09.2020)
Ожонси Оқохон дар Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, кумаки навбатӣ дар мубориза бо маризии сироятии коронавирус таслим намудааст

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз Ожонси Оқохон оид ба Зистгоҳ доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ба хотири мубориза алайҳи маризии коронавирус дастрас намуд.

Бар хабари котиботи кумитаи мазкур, дар ин маросим Рустам Назарзода раиси КҲФ ва сарвари Ожонси Оқохон оид ба Зистгоҳ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ ширкат карданд. 

Кумаки ироакардаи Ожонси Оқохон аз доруворӣ, корҷомаҳои махсуси бисёркарата, мӯзаҳои резинӣ, айнакҳои ҳифозатӣ, ниқобҳо, сӯзандоруҳо, дастпӯшҳо, дастгоҳҳои набзсанҷӣ, ҳароратсанҷҳои электронии фосилавӣ, антисептикҳо, воситаҳои уфунатзудоӣ, ки барои мубориза бо КОВИД-19 самароварданд, ирорат мебошад.

Коршиноси рус гуфт, ки оё ба Тоҷикистон мавҷи дувуми коронавирус таҳдид мекунад

Таъкид гардид, ки кумаки мазкур барои табобати ҳайати шахсии КҲФ дар сурати мубтало шудани онҳо ба маризии коронавирус равона гардидаст.

Гузашта аз ин, Ожонси Оқохон оид ба Зистгоҳ  як мошини тамғаи "Ниссан" - ро, ки мутааллиқ ба КҲФ буд, пурра таъмир карда, дар ихтиёри кумитаи мазкур гузошт.

74
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, кумак, Бунёди Оқохон