Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

Дар Тоҷикистон 11 генерал зиёд шуд: Раҳмон ба низомиён мукофоту рутбаҳои ҳарбӣ супорид

2515
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супорид

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими имрӯзаи мукофотсупорӣ Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус, аз қабили генерал-полковники адлия, генерал-лейтенанти гвардия, генерал - майор, генерал-майори адлия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи III, генерал-майори милитсия, генерал - майори хадамоти гумрук ва ордену медалҳои Исмоили Сомонӣ дараҷаи III, Спитамен дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Тоҷикистон тақдим кард.

Гуфта шудааст, ки бо Фармони Президенти кишвар ба 13 нафар, аз ҷумла ба 1 нафар рутбаи махсуси генерал-полковники адлия, 1 нафар генерал-лейтенанти гвардия,4 нафар  генерал - майор, 1 нафар генерал-майори адлия, 2 нафар рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи III, 1 нафар генерал-майори милитсия, 3 нафар генерал - майори хадамоти гумрук супорида шуд.

Ҳамзамон бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ як гуруҳ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо ордену медал ва ифтихорномаи Тоҷикистон сарфароз карда шуданд.

“Аз ҷумла, 1 нафар бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи II, 18 нафар бо медали Ҷасорат, 25 нафар бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон ва 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ бори дигар хизмати намунавӣ ва саҳми арзандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозонро дар роҳи таъмини амнияту суботи давлату миллат, дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ махсус таъкид намуд.

Дар охир Президенти изҳор доштааст, ки мукофотҳои олии Ватан, ки имрӯз супорида шуд, масъулияти хизматчиёни ҳарбиро бамаротиб зиёд мегардонанд.

2515
Барчаспҳо:
ҳарбӣ, Раисҷумҳур, генерал, рутба, мукофот, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
День 25 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

4
(Таҷдидшуда 18:08 24.09.2020)
Рӯзи 25 сентябр, дар Мозамбик – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ, дар Фаронса –Рӯзи миллӣ ва дар ИМА – Рӯзи миллии масхарабозон таҷлил мешавад

Рӯзи 25 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1493 Христофор Колумб ба сайёҳат ба сӯи Амрико баромад.

Мореплаватель Христофор Колумб (1446-1506) - испанский мореплаватель
© Sputnik / Лев Иванов
Мореплаватель Христофор Колумб (1446-1506) - испанский мореплаватель

Соли 1818 табиби англис Ҷеймс Бланделл аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон амалиёти хунгузарониро аз як нафар ба нафари дигар доир кард.

День 24 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1939 дар Олмон барои фурӯши нон ва орд меъёр муайян карда шуд.

Соли 1991 ИМА қарор дар бораи манъи интиқоли аслиҳа ба Югославияро маъқул донист.

Соли 1996 дар Русия аввалин нашриёти мусиқавии “СОЮЗ” рӯнамоӣ шуд.

Соли 2017  ТАСС хабар дод, ки дастаи Тоҷикистон ғолиби аввалин Чемпионати ғайрирасмии ҷаҳон оид ба футбол миёни дастаҳои сафоратҳо дар шаҳри Москва гардид.

Рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006  дар шаҳри Душанбе ба муносибати 10- солагии таъсиси Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.

День 22 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2008 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти махсуси сатҳи олӣ дар мавзӯи «Об ва беҳдошти санитарӣ барои ҳамагон» суханронӣ карданд.

Соли 2008 дар ИМА Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии ЮНЕСКО,  Шоҳзодаи Нидерланд  ва муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка мулоқот анҷом доданд.

Соли 2012 дар ноҳияи Данғара Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ифтитоҳ гардид.

Соли 2013 дар маркази маъмурии ноҳияи Рашт муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр

  • Дар Мозамбик – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
  • Дар Франсия –Рӯзи миллӣ.
  • Дар ИМА – Рӯзи миллии масхарабозон.

Рӯзи 25 сентябр кӣ ба дунё омадааст

Соли 1897 — Уилям Фолкнер, нависандаи амрикоӣ, ҷоизадори Нобел.

Соли 1906 — Дмитрий Шостакович, композитор, педагог, ҳунарманди халқии ИҶШС.
Соли 1920 — Сергей Бондарчук, ҳунарманд, коргардон, педагог, ҳунарманди халқии ИҶШС.

С. Бондарчук и В. Тихонов в фильме Они сражались за Родину
© Sputnik / В. Ковальский
С. Бондарчук и В. Тихонов в фильме "Они сражались за Родину"

Соли 1935 — Георгий Фалковский, кардиохирурги русиягӣ ва советӣ.

Соли 1937 — Александр Чибисов, физики советӣ.

Соли 1938 — Лидия Федосеева-Шукшина, ҳунарманди театр ва кино, ҳунарманди халқии ИҶШС.

Соли 1944 — Майкл Дуглас, ҳунарманди амрикоӣ, продюсер, ҷоизадори "Оскар".

Соли 1969 — Кэтрин Зета-Джонс, ҳунарпешаи амрикоӣ ва бритонӣ дорандаи ҷоизаи "Оскар".

Рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1951 — Неъматулло Худойбахш, нависанда.

Соли 1952 — Абдусамад Дустов, доктори илмҳои тиб. 

Соли 1956 — Давлатали Холов, олим.

4
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Паспотр РФ, архивное фото

Хонавайронӣ ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русия

417
Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 71 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин теъдод нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат кам аст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Соҷида Нуридинзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид кардааст, ки  гарчанде ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо имсол камтар ба қайд гирифта шудааст, ин вазъ нигаронкуннад аст.

Вай афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аризаҳое, ки барои ҷудо кардани оилаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ба бахши САҲШ-и ноҳия ворид шуданд хело зиёд аст.

Соҷида Нуридинзода қайд кардааст, ки аз теъдоди ҷудошавии оилаҳо танҳо 7 ҳолаташ бо аризаи тарафҳо  ва 64 ҳолати дигар бо ҳалномаи суд бекор шудаанд.

Ин шахси масъул, омили ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳияи Хуросон гирифтани шаҳрвандии Русия арзёбӣ кард.

“Ҳангоми суҳбату вохуриҳо бо оилаҳое, ки ақди никоҳи худро бекор карданд маълум гашт, онҳо зиндагии муштарак доранд, аммо ба хотири шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст овардан, ақди никоҳашонро бекор кардаанду маълумотномиа муҷаррад буданро мегиранд”, - таъкид дошт Соҷида Нуридинзод.

Ҳамчунин вай сабиб бекор шудани 7 оилаи дигарро, ки бо розигии тарафҳо ҷудо шудаанд, бефарзандӣ арзёбӣ кард.

417
Барчаспҳо:
бекор кардан, никоҳ, оила, ҷудошавӣ, шаҳрвандии Русия, Русия, Тоҷикистон