Рустам Эмомали председатель города Душанбе

Баҳси таҷовузи кӯдаки сесола дар ҷаласаи Рустами Эмомалӣ. Ӯ хост, ҷазоҳо сангинтар шаванд

6719
(Таҷдидшуда 14:52 11.09.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, бо иштироки раиси Суди Олии Тоҷикистон Шоҳиён Шермаҳмад, додситони кул, Раҳмон Юсуф ва роҳбарони дигар сохторҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуда, аз ҷумла ҳодисаҳои таҷовузи кӯдаконро ба миён гузоштааст

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Зимни  ҷаласа дар қатори дигар масъалаҳо санҷиши муроҷиати хешовандони духтари сесолаи таҷовузшуда аз шаҳри Турсунзода ва дигар ҳодисаҳои ба ин монанд, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, боиси ба вуҷуд омадани сару садоҳои зиёд доир ба ин масъала гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар дод котиботи Маҷлиси миллӣ.

Таҷовуз ва қатли кӯдаки гадо дар истгоҳ дар наздикии Душанбе-видео

Ба иттилои манбаъ, Юсуф Раҳмон гузориш дод, ки вобаста ба ҳодисаи дар шаҳри Турсунзода содиршуда, шахсони гумонбар дастгир гардида, айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Рустами Эмомалӣ аз Раҳмон хост, сабабҳоро муайян кунанд

Котибот афзуд, ки Рустами Эмомалӣ пас аз гузориши масъулин, ба онҳо, аз ҷумла ба Прокурори генералии  Тоҷикистон супориш дод, ки таҷрибаи тафтишотӣ-судии парвандаҳои ҷиноятиро ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият, ахлоқ, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбат ба хурдсолон ва ноболиғон, ки дар моддаҳои 138-142 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, мавриди таҳлил қарор дода шаванд.

Таъкид шудааст, ки сабабу омилҳои содиршавии чунин ҷиноятҳоро муайян намуда, ҷиҳати дар оянда пешгирӣ намудани содиршавии онҳо якҷо бо дигар мақомоти дахлдор чораҳои қатъӣ андешанд.

"Зеро содиршавии чунин амалҳои нангин ва барои мардуми мо бегона, ки хусусан, нисбат ба хурдсолону ноболиғон бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зеҳнии онҳо содир карда мешаванд, номи неки миллат ва ҷомеаи моро доғдор месозанд ва ба саломатии насли наврас таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз зиндагӣ ноумед мегардонанд", - афзуд манбаъ аз қавли Рустами Эмомалӣ.

Дастури Рустами Эмомалӣ барои пурзӯр кардани ҷазои таҷовузкорон

Раиси Маҷлиси Миллӣ, ба роҳбарону шахсони масъул дастур дод, ки вобаста ба пешгирии чунин ҳодисаҳо ба корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ тақвият бахшида, бо мақсади минбаъд пешгирӣ намудани чунин кирдорҳои нангин меъёрҳои қонунгузорӣ, пеш аз ҳама, моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа такмил дода шаванд ва нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин ҷиноятҳо ҷазои ҷиноятӣ пурзӯр карда шавад.

6719
Барчаспҳо:
таҷовузи ҷинсӣ, Тоҷикистон
Флаг Ирана

Эрон аз мубодилаи маҳкумони эронӣ ва тоҷикистонӣ хабар дод

96
(Таҷдидшуда 19:14 26.09.2020)
Мақомоти Эрон аз мубодилаи ду маҳкуми эронӣ ва тоҷикистонӣ ва интиқоли яке аз маҳкумони эронӣ аз Қазоқистон ба кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Маҳмуди Аббосӣ, муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарӣ ва раиси Кумитаи интиқоли маҳкумони Эрон,  иттиҳоми ин афродро қочоқи маводи мухаддир унвон кард ва ба афроде, ки ба кишварҳои Осиёи Миёна ва минтақаи Қафқоз сафар мекунанд ҳушдор дод, муҷозотҳои сангине дар қиболи иртикоби ҷурм бавижа қочоқи маводи мухаддир ва маводи равонгардон дар интизори онҳо аст, иттилоъ додааст ИРНА.

Оқои Аббосӣафзудааст, ки интиқоли маҳкумон илова бар инки тобеи иродаи сиёсии кишварҳо аст ва ҳазинаи сангине бар байтулмол таҳмил мекунад, инъиқоди мувофиқатномаи маҳкумон илзоман ба маънеи интиқол нест ва ин мавзу ба иродаи сиёсии кишварҳо бар мегардад, бинобар ин таъкиди мо бар худдорӣ аз иртикоби ҷурм аз ноҳияи афрод ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм тавассути дастгоҳҳои масъул аст.

Раиси кумитаи интиқоли маҳкумон изҳор дошт, ҳамкории хубе байни вазорати додгустарӣ ва муовинати умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон шакл гирифта ва бояд аз руйкарди ҳамаҷонибаи муовини умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон ташаккур ва қадрдонӣ кунем, ки зимни мувофиқат бо ташкили кори гуруҳи пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм дар Кумитаи ҳуқуқӣ ва қазоии ҳимоят аз эрониёни хориҷ аз кишвар, заминаи муносибе барои пардохтан ба ин мабоҳис дар қиболи эрониёни хориҷ аз кишвар фароҳам карданд.

96
Барчаспҳо:
табибони эронӣ, тоҷикистонӣ, мубодила, маҳбус, интиқол, маҳкум, Эрон, Тоҷикистон
Футболист на поле, архивное фото

Пирӯзии “Навбаҳор” бар “Равшан” и Кӯлоб: ҳисоби бозӣ 5:0

120
(Таҷдидшуда 01:39 27.09.2020)
Бозии даври чаҳоруми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни ҷавондухтарон U-17 бо пирӯзии “Навбаҳор” и ноҳияи Мастчоҳ бар “Равшан” и шаҳри Кӯлоб ба охир расид. Дар ин бозӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Тавре Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, дар доираи даври чаҳоруми чемпионати футбол инчунин бозӣ миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Мактаби махсуси футбол, чавгон ва асп” ё “ММФЧВА” и Суғд доир шуда, бо ҳисоби 3: 2 бо ғалабаи мизбонон тамом шудааст.

Бино ба иттилоъи манбаъ дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон шаш даста ба ҳисоби “Навбаҳор” у “Равшан” ва “ММФЧВА” у “Хатлон” барои ба даст овардани Ҷом рақобат мекунанд.

Қарор аст, дар доираи давраи панҷуми бозиҳо “Навбаҳор” дар сафар бо дастаи “Ҳосилот” и Фархор бозӣ анҷом диҳанд.

 “Ҳоло дастаи “Хатлон” дар ҷои аввал ва дастаи “ММФЧВА” дар ҷои дуюм қарор дорад”, - гуфт Юнусов.

Соли гузашта дастаи “ММФЧВА” чемпион шуда буд. Зимнан соли сеюм аст, ки чемпионати футбол миёни бонувон мунтазам доир мегардад.

 Баъзеҳо аз баргузории футболи занона интиқод мекунанд, аммо бисёриҳо бо муҳимияти тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии ин намуди варзиш миёни бонувонро тасмими саривақтӣ медонанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии чемпионати футбол миёни бонувонро роҳандозӣ намуда, аз сӯи ин ниҳод сафархарҷ, туб ва либоси варзишии дастаҳо таъмин карда мешавад.

120
Барчаспҳо:
Кӯлоб, пирӯзӣ, Мастчоҳ, Футбол, Суғд, Тоҷикистон