Вид города Душанбе

Тирамоҳи гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

340
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар шаҳри Душанбе 33+35 дараҷаро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва  дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.

Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона -1+4 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр  ва тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10  ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16  ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 12+17 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 13+15 ва  рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

340
Барчаспҳо:
шамол, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото

Қатъи ваколати Бахтовар Сафарзода дар парлумон: вазифаи нав гирифт

88
Ваколати Бахтовар Сафарзода, раҳбари Гурӯҳи Ҳизби халқи демократ дар палатаи поёнии порлумони кишвар қабл аз муҳлат қатъ карда шуд

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар ин бора аз дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гуфтанд, ваколати Бахтовар Сафарзода, имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатӣ қатъ карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, ваколати Сафарзода бинобар таъйин шуданаш  ба вазифаи намояндаи комилҳуқуқи порлумони Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қатъ шуд.

Бахтовар Сафарзода номзади Ҳизби  халқии демократии Тоҷикистон ду маротиба, тайи солҳои 2015 ва 2020 вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи вахш интихоб гаштааст.

Номбурда доктори ҳуқуқ буда,  дар гузашта мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм буд.

Ӯ узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон буда сар аз 7 апрели соли 2015 ба сифати гурӯҳи вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

 

88
Эмомали Рахмон встретился с Абдулазизом Кодировым , ветераном ВОВ

"Гила" - и сокини 101 - солаи Шаҳринав аз Эмомалӣ Раҳмон - навор

849
(Таҷдидшуда 15:05 01.10.2020)
Абдулазиз Қодиров, собиқабодори меҳнат, иштирокчии 2 ҷанг, ҳангоми ташриф овардани кишвардори Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳринав назди ӯ баромад намуда, дар фарҷоми суханронияш гуфт, ки аз сарвари давлат гила дорад

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав низ бо фаъолони ин минтақа мулоқот баргузор намуд.

Барои хушомадгӯии кишвардор ба ноҳияи мазкур, назди баландгӯяк сокини 101 - солаи Шаҳринав, Абдулазиз Қодиров омада, баромад намуд, ки саҳнаи суханронии ӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Мӯйсафеди нуронӣ аз иштирок кардани худ дар ду ҷанг ёдовар шуда, гуфт талхӣ ва ширинии ин дунёро бисёр чашидаст.

 Қодиров аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки солҳои охир симои Тоҷикистон бо суръати тез замонавӣ ва бисёр зебо гашта истодаст. Дар пешрафти давлати тоҷикон, номбурда саҳми кишвардор - Эмомалӣ Раҳмонро таъкид карда, барои заҳмати шабонарӯзӣ ба сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.

Рӯймол зеби модарони тоҷик аст: тавсифи Раҳмон аз рӯймолбандии зани кӯлобӣ - навор

Зимнан, Қодиров дар фарҷоми суханаш, пас аз дуои падарона додан ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки аз Президент гиламанд ҳам аст.

Ин ҳарфи мӯйсафед ҳамаро то як андоза ҳайратзада кард. Аммо гилаи Қодиров аз Раҳмон ин будаст, ки Президент ба ин ноҳия кам ташриф меовардаст.

Собиқадори меҳнат аз Президенти Тоҷикистон даъват намуд, ки ба ноҳияи Шаҳринав зуд - зуд сафар кунанд, "зеро ташрифи  кишвардор ба ноҳия фаровониро меорад", - мегӯяд Абдулазизи 101 - сола.

849
Барчаспҳо:
Шаҳринав, Эмомали Раҳмон