Новорожденный

Масъулин қарантинаи таваллудхонаи Суғдро шарҳ доданд

422
Масъулони таваллудхонаи вилояти Суғд гуфтанд, ки бо мақсади пешгирӣ аз сирояти бемории COVID-19, ин ҷойро қарантин эълон карданд ва то хатми он, давоми ду ҳафта занон дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд қабул карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Дилором Дадобоева, ҷонишини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавӣ дар таваллудхонаи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қарантинаи таваллудхона то ду ҳафта давом мекунад ва дар ин муддат корҳои безараргардонӣ гузаронида мешавад.

Ӯ гуфт, қарантин шудани зоишгоҳ бо мақсади пешгирӣ намудани манбаъи паҳни бемории COVID-19 ва ҳифзи саломатии сокинон аз маризӣ аст.

“Дар ин ҷо занон барои таваллудкунӣ аз ҳар шаҳру ноҳияи вилоят бситарӣ карда мешаванд. Ду нафаре, ки ахиран бистарӣ карда шуданд, онҳое будаанд, ки аъзои хонаводаашон ба бемории “илтиҳоби шуш”  сироят шудаанд. Аз эҳтиёт мо он ду нафарро ба Бемористони клиникавии Суғд барои ташхис интиқол дода таваллудхонаро ба қарантина гирифтем. Хушбахтона то имрӯз ягон нафар дар таваллудхона аз каронавирус сироят нашудааст”, - афзуд Дадобоева.

Ин масъули зоишгоҳи Суғд гуфт, ҳоло беш аз чиҳил нафар умдатан занони таваллудкунанда бистариянд ва дар ҳеҷ кадоми онҳо табъи баланд ва ё дигар нишонаҳои бемории COVID-19 ошкор нашудааст.

Аксар занон дар шаҳру навоҳии Суғд онҳое, ки вақти ҳомиладорӣ бо зиёд мушкилиҳо гирифтор мешаванд умдатан дар таваллудхонаи Суғд муолиҷа гирифта таваллуд мекунанд. Масъулин мегуянд, зимнан то хатми давраи қарантинаи зоишгоҳи Суғд, барои қабули занон аз шаҳру навоҳии вилоят дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд шароит фароҳам кардаанд.

Суғд: ду зани гирифтори COVID -19, кӯдакони солим таваллуд кардаанд

Дафъаҳои охир мақомоти тоҷик дар бораи сирояти бемории каронавирус таъкид намуда, аз риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла аз гаштугузори бениқоби баъзе сокинон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Чанде пеш масъули дафтари матбуотии ҳукумати Хуҷанд аз баргузории як рейди шабонаи кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ошкор шудани мавридҳои зиёди риоя нашудани тавсияҳои беҳдоштӣ хабар дода, тарабхонаҳо ва клубҳои шабонаро аз маркази паҳни бемории каронавирус маънидод намуд.

Омори ахири гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ медиҳад, ки шурӯъ аз 30 апрел то 3 сентябр дар кишвар 8 ҳазору 690 ҳолати гирифторшавӣ ба COVID-19 сабт гардида аз ин шумор 86, 1 % ё худ 7 ҳазору 482 нафар то имрӯз шифо ёфтаанд. Ба иттилоъи ин Вазорат бар асари ин беморӣ 69 нафар фавтидаанд.

422
День 28 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

15
(Таҷдидшуда 19:44 27.09.2020)
Рӯзи бисту ҳаштуми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии баҳр мебошад. Ҳамчунин Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ низ 28 сентябр ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 28 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1950 Индонезия ба ҳайати СММ шомил шуд.

Соли 1960 дар Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ фармондеҳии ягонаи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ таъсис дода шуд.

Соли 1992 аввалин маротиба маъракаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русияоғоз гардид.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба тақсимот ва муайянкунии сарҳади давлатӣ ба кори худ оғоз кард, ки то 5 октябр давом ёфт.

День 26 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон форуми тиҷоратӣ баргузор гардид.

Соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ"-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эмомалӣ Раҳмон  дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи "Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим" суханронӣ карда буданд.

Соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ифтихори 25 – солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ байни ду давлат барномаи фарҳангии «Шоми дӯстии Тоҷикистону Корея» баргузор гардид.

Соли 2017 Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии баҳр.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ.
  • Дар Русия – Рӯзи кормандони саноати атомӣ.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1898-1940) Ходими давлатӣ Сурен Шадунс.

Соли 1951 Риёзидон  Сайфулло Бобоев.

Соли 1954 доктори илмҳои таърих, профессор Музаффар Олимов.

Соли 1957 Ходими намоёни давлатӣ Муҳаммад Шарифов.

15
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Мужчина в защитной маске

Омори коронавирус дар Тоҷикистон: 45 нафар шифо ёфтанду 41 тани дигар бемор шуданд

396
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори як рӯзи ахир аз фавту шифоёбӣ ва мубталошавии сокинон ба коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 41 ҳолати ҷадиди сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 93 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Вазорат теъдоди умумии гирифторони маризии коронавирусро ба 9 646 нафар арзёбӣ кард.

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Ҳамзамон, то санаи  27 сентябр дар мамлакат  8430 ё 87, 4 дарсади беморон аз COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 75 нафар фавтидаанд.

Зимнан, Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

396
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон