Эмомали Рахмон принял участие в празднике мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области

Президент дар меҳмонӣ: ба ҳунари кадбонугии бонувон офарин хонд

260
(Таҷдидшуда 20:01 12.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон ҳини чанд сафари ахираш ба шаҳру навоҳии минтақаҳои гуногун ба хонаи сокинон ташриф меоварад ва бештар вақт аз тарзи истифодаи замини наздиҳавлигӣ дидан менамояд

ДУШАНБЕ, 12 сен - Sputnik.  Дар шаҳри Панҷакент президент Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо ташриф овардааст.

Тавре дафтари матбуоти кишвардор менависад, масоҳати замини дар ихтиёрдоштаи бародарон Воисовҳо 1000 метри мураббаъро ташкил дода, 10 садякаш қитъаи зироаткории ин оиларо ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, хоҷагидорон  ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, анвои гуногуни зироати кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, сабзӣ, картошкаву пиёз, шалғам, турб, карам, қаламфури булғорӣ, маккаи дон, лӯбиёгӣ ва дигар зироати кишоварзӣ кишт намудаанд.

"Дар самти боғдорӣ низ дар хоҷагии Воисовҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, 6 навъи дарахтони мевадиҳанда асоси боғи наздиҳавлигии онҳоро ташкил медиҳад", - менависад манбаъ.

Қобили зикр аст, ки бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо ҳамасола аз ҳамин замини наздиҳавлигӣ 2 ҳосил гирифта, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти оила, ҳамзамон анвои гуногуни маҳсулотро низ ба фурӯш мебароранд.

Имcол ин деҳқонони асил майдони кишти картошкаро 2 баробар зиёд намуда, ҳосили хуб ба даст оварданд. Ҳоло баъди гирифтани ҳосили якум бародарон кишти дуюми зироатро ба роҳ мондаанд, ки нашъунамои хуб дорад.

Манбаъ афзудааст, дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат ҳамчунин аз намоиши маҳсули заҳмати бародарон ва захираи маводи озуқаи ин оила дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола бонувони хонаводаи Воисовҳо аз ҳосили замини наздиҳавлигии худ ва боғоти он маҷмӯи гуногуни хӯрданиҳо, аз ҷумла мураббо, шарбати мева ва намудҳои гуногуни хӯришҳо захира менамоянд. Захираи картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ ва дигар намуди лӯбиёгиҳо низ маҳз аз ҳамин замин аст.

"Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳорати кадбонугии бонувони хонавода ҷиҳати омода намудани таомҳои миллӣ баҳои баланд доданд. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ҷиҳати дастгирии сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти истифодаи самараноки замин ба бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо туҳфаҳо тақдим карда шуд", - менависад котиботи раисҷумҳур.

Мавриди зикр аст, ки дар деҳоте, ки бародарон Воисовҳо ба сар мебаранд, беш аз 34 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ карда, ҳамаи онҳо тавассути самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамасола то 2 ҳосил ба даст меоранд.

260
Паспотр РФ, архивное фото

Хонавайронӣ ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русия

381
Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 71 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин теъдод нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат кам аст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Соҷида Нуридинзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид кардааст, ки  гарчанде ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо имсол камтар ба қайд гирифта шудааст, ин вазъ нигаронкуннад аст.

Вай афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аризаҳое, ки барои ҷудо кардани оилаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ба бахши САҲШ-и ноҳия ворид шуданд хело зиёд аст.

Соҷида Нуридинзода қайд кардааст, ки аз теъдоди ҷудошавии оилаҳо танҳо 7 ҳолаташ бо аризаи тарафҳо  ва 64 ҳолати дигар бо ҳалномаи суд бекор шудаанд.

Ин шахси масъул, омили ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳияи Хуросон гирифтани шаҳрвандии Русия арзёбӣ кард.

“Ҳангоми суҳбату вохуриҳо бо оилаҳое, ки ақди никоҳи худро бекор карданд маълум гашт, онҳо зиндагии муштарак доранд, аммо ба хотири шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст овардан, ақди никоҳашонро бекор кардаанду маълумотномиа муҷаррад буданро мегиранд”, - таъкид дошт Соҷида Нуридинзод.

Ҳамчунин вай сабиб бекор шудани 7 оилаи дигарро, ки бо розигии тарафҳо ҷудо шудаанд, бефарзандӣ арзёбӣ кард.

381
Барчаспҳо:
бекор кардан, никоҳ, оила, ҷудошавӣ, шаҳрвандии Русия, Русия, Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ: боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии COVID-19 сабт шуд

182
(Таҷдидшуда 20:23 24.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 101 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9520  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  24 сентябр дар кишвар  8296  (87,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 74  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

182
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, вирус, маризӣ, гирифторон, омор, вируси корона, Тоҷикистон

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия