Зажжение газовой конфорки, архивное фото

Баъди даҳ сол дар Суғд “бӯи” газ меояд

438
(Таҷдидшуда 15:48 08.09.2020)
Бо гузашти даҳ сол аз қатъи интиқоли гази табиӣ, қарор аст то ду моҳи оянда коргоҳҳо, воситаҳои нақлиёт ва хонаҳои сокинони Суғд бо ин манбаъи гармидиҳӣ таъмин карда шавад

ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Масъулони ширкати “Сомон Суғд - газ” бо нашри ин хабар гуфтаанд, ки раванди таъмири шоҳқурҳои газинтиқолдиҳанда дар шаҳру навоҳии Суғд оғоз шудааст ва дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ ба коргоҳҳои саноатӣ ва манзили сокинон гази табиӣ интиқол ёбад.

“Корҳои таъмир ва таҷдидкунии қурбурҳои газгузар дар шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад, аз ин лиҳоз аз ҳамаи сокинон даъват карда мешавад, ки дар ҳолати ҳис кардани бӯи газ ба рақами 04 хабар диҳанд”, -  гуфтаанд масъулини ширкат.

Гази таббии ба Тоҷикистон аз ҷониби кишвари Ӯзбекистон интиқол дода мешуд, онро ҳамчун маводи сӯхт дар воситаи нақлиёт, коргоҳҳои саноатӣ ва хонаҳо ба таври фаровон истифода мебурданд.

Вале аз соли 2010 ба ин тараф фурӯши гази табииро ширкати “Узтрансгаз” и Ӯзбекистон ба Тоҷикистон қатъ намуда буд. Он замон сабаби қатъи фурӯши гази табиӣ ба саривақт пардохт нашудани гази истифодашуда ва сарфаи аз ҳад зиёди газ дар шоҳқубурҳои шаҳр дода мешуд.

Бо гузашти солҳо ин масъала миёни ширкатҳои “Узтрансгаз” ва “Тоҷиктрансгаз” бе баррасӣ монд ва сокинон ҳам аз интиқоли дубораи газ ноумед шуда, баъзеҳо қубурҳои газгузари манзилҳояшонро канданд. Ҳоло бо гузашти даҳ сол ширкати “Сомон Суғд-газ” барои дубора интиқол додани гази табиӣ ба шаҳру навоҳии Суғд корро шурӯъ намудааст.

Масъулони ин ширкат изҳор намудаанд, ки давоми ин солҳо 85 % и қубурҳои газгузар дар шаҳру ноҳияҳои Суғд корношоям шудаанд ва онҳо корро аз таъмири ҳамин қубурҳо оғоз намудаанд.

“То охири сол ҳамаи қубурҳо ба кор омода карда шуда, қарор аст сар аз соли 2021 сокинон бо гази табииӣ таъмин карда шаванд”, - гуфтааст, Абдулҳаким Сӯфиев, директори “Сомон Суғд-газ”.

Бо гузашти даҳ сол аз қатъи интиқоли гази табиӣ, қарор аст то ду моҳи оянда коргоҳҳо, воситаҳои нақлиёт ва хонаҳои сокинони Суғд бо ин манбаъи гармидиҳӣ таъмин карда шавад.

Расулзода: қатъи воридоти гази моеъ сабаби болоравии нархи маводи ғизоӣ мешавад

Ин корхона чанд соли пеш аз ҷониби ҶСП “Сомон Суғд” хусусӣ карда шуда, ба “Сомон Суғд -газ” табдил ёфт.

438
Национальный банк Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро варшикаста эълом нахоҳад кард

102
(Таҷдидшуда 13:52 20.09.2020)
Бонки Миллии Тоҷикистон бо нашри баёнияе эълом кард, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро варшикаста эълом нахоҳад кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.  Дар баёнияи Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки бо вуҷуди дархости муқаррари сандуқи байналмилалии пул барои варшикаста эълом кардани бонкҳои “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” то замони тасвияи ҳисоби ин ду ниҳоди молявӣ бо муштарён аз ин иқдом  худдорӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон дар истинод ба сомонаи Топ Ти Ҷи.

Бояд гуфт, ки чанде пеш сандуқи байналмилалии пул дар тозатарин арзёбии хеш аз авзоъи иқтисодии Тоҷикистон, бори дигар лағви муҷаввизи ду бонки бузурги Тоҷикистонро хостор шуд.

Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистони гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир  бадеҳии Бонки “Агроинвестбонк” ба муштарён 750 миллион сомонӣ аст ва амволу сохтмонҳои идории ин ниҳод ва “Тоҷиксодиротбонк” низ ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Илҳом  Шарифӣ иқтисоддони тоҷик таъкид доштааст, ки варшикаста эълом кардани ин ду бонк ба нафъи ҳукумати Тоҷикистон нест, зеро бахше аз саҳҳоми молии ин ду бонки буҳронзада давлатӣ асту бар асоси муқаррароти ҳукумати Тоҷикистон дар пайи эъломи варшикастагии ин ду ниҳоди молӣ маҷбур аст, ки бадеҳии муштарёнро тасвия кунад, аммо чунин маблағро дар ихтиёр надорад.

102
Барчаспҳо:
Бонки миллӣ, Агроинвестбонк, Тоҷиксодиротбонк, бонк, Тоҷикистон
Сборщицы хлопка

Дар Суғд мусобиқаҳои меҳнатии маъракаи пахтачинӣ 1 октябр ҷамъбаст мегардад

22
(Таҷдидшуда 12:31 20.09.2020)
Мақомоти вилояти Суғд эълон кардааст, ки ҷамъбасти мусобиқаҳои меҳнатии давраи аввали маъракаи пахтачинӣ 1 октябри соли равон сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар вилоят бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоят бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳалли масъалаҳои маъракаи пахтачинӣ Ситоди махсуси вилоятии “Ҳосил-2020” фаъолият мекунад.

Сбор урожая хлопка в Турсунзаде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ҳамзамон, тибқи нақшаи Ситоди вилоятии “Ҳосил-2020”, ҷамъбасти мусобиқаҳои меҳнатии давраи аввали маъракаи пахтачинӣ 1 октябр сурат мегирад.

“Давраҳои минбаъдаи он ҳар 20-рӯза ҷамъбаст ва ба шарафи ғолибон дар маркази вилоят парчами шараф барафрохта мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.

Инчунин, ба ҳайати ситоди вилоятӣ масъулини ниҳодҳои марбута шомил буда,​ раисони ноҳияҳои пахтакор вазифадор гардидаанд, ки барои ғунучини беталафи ҳосил тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Қайд карда шудааст, ҳамчунин миёни ноҳияҳои пахтакор ва хоҷагиҳои кишоварзӣ мусобиқаҳои меҳнатӣ ташкил карда шаванд.

22
Барчаспҳо:
Суғд, мусобиқа, пахтачинӣ, пахта, Тоҷикистон