Окрестности города Душанбе с высоты

Борон намеборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

106
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр  ва тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то +33 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва  дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.    Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 9+14 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр  ва дар баъзе ноҳияҳо  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва рӯзона 19+24  дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15  ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+14 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 26 +31 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 11+13  ва  рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.

106
Барчаспҳо:
шамол, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон
Раскопки Саразма в пригороде Пенджикента

"Ҳунари Суғди Бостон": тарҷумаи асари Борис Маршак ба тоҷикӣ

2
(Таҷдидшуда 15:39 20.09.2020)
Муаллифи тарҷума доктори илми филологӣ Олими Хоҷамурод ва муҳаррири масъул доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ мебошанд. Ба китоб номзади илми филология Павел Лурйе тақриз навиштааст

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Асари "Исскуства Согда"-и шарқшинос Борис Маршакро ба тоҷикӣ тарҷума мекунанд, гузориш медиҳад "Ховар".

Манбаъ менависад, асари бостоншинос ва шарқшиноси маъруфи рус Борис Маршак, ки  як навъ таҳқиқоти ҷамъбастӣ доир ба олами пурасрори ҳунари сарзамини Суғди бостонӣ маҳсуб мешавад, таҳти унвони “Ҳунари Суғди Бостон” ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ ба тоҷикӣ баргардон ва чоп шуд.

Муаллифи тарҷума доктори илми филологӣ Олими Хоҷамурод ва муҳаррири масъул доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ мебошанд. Ба китоб номзади илми филология Павел Лурйе тақриз навиштааст. Китоб дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Мутарҷим дар ёддошти худ чунин нигоштааст:

“Рисолаи мазкури бостоншинос аз охирин таълифоти эшон ба шумор меравад. Б. Маршак аз соли 1954 – то вопасин лаҳазоти зиндагияш дар пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент ба ҳафриёти ин шаҳри қадимии Осиёи Марказӣ машғул буда, тибқи васияташ дар канори ин шаҳри қадима ба хок супорида шудааст”.

Зиндаёд Борис Маршак ҳамчун бостоншиноси варзида баъд аз вафоти устодаш А. Беленитский аз соли 1978 роҳбарии Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакентро ба уҳда дошт ва аз соли 1958 дар шуъбаи Шарқи Эрмитажи давлатии Санкт – Петербург ба ҳайси мудири бахши Осиёи Миёна ва Қафқоз фаъолият дошт.

Ба поси хотири ин донишманди барҷастаи таърихи ҳунари Шарқ, ба вижа Суғди бостон  Эрмитажи давлатии Санкт – Петербурги Русия матни рисолаи мазкурро бидуни тағйир дар таҳрири худи муаллиф  зери унвони "Искусство Согда" соли 2009 дар шакли китоби мусаввари ранга ва дар коғази хеле олӣ ба зевари табъ даровард.

Чаро Президент дар Суғд ба хонаи як сокин рафт ва ба соҳибонаш офарин хонд?

Матни тарҷумаи тоҷикие, ки ба хонандагони пешниҳод мегардад, дар асоси ҳамин нашр баргардон шудааст. Дар ҷараёни тарҷумаи матн мураттибон кӯшиш намудаанд, ки услуби нигориши матни аслӣ риоя карда шавад, зеро чуноне ки дар шарҳи нашри русии он зикр гардидааст, он ҷо низ мураттибон қарор додаанд, ки матни ин рисолаи хеле ҳам пурарзиш чун рамзи эҳтироми хотира маҳз дар таҳрири худи муаллиф ва бидуни иловаҳо ба чоп расонида шавад.

2
Эмблема Центральной комиссии по выборам и референдумам  Республики Таджикистан

Номзадҳо барои интихоботи президентӣ чӣ қадар маблағ масраф хоҳанд кард?

56
(Таҷдидшуда 14:36 20.09.2020)
Барномаи таблиғоти барномаҳои интихоботии номзадҳои раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле оғоз шудааст, ки масъулон дар бораи ҳазинаи молии аҳзоби сиёсӣ дар ин марҳала камтар изҳори назар мекунанд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.Танҳо намояндагони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои таблиғоти барномаи интихоботии Меъроҷ Абдуллоев раис ва номзади ин ҳизб 40 ҳазор сомонӣ ҳазина хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ,ҳизби кишоварзии Тоҷикистон барои барномаи таблиғотии Рустам Латифзода раис ва номзади ин ҳизб 15 ҳазор адад шиорнавишта ва варақҳои таблиғотӣ мунташир кардааст ва нашрияи ин ҳизб низ бо шуморагони 40 ҳазор нусха мунташир хоҳад шуд.

Рустам Раҳматзода, раис ва номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон гуфтааст, ки барои таблиғот ба қадри кофӣ манобеи молӣ дар ихтиёр дорад.

Номзадҳо ҳамчунин аз 40 дақиқа замоне, ки телевизиони давлатии Тоҷикистон барои муаррифии барномаҳои интихоботии онон ихтисос додааст, истифода хоҳанд кард.

Аз сӯи дигар ба ғайр аз ҳизби халқии демократӣ бақияи аҳзоби сиёсӣ дар ин кишвар сомонаи интернетӣ надоранд.

Ҳамчунин густариши вируси куруно дидори мустақими номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум ва тавзеҳи барномаҳои интихоботии номзадҳоро ба шиддат маҳдуд кардааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ёздаҳуми октябр баргузор мешавад.

56
Барчаспҳо:
Аҳзоби сиёсӣ, ҳазина, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон
Портрет лидера ИГ* Абу Бакра аль-Багдади сжигают во время демонстрации в Индии

Дар Ироқ яке аз саркадаҳои ДОИШ боздошт шуд

0
(Таҷдидшуда 16:30 20.09.2020)
Роҳбари боздоштшудаи ДОИШ дар Бағдод чанд ҳамла омода мекард ва ин дафъа мехост дар раҳпаймоии солонаи ёдбудии шиаҳо ҳамла кунад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Телевизиони Al-Sumaria дар Ироқ дар истинод ба манобеи амниятӣ гузориш медиҳад, ки дар Бағдод яке аз роҳбарони гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" боздошт шуд.

Бино бар иттилои расмӣ, низомиёни ироқӣ яке аз саркардаҳои ДОИШ-ро камин гирифтанд.

Муайян шудааст, ки ҷангӣ мехост дар маросими Арабин - маросими солонаи ёдбуди шиаҳо дар чаҳорумин рӯзи азодории Ашӯро ҳамла оварад.

Охирҳои соли 2017 Бағдод эълом кард, ки ба ДОИШ пирӯз шудааст. Аммо артиши Ироқ бо дастгирии Эътилофи зиддитеррористии байналмилалии ва воҳидҳои мардумии низомӣ амалиёти бозҷӯии доишиёнро дар навоҳии алоҳида идома медиҳад.

Афғонистон аз кушта шудани як раҳбари дигари ДОИШ хабар дод

Ёдрас мешавем, моҳи январи соли 2020 Раёсати мубориза бо терроризми Ироқ эълон кард, ки яке аз саркардаҳои ДОИШ-ро дар Фаллуҷа дастгир кард.

0